Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Пешвои миллат –кафили осоиш ва шукуфоӣ!

Пешвои миллат –кафили осоиш ва шукуфоӣ!

22-02-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 279 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат –кафили осоиш ва шукуфоӣ!Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и шаҳри Сарбанд бо ҷонибдорон ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» таҳти унвони «Пешвои миллат – кафили осоиш ва шукуфоӣ», вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Сарбанд Ф. Назарова суханронӣ намуда, қайд кард, ки ин қонун бори дигар ба ҷаҳониён собит мекунад, ки миллати тоҷик то чӣ андоза ба Президенти кишвари худ эътиқод дорад ва сиёсати давлатсозии ӯро дастгирӣ менамоянд ва то кадом поя хизматҳои ӯро арҷгузорӣ мекунанд.

Ин қонун боз аз он ҷиҳат боиси ифтихор аст, ки ба ин васила мардуми кишвар боз муттаҳидтар гашта, роҳ ба сӯи ваҳдати кулл мебаранд ва барои пойдории давлати навини тоҷикон саҳмгузор мемонанд, зеро дар тӯли садсолаҳову ҳазорсолаҳои парокандагӣ, беҳуқуқӣ, нокомиву сарсонӣ касе дар ёд надошт, ки рӯзе меояду нафаре бо чунин боварӣ, бо ифшои ғурури мардона, бо ҷасорати фавқуззикр сулҳу ваҳдатро ба мардуми хеш ваъда медиҳад. Сад шукр, ки ингуна сарвари ғамхор дорем.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: