Ёде аз устоди камназири мусиқӣ30-12-2020, 17:00
Хабарро хонданд: 405 нафар
Назарҳо: 0
Дар таърихи санъати иҷроии мусиқии мардумию касбии садаи ХХ-и тоҷик сарояндагоне чун Артистони халқии СССР Ҳанифа Мвлонова, Аҳмад Бобоқулов, Ҷӯрабек Муродов, Лутфӣ Кабирова, Артистони халқии Тоҷикистон Барно Исҳоқова, Зафар Нозимов, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одина Ҳошимов ва дигарон рӯи саҳна омаданд, ки пешрафт, рангомезию пурвусъатии бадеияти санъати иҷроии моро на фақат дар фазои мусиқии кишвар, инчунин, берун аз он дар саҳнаҳои машҳури мамолики Шарқу Ѓарб, Аврупо бо маҳорату сабки хоси молоиҷроии хеш пуровоза намуданд. Устоди баноми санъати мусиқии мардумию класикӣ, касбии навин, барандаи Лауреати мукофоти давлатии Тоҷикистон ба Рӯдакӣ, Артисти халқии СССР, профессор Аҳмад Бобоқулов ( 1931-1990) дар таърихи мусиқии садаи ХХ тоҷик ҷойгоҳи хос дорад. Аҳмад Бобоқулов баробари донандаю сарояндаи мумтози мероси мусиқии мардумию устодона будан, инчунин, меросбару иҷрогари беҳтарину зубдаи мусиқии оҳангсозии касбии тоҷик ва аврупоию ҷаҳонист. Аҳмад Бобоқулов дар олами навоҳои ромишангезу синахурӯши танбӯр ва шоҳкории шеърию мусиқии «Шашмақом» ба камол расида, суннатҳои дерини эҷодию иҷроии мусиқии марказшаҳрҳои таърихии тоҷикон дар вуҷудаш ошёни устувор гузошта мебошад. Аз овони ҷавонӣ ӯ ба савту таронаҳои халқию классикии тоҷик иртиботи ногусастанӣ дошт ва орзуҳои ҳунариаш дар олами рангомези созу суруд ҳамҷӯру ҳамнаво буданд. Санъати иҷроии асилу устодона, аз ҷумла таронасароиро Аҳмад Бобоқулов намоди хушбахтию нишот ва фалсафаи рӯзгори бонизому зебоишиносии инсонӣ мепазируфт. Ин шеваи пазирандагию дилбастагии иҷроиро дар ӯ падари ҳунарвараш мутриби хушмирозу соҳибсабк, сароянда, оҳангсоз, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Бобоқул Файзулло (1897-1964) парваридааст. Танбӯрнавозию таронасароии падараш дили Аҳмадро ба шӯру шавқ меовард, муҳаббаташро ба мусиқӣ меафзуд. Навои форам ва овози дилнавози падари санъаткораш назди аҳли адабу ҳунар маъруфияти хос дошт. Дунёи рангини созу овоз ва меҳру муҳаббати нисбат ба мусиқӣ доштаи Аҳмад ӯро ба даргоҳи омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе(Сталинобод) ва сониянто ба донишгоҳи машҳури олии мусиқӣ – Консерваторияи Москва ба номи П.И. Чайковский (1949-1954 )бурд. Ӯ дар ин боргоҳи омузишии олии мусиқӣ сирру асрори санъати иҷроӣ, овозхонии классикӣ- касбиро(вокалии ҷаҳонӣ) таҳти сарварию раҳнамоии профессор В.Ф. Карин ва устодони дигари ин ҳунаристон фаро мегирад. Овози ӯ зотан тенори драматикии пурвусъат буда, дар санъати иҷроӣ, аз ҷумла театри мусиқии касбии тоҷик (санъати опера) қаринаи худро надорад. Баъди хатми ҳунаристони олии мусиқӣ Аҳмад Бобоқулов чун сароянда дар саҳнаи театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ солҳои 1954-1966 даҳҳо образ- партияҳо аз операҳои миллию ҷаҳонӣ бо сабки ба худ хоси иҷроӣ рӯи саҳнаи театри мусиқии тоҷик овардааст. Аз ҷумла ӯ дар иҷрои образҳои Бахтиёр ( С.Баласанян «Бахиёр ва Нисо»), Снодал (А. Рубинштейн «Демон»), Рустам ( Ш.Сайфиддинов «Пӯлод ва Гулрӯ»), Мадан( З.Шаҳидӣ «Комде ва Мадан»), Канио ( Р. Леонковалло «Масхарабозон»),Содиқ ( Ё.Сабзанов «Бозгашт»), Хуршед ( З. Шаҳидӣ «Духтаре аз Душанбе»),Замон (С.Урбах «Домоди хонда»), Каварадосси ( Ҷ, Пуччини «Тоска»), Рӯдакӣ( Ш. Сайфиддинов «Рӯдакӣ»), Водемон (П.Чайковский «Иоланта»), Айнӣ (Ш. Сайфиддинов «Айнӣ») ва ѓайра аз корҳои ҳунарию иҷроии касбӣ маҳсуб шуда, ин образҳо(партияҳои операвӣ) падидаҳои рангини ҳунарӣ дар таърихи театри мусиқии касбии солҳои 60-80-уми садаи ХХ тоҷик мебошанд. Аҳмад Бобоқулов дар таърихи санъати иҷроӣ чун сарояндаи беҳтарини меросии мусиқии мардумию калассикӣ, эҷодиёти мусиқии касбӣ- композитории тоҷику мамолики дигар буда , доир ба ин паҳлӯи фаъолияти - рангину пурбори иҷроии ӯ дар матбуоти даврии ҷумҳурӣ, бурун аз он мақолаву очеркҳои зиёд ба нашр расидаанд. Дар ин навишта танҳо як паҳлӯи хоси фаъолияти пурбору гуногуни иҷроии Аҳмад Бобоқулов кӯтоҳан тавзех мешавад. Маҳорати баланди Аҳмад Бобоқулов дар иҷрои суруду таронаҳои халқию классикии тоҷик хеле рангомез ва аз лиҳози танини овозӣ равшану пуртароват садо медиҳанд ва саршор аз ифодаҳои пурнафосати мусиқианд. Асарҳои мусиқие, ки дар иҷрою овози сароянда иҷро мешаванд аз лиҳози рангомезии ифодаҳои талқин,такятаркибҳои равшани савтӣ,дар навбати худ мусиқивору гӯшрас, тавони устувори лаҳнии иҷроӣ ҳамсон бо ифодаҳои тозаи санъати овозхонии ҳирфаӣ намоён мешаванд. Ин пурвусъатии шеваи хоси иҷроӣ ва пурнафосатии овоз на фақат дар иҷрои мероси мусиқии мардумию классикӣ таснифоти оҳангсозии миллӣ, инчунин дар иҷрои партияҳои операҳои миллию ҷаҳонӣ сафобахшу таъсирбахш садо медиҳанд. Ҳунар ва маҳорати иҷроии пурвусъати мусиқивори ӯ дар арияҳои Мадан, Содиқ, Рӯдакӣ, Айнӣ, Хуршед,Замон, Каварадосси, Жермон, Онегин, Риголето ва суруди Неаполетании “Ба Венетсия баргард” ва ѓайра иҷро шуда, ифодаҳои тоза ва саршор аз драматизми хоси овозхонии сароянда намоён шуда, мазмун, ғоя ва банду басти воқеаҳо рӯҳияи нави бадеӣ,инчунин таъсирмандиии мусиқӣ касб намудаанд. Арияҳои Мадан “Эй тор” ( З Шаҳидӣ “Комде ва Мадан”), Рӯдакӣ( Ш.Сайфиддинов “Рудакӣ”) ҳамсон ба зарбу авзон, сохтори оҳангии “Ушшоқ”), “Ѓарибон” (Ш.