Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

«Ёди дӯст»

11-01-2021, 11:25
Хабарро хонданд: 631 нафар
Назарҳо: 0
«Ёди дӯст»
САФИНАИ ЁДҲО

(Чанд пора ёдҳо аз қаламроҳи эҷодии нависандаи тоҷик Аброри Зоҳир)
Даҳаи охири садаи гузашта дар коргоҳи эҷод ва сухангустарӣ як зумра ҷавонони соҳибистеъдодеро рӯи кор овард, ки номи нек ва истеъдоди фавқулодаашон дар киштзори ормонҳои миллати соҳибтамаддуни ориёфарри тоҷик бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт гардида. Инҳо охирин мероси пурбаҳои адабиёти Шӯравии тоҷик буда, дид ва нигоҳи тозаашон ба ҳаёти воқеии кишвар обуранги нав мебахшид. Қаламрави сухангустарии тоҷик дар замони Иттиҳоди абарқудрати инсонсолорӣ собиқ Шӯравӣ бо фотиҳаи устоди зиндаёд, нависанда, шоир ва воқеанигори машҳури он замон, қаҳрамони халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар ба рӯи хонандагон боз намуда, пас аз он шоиру нависандагони Тоҷикистони Шӯравӣ, зеро сарпарастии шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони арсаи кору пайкори Шӯравӣ, барандаи Ҷоизаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ, қаҳрамони халқи тоҷик устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода номи поки миллати соҳибтамаддуни тоҷикро дар қаламрави наздики сесад миллион бошандагон машҳури замон гардонида буд. Нависандагони тоҷик устодон Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ ва даҳҳои дигар дар қаламрави Иттиҳоди абарқудрати мардумсолори собиқ Шӯравӣ аз ҷониби беш аз як саду чор миллату халқиятҳои понздаҳ ҷумҳурии бародар соҳиби иззату икром ва эътибори баланди адибони Шӯравӣ буданд. Баъди аз байн рафтани он Иттиҳоди мардумсолор ва фарҳангпарвар понздаҳ бародар мустақил гардида, робитаҳои фарҳангӣ бо бисёре аз онҳо коста гардид. Оғози истиқлолият бо каме мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сафинаи умеди ормонҳои он қаламравро аз ҳаракат боз дошт. Бо мурури замон баъди гузашти андак вақт хони дӯстиву бародарӣ густурда гардида, адибон, ки қосиди иртиботҳои фарҳангӣ ва ҳамбастагиву ҳамкешӣ мебошанд, қаламроҳи пурмуҳаббати ҳамдилиро васеъ намуда, зери сарпарастии Пешвои муаззами миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар қалбҳои миллионҳо нафар умедворони сулҳу якпорчагӣ муждаи васлу висол оварда, шоиру нависандагони тоҷикро қадрдонӣ намуд. Ва дар ҳама вохӯриҳо бо мардум ва чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва фарҳангии кишвар адибони тоҷик паҳлуи Пешвои муаззами миллат дар хидмати халқу ватан мебошанд. Ва шояд ҳамин қадрдонӣ ва фарҳангпарварии Пешво буда бошад, ки раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон устод Низом Қосим узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишварро бар дӯш дорад. Дастгирии сиёсати фарҳангии Пешво аз ҷониби адибони тоҷик нишони соҳибтамаддунии миллати гурдзои мо буда, ҳар як адиби тоҷик дар роҳи таблиғу тарғиби ин сиёсати хирадмандона ҷоннисор мебошанд.