Сайфиддинов “Айнӣ”)ва ѓайра дар тарзи иҷрою овози пурвусъату мусиқивор ҳамнаво ба сохтори оҳангии мусиқии классикии тоҷик мебошанд (мақомҳо) дербоз аз хотири шунавандагон зудуда нашуда ва чун асарҳои хосаи концертии пур фасоҳату таъсирманд саршор аз ифодаҳои муассири талқинамоии мусиқивияти иҷроии Аҳмад Бобоқулов гувоҳӣ медиҳанд. Санъати иҷроию имконоти васеи овози таъсиргузор, пурвусъатии овоз, рангомезии хоси мусиқивор, дар ҷараёни иҷро падид омадани ифодаҳои пурвусъату пуррагии танини махсуси иҷроӣ доштани ин ё он асари мусиқӣ дар иҷрою талқини Аҳмад Бобоқулов ба хубӣ намоён мегарданд ва ин ифодаҳои муассири овозӣ моҳияти хоси таъсирмандию бадеияти мусиқӣ чун армуѓони ҳунарии хоси иҷрогар ба шунаванда эҳдо мешаванд. Ин рангомезию пурвусъатию мусиқивори иҷро, таъсирмандии асари иҷрошаванда дар сурудҳои мардумию классикӣ, таснифоти композиторони тоҷик Аҳмад Бобоқулов манзури дӯстдорони мусиқӣ намудааш ҳам басо равшан садо медиҳанд. Аз чумла сурудҳои мардумии “Чину чин”, “Ѓарибӣ”, “Акрамҷон”, “Чи лаб аст ин”, “Ҷонони ман аст ин”, силсилаи асарҳои аз шоҳкории шеърию мусиқии “Шашмақом” (“Дугоҳ”, “Чапандоз”, “Насруллоӣ”,”Ироқи Бухоро” “Ушшоқи калон” (Ушшоқи Ҳоҷӣ), ”Соқиномаи Ироқи Бухоро” ва ѓайра) намунаи басо иҷроии мусиқивору мондагор дар санъати иҷроии садаи ХХ –тоҷик буда ва то имрӯз дар ин поя қаринаи боҳунарона иҷроии худро надоранд. Дар талқини пурвусъати иҷроии басо боҳунаронаю хотирмони Аҳмад Бобоқулов таснифоти композиторони тоҷик З. Шаҳидӣ”Хонаи мо”(шеъри устод М. Турсунзода), Ш.Сайфиддинов ”Республикаи ман” (шеъри Б. Раҳимзода, М. Фарҳат), Ш.Соҳибов “Ҳар бод...”, “Шод зӣ”( ѓазалҳои устод Рӯдакӣ), Ф.Шаҳобов “Интизорӣ”, Д. Дӯстмуҳаммадов “Мавҷигул”, А.Бобоев “Чашми сиёҳ”, суруди такмилишудаи ”Дилбари ҷонони ман”( ѓазали Ҳофиз) ва даҳҳо сурудҳои дигар ба асарҳои дӯстдоштаю саризабонии дӯстдорони мусиқӣ касб намудаанд. Дар ташкилу пешрафти жанри нави мусиқӣ- мусиқии эстрадии миллӣ( рӯи саҳна омадани оркестри эстрадии тоҷик) ҳам саҳми Аҳмад Бобоқулов муассир буда, солҳои 1956-1966 фаъолияти ташкилию иҷроии хешро дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон идома дода ва дар ҳамкорӣ бо сароянда, Артискаи халқии РСС Тоҷикистон Лайло Шарифова (Шарифӣ) нахустин ансамбл сипас оркестри эстрадии “Гулшан”-ро дар Тоҷикистон рӯи саҳнаи иҷроӣ оварда ва аз сарояндагони асосии ҳирфаии ин дастаи ҳунарӣ ва дар навбати худ сарояндаи мумтози мусиқии эстрадии миллии тоҷик маъруф шуд.Бо талошҳои бевоситаи ӯ композитор Дамир (1941-2003), шоир –суруднавис Меҳмон Бахтӣ аввалин сурудҳои касбии эстрадаи миллиро рӯи саҳнаи иҷроии ин жанри мусиқӣ оварданд.Сурудҳои “Мавҷигул”, “Кабутари сафеди ман”, “Гулноз” (шеърои М. Бахтӣ, композитор Д. Дӯстмуҳаммадов), чанд суруди композитор А. Бобоев, сурудҳои мардумии тоҷикӣ дар такмили композиторон Ю. Тер-Осипов, М. Муравин, С. Ҳамроев ва дигарон ва ѓайра иҷрои боҳунаронаи Аҳмад Бобоқулов дар фазои мусиқии кишвар маъруфияти васеъ касб намуданд. Саҳм ва хидмати боризи Аҳмад Бобоқулов дар бунёди кафедраҳои тахассусии вокал(овозхонии касбииакадемӣ- операвӣ, театри мусиқии Институти омӯзгории Тоҷикистон (солҳои 1966-1973 роҳбари кафедра), роҳбари кафедраи вокал ва операи Институти давлатии санъати Тоҷикистон (солҳои1973-1976)ро ба зима дошт ва дар ин муддат даҳҳо сарояндаи касбии театри мусиқиро тарбия карда,ба шоҳроҳи санъати мусиқии кишвар ҳидоят намуд. Аҳмад Бобоқулов чун ҳунарманд,иҷрогари камназир ва меросбари шоҳкории мусиқии устодонаи тоҷик (санъати мақому мақомсароӣ) дар идомати суннатҳои дерини эҷодию иҷроии шоҳкории шеърию мусиқии “Шашмақом” саҳму хидмати чашмгир намуда, солҳои 1973-1976 роҳбарии дастаи мақомсароёни Кумитаи давлатии радио ва телевизиони назди Совети вазирони РСС Тоҷикистонро ба зима дошт.Таҳти сарварии ӯ дар ин муддат шохаҳои муҳими савтию овозии ин шоҳкории шеърию мусиқиамон сабти ҳирфаӣ барои хазинаи тиллоии Радиои тоҷик сурат гирифтанд. Зимни ин таҳти роҳбарии ӯ ҳайати мақомхонони тоҷик дар се Смипозиуми байналмилалии мусиқишиносӣ ва фестивали ҷаҳонии мусиқии суннатии мардумони Шарқ (Самарқанд,1978,1983,1987) ин офаридаи камназири шеърию мусиқии тоҷиконро манзури иштирокдорони ин ҷашнвораи ҷаҳонии мусиқӣ намуданд. Мусиқӣ барои Аҳмад Бобоқулов чун қисми таркибию ҷудонашаванда, падидаи нодир, мероси камназир дар таърихи тамаддуни тоҷикон авлавияти хос дошт ва нерӯи зеҳнию санъати иҷроии хешро дар тӯли фаъолияти пурбори эҷодию иҷроияшро дар саҳнаҳои машҳури Шарқу Аврупо содиқонаю боҳунарона тарѓибу муаррафӣ намудааст. ӯ дар ҳама ҳолат арзишҳои беназири дар масири таърих дар шеъру мусиқӣ рӯи саҳна овардаи ниёкони худро бо санъати хосу нотакрори иҷроӣ манзури ҷаҳониён намуда ва охирин ҳунаророии ӯ дар Симпозиуму фестивалии байналмилалии мусиқӣ ба ифтихори таҷлили 1400-умин солрӯзи поягузори системаи мусиқии классикии тоҷику форс Борбади Марвазӣ (Душанбе 23-29-апрели 1990) буд. Агарчанде ӯ вазъи сиҳатиаш хуб набуд, вале ӯ чун устод, ситораи равшан дар мусиқии мардумони Осиёи Марказӣ, Шарқ иштирокдорони ин ҷашвораи ҷаҳониро бори дигар бо санъати нотакрори иҷроии хеш собит намуд, ки ӯ меросбари тамаддуни чашмгири миллати фарҳангсозу фарҳанговар аст. Имсол соли 90–умин солрӯзи сароянда,тарѓибгару меросбари камназири мероси мусиқӣ, устоди бузурги санъати иҷроии тоҷик, Артисти халқии СССР, барандаи Лауреати мукофотии давлатии РСС Тоҷикистон, профессор Аҳмад Бобоқулов аст. Хидмати садоқатмандонаю боҳунаронаи ӯ дар таърихи тамаддуни садаи ХХ тоҷикон ҷойгоҳи хоса дорад ва ёди ин чеҳраи равшани олами мусиқи шоистаи эъзозу эҳтиромгузорист. Аскаралӣ Раҷабов,
профессор |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.