Адибони тоҷик устодон Сорбон, ӯрун Кӯҳзод, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ, Низом Қосим, Назри Яздон, Раҳмат Назрӣ, Ҳадиса, Гулрухсор, Фарзона, Шаҳрия, Меҳриниссо ва даҳҳои дигар қосидони фарҳанги миллии кишвар буда, миёни мардум соҳиби арҷу эҳтироми баланд мебошанд. Насли сеюми адибони тоҷик Абдулқодири Раҳим, Рустами Ваҳоб, Озарахш,Салими Хатлонӣ, Салими Зарафшонфар, Тоҳири Муҳаммадризо, Аброри Зоҳир, Сироҷиддин Икромӣ ва чанди дигар бо маҳсули эҷоди хеш сафаҳоти адабиёти тоҷикро рангин намуда, миёни хонандагон соҳиби ҷойгоҳи хеш мебошанд. Миёни ин насли нави қаламрави эҷод Аброри Зоҳир сермаҳсултарин адиб ба шумор рафта, маҳсули эҷодаш дар қалби ҳазорон хонандагони тоҷик дер боз роҳ ёфта, номаш ҷойгузини қалби ҳазорон хонандагон гардидааст. Қиссаву ривоятҳои мардумӣ ва таърихи ин миллати тамаддунофар дер боз диққати Аброри Зоҳирро ба худ ҷалб намуда, сиришт ва сарнавишти фоҷиабори қарнҳои миллатсозиву давлатсозии тоҷикон ва муқовиматҳову набардҳои хунини ин қаламрав мавриди омӯзишҳои зиёдаш қарор гирифта буд. Романҳои «Мунтасир», «Ёри ғор», «Ҷилои ҷоми Ҷомӣ» ковишҳои ватанхоҳонаи ӯ дар қаламрави худшиносии миллӣ буда, хонандаро аз таърихи пурифтихори ин миллати тамаддунофар огоҳ намуда, номуси ватандорӣ ва ватанхоҳиро дар қалби онҳо ҷой месозад.
Қаламроҳи ин адиби воқеан соҳибэътибору соҳибэъҷози тоҷик, охири солҳои навадуми садаи гузашта дар корзори эҷод мавриди баҳсҳои зиёди қаламкорон ва қаламдорони кишвар гардида, назар ва андешаҳои гуногуни аҳли эҷод ва таҳқиқ манзури хонандагон гардида, баҳсҳои зиёдеро ба миён оварда буд. Аброри Зоҳир дар воқеъ, нависандаи хушзавқ ва ватанхоҳу ватанпарвар буда, таърих ва фарҳанги миллат ӯро вориди дунёи эҷод намуда, дар ин баҳри бекаронаидурри маонӣ на аз рӯи ҳавову ҳавас, балки ҳамчун ғаввос ва сарофи гавҳаршиностан ба туфони ҳаводис додааст. Фаъолияти эҷодии ӯ аз замони донишҷӯӣ ҳанӯз нимаи дуввуми солҳои ҳаштодуми садаи гузашта оғоз гардида бошад ҳам, хонандагон ӯро охири солҳои навадуми садаи гузашта шинохтаанд. Нахустин падидаҳои эҷодиаш аз рӯзномаи ноҳиявӣ, баъдан, рӯзномаи вилоятӣ ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва «Садои Шарқ» манзури хонандагон гардида, атрофи нигоштаҳояш миёни аҳли калом сару садоҳои зиёде ба миён омада, иддае аз адибони шинохтаи кишвар атрофи эҷодаш назарҳояшонро иброз намуда, бо нигоҳи нек ба эҷоди ӯ умед бастаанд. Нависандаи шинохта сардабири нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ» устоди равоншод Ҷонибек Акобиров ҳанӯз соли 1996 дар мавриди Аброри Зоҳир гуфта буд: «Миёни қаламкашони насли ҷавони адабиёт Аброри Зоҳир намунаи барҷастаи онҳо буда, ҷустуҷӯҳои адабӣ ва талошу завқи баландаш нишонаи тавонмандӣ ва ба худ бовар доштан дар ин ҷодаи пурифтихори эҷод мебошад. Ман ба ояндаи дурахшони ӯ бовар дошта, умед бар он дорам, ки заҳматҳояш самари хубе ба бор хоҳад овард». Ин баҳои нависандаи шинохтаи миллат, адиби нуктасанҷу соҳибэътибори адабиёти миллии тоҷик устоди равоншод Ҷонибек Акобиров хеле воқеъбинона ва самимӣ буда, ҳамкории адиби ҷавон Аброри Зоҳир бо ӯ дар ҷодаи эҷод самари хуберо ба бор овард. Повести «Дуроҳа» нахустин асари Аброри Зоҳир буд, ки дар маҷаллаи адабии «Садои шарқ» бо дастгирии бевоситаи устод Ҷонибек Акобиров рӯи чоп омада буд. Ҳамин повест муждаи эҷоди ӯ буда, дар қаламроҳи эҷод ӯро ба хонандагон ошно намуд. Ҳамин тавр, наздики понздаҳ сол повесту романҳояш дар сафаҳоти маҷаллаи «Садои Шарқ» рӯи чоп омада, хонандагони зиёде ба маҳсули эҷоди ӯ ошно гардиданд. Аброри Зоҳир дар қаламроҳи адабиёти миллӣ на аз рӯи ҳавову ҳавас ва ба хотири чизе, балки ҳамчун як адиби нуктасанҷу комёб гомҳои устувори хешро гузоштааст. Дид ва нигоҳи ин адиби нуктасанҷ бо воқеаҳои атроф ва таърихи саропо аз матонату қаҳрамонӣ хеле самимӣ ва ватанхоҳона буда, рӯҳияи бузурги мағлубнашаванда хонандаро ба қуллаи мурод мебарад. Шояд ҳамин буда бошад, ки эҷодиёти ин адиби хушзавқ ва соҳибистеъдод дар қаламрави адабиёти миллии тоҷик соҳиби ҷойгоҳи махсуси хеш мебошад. Ҳарчанд баъзе аз тардоманҳои ҳавову ҳавас дар қаламроҳи ормонҳои миллӣ аз рашк ва нотавонбинӣ бо ҳар роҳу восита, асарҳои ӯро мавриди муҳокимаҳои бесару нук қарор дода мавқеи эҷодии ӯро танг мекарданд. Ва ҳамин нодида гирифтанҳо эътибори адибро миёни бархе аз ғаразҷӯён бинобар пиндори онҳо шояд коста намуда бошад. Ҳол он ки ҳар як нависанда дар ин қаламрав соҳиби хонандаи хеш буда, ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки аз номи касе аз «боло» осори ӯро мавриди интиқодҳои худхоҳона қарор бидиҳаду аз рӯи ғараз эҷоди бо хуни дил нигоштаи ӯро мавриди муҳокимаи чанд тардоман қарор бидиҳанд. Ин амалҳои носавоб дар қаламрави адабиёт аз солҳои шастуми садаи гузашта ба мерос монда, ҳамин омилҳои носавоб боиси низоъ ва кашмакашҳои зиёд дар адабиёт гардида буд.Аз сафаҳоти пур аз дарди адабиёти Шӯравии тоҷик хеле хуб ёд дорем, ки чунин ҳуҷумҳоихудхоҳонаи беасос ҳанӯз солҳои сиюм то панҷоҳуми садаи гузашта ба эҷодиёти асосгузори адабиёти советии тоҷик, Қаҳрамони халқи тоҷик устод Садриддин Саидмуродхоҷа Айнӣ ба вуқӯъ пайваста буд. Солҳои шастум бошад ба эҷодиёти шоири шаҳири миллат Ғаффор Мирзо, солҳои ҳафтодум ба эҷодиёти нависандаи шинохтаи миллат Ҷумъа Одина фақат он ғаразҷӯёни кинатузи беномус ба воситаи дастгоҳи пур аз дасисаву макру ҳаял бо супоришҳои бархе аз сардамдорони «боло» маҳсули бо хуни дил иншонамудаи адибонро мавриди интиқодҳои пурғарази хеш қарор дода, садди роҳи эҷоди онҳо мегардиданд. Устоди зиндаёд шоир ва рӯзноманигори оташинсухан Ғоиб Сафарзодадар муқобили ин ғаразҷӯён ҳамон замон гуфта буд:
Дили мо санги хоро нест, аммо,
Ту медонию наштар мехалонӣ.
Асаб нозук бувад чун барги гулҳо,
Ту медонию сӯзан мерасонӣ.
Забон аз баҳри хушгӯист, аммо,
Аз он заҳри ҳалоҳил мечаконӣ.
Ниҳоли хоксорӣ бардиҳад, лек,
Ту нахли худписандӣ мешинонӣ.
Замона душмани шуҳратпарастист,
Ту лек ин бори пастӣ мекашонӣ.
Барои домани мансаб гирифтан,
Ғубори чанд доман мефишонӣ.
Шояд он замон Иттифоқи нависандагон ва раису раёсати он ба хотири сардамдорони Кремли Сурх ва мавқеи шаҳрвандии Шӯравӣ ва теғи тези замон маҷбур буданд, ки амри хизматгорони он хоҷагонро бечуну чаро иҷро намоянд. Вале имрӯз ҳазорон шукр ва сипосу самимият бар Худованди бахшандаи меҳрубон, ки ба мо истиқлолият ато фармуд ва фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами халқ -Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои пуштибонии миллат ва давлати тоҷикон рӯи кор овард ва адабиёту фарҳанги миллӣ дар фазои сулҳу осоиш хеле камол ёфт. Имрӯз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон зери роҳбарии шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи устод Абуабдулло Рӯдакӣ шахсияти пурарҷу эҳтироми кишвар устод Низом Қосим тавониста, ки эътибори адабиёт ва фарҳанги миллиро миёни кишварҳои ҳамҷавор баланд намояд. Ва сиёсати фарҳангии Пешвои муаззами миллатро пуштибонии ҳамаҷониба намуда, саҳми босазои Иттифоқи нависандагонро дар тарғиби ғояҳои башардӯстӣ ва сулҳофарии Пешвои муаззами миллат манзури ҳамагон гардонад. Ин хидматҳои ватанхоҳонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо тамоми адибони кишвар рӯи кор омада, дар ин қаламрави эътибори миллӣ саҳми нависанда Аброри Зоҳир на камтар аз дигарон мебошад. Дар тӯли даҳ соли охири фаъолият, ин адиби хушзавқ ва ватанхоҳи миллат бо романҳои «Мунтасир», «Васвасаи дунё», «Рақс дар сояи девори оҳанин», «Шикасти зулмот», «Майдон», «Муҷассамаи ишқ», «Бозгашт», «Арсаи набарди гургон», «Дар ҷустуҷӯи инсон», «Нухтаи нафс», «Хокпайванд», «Ёри ғор», «Ману ту ва фаришта», «Ҷилои ҷоми Ҷомӣ», «Завол» ва чанди дигар тавониста, ки миёни хонандагони зиёди тоҷик соҳиби мавқеъ ва мақоми арзандаи хеш гардад. Қаламрави эҷоди ин нависандаи соҳибэъҷоз фарогири бисту панҷ роман ва чаҳордаҳ повест буда, ҳар кадоми ин асарҳо соҳиби арҷу эҳтироми хонандагони хушзавқи тоҷик буда, баёнгари таърихи пуршӯри миллат ва матонату қаҳрамонӣ ва ҷоннисории фарзандони фарзонаи тоҷик дар ҷабҳаҳои мухталифи ҳаёт мебошад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки осори гаронмояи ин адиби ватанхоҳ аз ҷониби муҳаққиқини адабиёти миллӣ мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор хоҳад гирифт. Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи раиси он шоири халқии Тоҷикистон, шахсияти соҳибарҷу эҳтироми аҳли қалам ва қалами кишвар устод Низом Қосим, дар роҳи нашри осори гаронмояи ин адиби ватанхоҳу ватанпарвари кишвар саҳми босазои хешро хоҳад гузошт.

Ҷумъахони Темурзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: