Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » КӮЛВОРИ ЁДҲО

КӮЛВОРИ ЁДҲО

24-12-2020, 09:59
Хабарро хонданд: 455 нафар
Назарҳо: 0
КӮЛВОРИ ЁДҲО

(сухане чанд аз фаъолияти илмии донишманди шинохта, олими некпиндору некгуфтор, доктори илми филология, профессор устоди зиндаёд Раҳими Мусулмониён)
Аё устод аз хотир фаромӯшат нахоҳам кард.
Чароғӣ дар дили шогирд, хомӯшат нахоҳам кард.
Мо донишҷӯёни оғози соли ҳаштодуми садаи гузашта номи неку пурифтихори ин донишманди шинохтаро дар нахустин вохуриамон бо роҳбарияти донишгоҳ аз забони устоди гиромӣ нахуст узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар факултаи филологияи тоҷики Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин профессор Соҳиб Шуҳратиевич Табаров шунида будем. Баъдан соли аввали донишҷӯӣ ӯ ба мо аз назарияи адабиёти советии тоҷик дарс гуфт. Муҳаббат ва самимияти падарона, лутфу марҳамати зиёди устодонааш таваҷҷуҳи хоса хонандаро ба худ ҷалб мекард. Дарсҳояш он қадар пуршавқ ва пуробуранги бадеӣ мегузашт, ки ҳама шаҳди сухан дар лутфи ӯ дида мешуд. Баъди итмоми соли дувуми донишҷӯӣ, аз рӯи ихтисоси адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ мо чанд нафар донишҷӯён назди устод сабақҳои иловагӣ мегирифтем. Дар ҳар як машғулият эҷодиёти нависандагони машҳури Шӯравӣ Николай Тихонов, Лев Толстой, Нодар Думбадзе, Григолд Абашидзе, Чингиз Айтматов ва чанди дигарро мавриди муҳоқима қарор дода атрофи асарҳои ин симоҳои бузурги адабиёти Шӯравӣ назарамонро иброз намуда, ҳар моҳ як маротиба ин суҳбат зери сарпарастии устод аз тариқи телевизион манзури бинандагони сершумор қарор мегирифт. Ҳамон замон ин барнома соҳиби арҷу эҳтироми зиёди бинандагон гардида, роҳбарияти олии мамлакат ба устодони азизи мо мегуфтанд, ки ин барнома дар тарбияи ахлоқии одами нави Шӯравӣ нақши бузурге бозидааст. Ва ин барнома дар маҷлиси васеи Ҳизби ҳокими коммунист дар раёсати Ҳизби коммунисти шаҳри Душанбе мавриди муҳокимаи ҷиддии роҳбарон қарор мегирифт. Ва шояд ҳамин буда бошад, ки аксари он шарикдарсон баъди хатми донишгоҳ ба корҳои роҳбарии ҳизбӣ ва идораҳои маъмурии давлатӣ ба кор рафта, бо садоқат ва ифтихори зиёди ватандорӣ дар хидмати давлат буданд. Банда баъди соли чоруми таҳсил бо ибтикори нависандаи шинохта, он замон сардори шуъбаи адабиёт ва фарҳанги рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ҳоло «Ҷумҳурият» (Сайфулло Раҳимов) Сайф Раҳими Афардӣ ба кор омадам. Ҳамин тавр, то баҳманмоҳи соли 1990 дар ин рӯзномаи пурэътибортарини кишвар фаъолият намудам. Он замон рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» мақолаҳои илмӣ, тадқиқотӣ ва таҳлилиро мунтазам чоп менамуд. Аз ҷумла, чанд мақолаи пурмӯҳтавои илмии устод Раҳим Мусулмонқуловро чоп намуда, манзури хонандагони сершумор гардонида будем. Робитаи фарҳангии устод бо рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ»тавассути сармуҳаррири он нависанда Нурмуҳаммад Табаров, ки аз шарикдарсони донишгоҳии устод буданд хеле гарму самимӣ буд. Вақте ки соли 1984 маҷмӯи мақолаҳои устод зери унвони «Фуруғи шеъри ҷонпарвар» рӯи чоп омад, он замон банда донишҷӯ будам. Ва назарамро атрофи ин китоби устод дар ҳаҷми шаш варақи пушту рӯ навишта, манзури устод гардонидам. Баъди ин миёни ману устод пуле аз муҳаббат миёни қалбҳо гузошта шуд. Устод итминон доштанд, ки ман ҳамроҳаш дар донишгоҳ машғули тадқиқот хоҳам шуд аммо сарнавишт маро ба даргоҳи пурэътибори рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» овард. Нахустин мақолаҳоям низ атрофи шеъри шоири шаҳири тоҷик шодравон Ғоиб Сафарзода ва устод Ҳақназар Ғоиб рӯи чоп омаданд. Баъди ин устод Раҳим Мусулмонқулов сари ҳар нигоштаам ҳангоми вохуриҳо аз ҳусну кубҳ ва сабку услуби нигориш назарашро баён намуда мегуфт, ки ҳамкориатро бо донишгоҳ давом бидеҳ. Дареғо, ки деворҳои сангини бинои шӯравии абарқудрат фурӯ рехтанд ва донишу донишманд бозичаи дасти чанд нафаракони худобехабар гардид. Ва он замони пуршӯр бо ном донишмандонеро рӯи кор овард, ки аз баёни номашон коғазу қалам шарм медорад.Чи ҳам метавон гуфт. Мо ҳама фарзанди сарнавишт будаем. Бехабар аз макри замон дар ҳамин гирдоби балоҳо устоди азизи ману садҳо донишмандони кишвар ғарқи талотумҳои бесару нук гашта, боқии умрашро дар ғурбат сарфи тадқиқоту омӯзиш намуда, бо дарду ҳасрат он рӯзгори хуши замони Шӯравиро дар дафтари ёддоштҳояш ба мо ба мерос гузошт. Донишмандиву ватанхоҳӣ, ватандориву садоқат ба давлату миллат, сари ҳар сатри нигоштаи устод дар ғурбат эҳсос мегардад. Устод овардааст: «Раиси Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, профессор Ҳабиб Сафаров (рӯҳашон шод, тариқи раҳмат ва шоистаи ҷаннат бошанд) ба Теҳрон ташриф оварданд, ба муносибати кунгураи ҷаҳонии сарварони донишгоҳҳо. Дар шоми душанбе 16- феврали 1998 дидор ва гуфтугӯи гарме даст дод. Ҳарчанд эшон сарвари Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ҳастанд ва банда 1890 рӯз боз на танҳо аз донишгоҳ, балки аз Тоҷикистони азиз ҳам дурам, суҳбати ошкору самимона баргузор шуд». Ҳамин чанд сатри саропо муҳаббат ва самимияти ватанхоҳиву ватандории устод Раҳими Мусулмониён он замон бандаро водор намуд, ки бо устоди равоншод Ҳабиб Муродович Сафаров, дар остонаи ҷашни панҷоҳсолагии донишгоҳ вохӯрӣ намоям. То давоми он шоми пур аз муҳаббатро ба мо қисса намоянд. Устод Ҳабиб Муродович Сафаров гуфтанд, ки мо ҳарду (яъне устод Ҳабиб Муродович Сафаров ва Раҳими Мусулмониён) чаҳор соат суҳбат намудем – Раҳим бо дарду ҳасрати зиёд мегуфт, ки наздики сӣ соли муаллимӣ ва беш аз даҳ соли мудири он қадар шогирдони зиёдеро тарбият намудааст, ки имрӯз аксари онҳо роҳбарони хирадманд ва шахсиятҳои соҳибэътибори кишвар мебошанд. Ҳанӯз аз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, шахсияти шинохтаи сиёсиву фарҳангӣ, ҳомии воқеии миллат ва давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ менамоям. Мо неруҳои демократӣ аввалин шуда, аз роҳбари хирадманди тозаинтихоби кишвар пуштибонӣ намудем. Он чиро ки мо дар замони Шӯравӣ орзу мекардем бо мақдами мубораки ин шахсияти таърихи навини миллат дар амал тасдиқ шуд. Кишвари анқариб порагаштаро ҷамъ кард. Гуноҳҳои муҷримонро бахшид. Ҳамаро ёру бародар хонд. Шоири шаҳири миллат устод Бозор Собирро аз ғурбат боз овард. Ва хеле қадрдониаш намуд. Ман дар ҳамин ҷо ба ёди Ватан дӯстон ва шогирдони азизам зиндаам. Ман аз таҳдиди душманон боке надорам, аз хиёнати дӯстон метарсам. Дилам барои устоди азизам Соҳиб Шуҳратович Табаров, ки барои ман на танҳо мушфиқи ғамхор, балки пуштибони ҳамешагии мани бепушт буд доғ-доғ аст. Тамоми ҳамсояҳоям, ки асилзодагони Кӯлоб буданд, наздашон тамоми умр қарздорам. Шодравон Тағой Ҳомидов, ки аз донишмандтарин фарзонагони Кӯлоб ба шумор мерафт, барои ман бисёр азиз буд. Оё мешуда бошад замоне, ки ман некиҳои онҳо ва ҳақи намакашонро баргардонам. Ҳангоми суҳбат, ки ӯ бо эҳсосоти баланд гап мезад борҳо гиря гулугираш намуд. Гуфтам Раҳим ман шуморо дар ҷашни панҷоҳсолагии донишгоҳ, ки шумо пурэътибортарин фарзанди он ҳастед, даъват менамоям. Ҳама дӯстон ва шогирдон пазмони Шумо мебошанд. Вале на дар ҷашни панҷоҳ ва на дар ҷашни шастсолагии Донишгоҳи миллӣ устод Раҳими Мусулмониён набуданд. Ҳарчанд мо шогирдон, бо бесабриву беқарорӣ омадани устодро интизор будем. Омадани ӯро ба саройи маърифат, ба он ҷое ки замоне аз муҳаббату садоқати ватандорӣ, адабиёт ва фарҳанги классикии миллат ба мо шогирдон дарс мегуфт. Ҳамвора шарикдарсони донишгоҳӣ, дӯстон ва ҳамқадамонат бо дарду ҳасрат дар интизорат мегуфтанд:
Хабари омаданат муждаи борон бошад,
Ба гули ташна, ки маҳкуми биёбон бошад.
Ба тулӯи ту ғаму ғусса гурезад аз дил,
Ки чу хуршед расад, соя гурезон бошад.
Нафаси бе ту гузашта, ба висоли ту қасам,
Ба дарозии шаби ғуссаи зиндон бошад.
Чу нахоҳӣ, ки биоӣ ту баҳонаст ҳазор,
Чу бихоҳӣ, ки биоӣ гапи осон бошад.
Ҳама ҷо мешунавӣ ин, ки фалон буду намонд,
Ту биё, дӯст, биё умр чу меҳмон бошад.
Ва ҳақиқати талх ва сарнавишти пурмоҷаро он буд, ки устод чун нафаси печидаи дар гулу чанде бо шамими атрогини диёр розҳои ногуфтаашро ба боди пурайшони гуфту ба абадият пайваст.
Агар ба таърихи сӣ соли фаъолияти устод назар афканем шоҳиди шукуфоии илму маърифати баланди миллии ӯ хоҳем гардид. Нахустин гомҳои устувори ӯ дар ҷодаи илми адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ ҳанӯз замони донишҷӯи соли сеюм буданаш гузошта шуда, аввалин нигоштааш дар қаламрави нақди адабӣ соли 1960 таҳти унвони «Аввалин повести нависандаи ҷавон» дар атрофи повести «Таътил»-и нависанда Болта Ортиқов рӯи чоп омадааст. Замони коромӯзӣ дар кафедраи «Адабиёти Советии тоҷик» зери сарпарастии устодони шинохта академик Абдулғанӣ Мирзоев, Соҳиб Табаров, Воҳид Асрорӣ, Шарифҷон Ҳусейнзода, академик Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Турақул Зеҳнӣ, Раҳим Ҳошим мақолаҳояш дар маҷаллаи «Садои Шарқ» мунтазам рӯи чоп меомад. Мақолаҳои пурмӯҳтавои илмии «Сайре дар бӯстони ҳикмат»- 1970, «Ду нишони шеъри Олӣ»- 1971, «Ҳаёти иҷтимоӣ ва тасвири шоирона» -1969-1973, «Ёдгори муфид ва ҷомеъ»- 1972, «Мафҳуми қасида дар сарчашмаҳои назариявии асрҳои ХI-ХV»-1979, «Радифи як шоҳасар»-1980, «Қофия ва арзиш»-1982, миёни аҳли илми кишвар эътибори илмии ӯро баланд намуда ифтихори устодону ҳамсафонаш буд. Ҳамин пажӯҳишу тадқиқот ӯро ором нагузошт. Рӯ овард ба тадқиқотҳои нави дигар. Дид ва нигоҳи устод дар қаламрави тадқиқот пурарзиштарин нигоштаҳои адабиётшиносӣ буда, он асарҳо беш аз панҷоҳ сол боз арзиши илмиашонро гум накардаанд. Мақолаҳои назарияи адабиётшиносӣ ва каломи бадеъ беназиртарин мақолаҳо буда, ин тадқиқотҳо барои муҳаққиқини воқеии адабиёти муосир як раҳнамои бузург дар қаламрави пажӯҳиш ва тадқиқот мебошанд. Мақолаҳои илмиву тадқиқотии каломи бадеӣ:
«Устоди бузурги сухани бадеӣ»-1967
«Образ, санъат ва маҳорат»- 1970
«Андешаҳо гирди шеър»-1973
«Машъали даврон»-1975
«Замон ва сухан»-1976
«Поэтикаи шеърӣ» ба В.И.Ленин»-1980
«Сухан аз маҳорат»-1981
«Шоири навовар»-1983
Миёни аҳли сухан ва илму тадқиқот соҳиби хеле эътибори баланди илмӣ мебошанд. ӯ ки мактаби бузурги адабиётшиносии академик Абдулғанӣ Мирзоев ва устоди бисёр ҳам донишманд ва соҳибэътибор узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон профессор Соҳиб Табаровро гузашта буд, ҳар як нигоштааш аз нигоҳи илмӣ бо далелҳои мӯътаманд асоснок таҳлил гардида, соҳиби эътибори баланди илмӣ буданд. Тадқиқотҳои устод бо забонҳои русӣ дар маҷаллаҳои бонуфузтарини адабиву бадеии донишгоҳҳои Маскав ва Ленинград рӯи чоп меомаданд. Ҳамзамон, устод шогирдони зиёдеро ба майдони адабиёт овард, ки имрӯз онҳо дар хидмати адабиёт мебошанд. Тақризҳои устод атрофи як зумра асарҳои классикии тоҷик аз ҷумла «Самаки айёр» ҷилди аввал таҳияи донишманди шинохтаи тоҷик Ю. Солимов ва Х.Ҳакимова «Ошёнаш дар дили халқҳо» - атрофи китоби устод Садриддин Айнӣ дар хотироти дӯстон ва шогирдон «Шеъри озод дар Тоҷикистон» андешаҳо атрофи нигоштаи Маҷиди Яктоӣ «Навпардозӣ дар нақди шеър ва сухансанҷӣ» ва «Як рӯзи шаҳсутун» таҳлилу тадқиқот атрофи ҷилди ҳаштуми куллиёти устод Садриддин Айнӣ буда, дар қаламрави нақди адабӣ ҷойгоҳи махсуси хешро дошта ин нигоштаҳо мақоми як асари бузурги тадқиқотиро касб намудаанд. Ин ҳама гувоҳи донишмандӣ ва дақиқназарии устод буда, дар миёни адабиётшиносони шинохтаи кишвар ӯ ҷойгоҳи махсуси хешро дорад. Ногуфта намонад, ки аксари кулли тадқиқотҳои адабиётшиносии наздики сӣ сол дар пояи як мақолаи устод наметавонад, ки буда бошад. Дар риштаи адабиётшиносӣ ва касбияти адабиёт мақолаҳои «Чанд сухан доир ба адабиётшиносии тоҷик»-1972, «Назариячии бузург»-1981, «Суханшиноси беназир»-1982, ки ба омӯзиш ва тарғиби осори адабиётшиносони асри миёна бахшида шудаанд, бузургтарин тадқиқотҳои илмӣ буда миёни муҳаққиқини осори классикии форс-тоҷик соҳиби эътибори хеле баланд мебошанд. Рисолаҳои илмиву тадқиқотии «Саҷъ ва сайри таърихии он дар шеъри тоҷик»-1970, «Талаби замон ва равобити адабӣ»- 1973, «Асрори сухан»-1980, «Фурӯғи шеъри ҷонпарвар»- 1984 соҳиби эътибори баланди илмӣ буда, ҳамчун як раҳнамои илмӣ барои муҳаққиқини риштаи адабиётшиносӣ соҳиби арзиши баланд мебошанд. Рисолаҳои таҳиянамудаи муҳаққиқини асримиёнагии форс-тоҷик Атоуллоҳ Маҳмуди Ҳусайнӣ «Бадоеъ-ул-саноеъ»- 1974 ва Ҳусейн Воизи Кошифӣ «Бадоеъ-ул-афкор-и саноеъ-ул-ашъор»-1977 дорои аҳамияти баланди илмӣ буда, армуғони хубе барои муҳаққиқини ояндаи кишвар мебошанд. Ин ду шоҳасари илмӣ бори нахуст бо ибтикори устоди донишманд Раҳими Мусулмониён рӯи чоп омада, уфуқҳои нави тадқиқотро ба рӯи ҳаводоронаш боз намудаанд. Ба таъкид бояд гуфт, ки рӯи дасти хонандагон овардани ин ду шоҳасари илмӣ-тадқиқоти кори академии як донишкадаи Академияи илмҳо буда, бо ин тадқиқотҳояш устод кайҳо мақоми академикиро касб намудааст. Шояд устод он замон ягона олими воқеан ватанхоҳе буд, ки дар таълиму тарбияи шогирдон новобаста аз мақому мартабаи илмӣ, бидуни мақому манзалати қавмиву нажодӣ ва ҷуғрофӣ ранҷу заҳматҳои зиёде мекашид. Ҳарчанд, ки оғози солҳои ҳаштодум миёни устодони факултаи шарқшиносӣ таърих ҳуқуқ ва филология равияҳои зиёди қавмгароӣ ва эшонбозиву эшонсозӣ ба миён омада,иддае аз устодон бо ришдорони динситез пайваста худро сайидиву эшонзода ном мебурданд, ки оқибати он ҳама ба шадидтарин фоҷеа анҷомид. Устод ба хотири чанд нафар шарикдарсони донишгоҳиаш, ки дар аркони ҳукумати собиқи Шӯравӣ мансабдори давлатӣ буданд ва иртиботу самимияти зиёде ба ӯ ҳамчун донишманди варзида доштанд, аз нируҳои созандаи бедордил ки аз дид ва мавқеи сиёсии чавкинишинони он замон дар муқовимат бо ақоиди фурурехтаи Шӯравӣ буданд, пуштибонӣ менамуданд. Яъне аз раванди демократикунонии ҷомеа пуштибонӣ намуда, бозори рақибони нотавонбинашро гарм намуда, бехабар аз шарри замона дар коми оташ уфтод. Аммо зинҳор ӯ наздик ба исломсароёни ифротӣ ва ҳаракатҳои ифротии қавмиву нажодӣ ва мазҳабӣ набуданд. Шояд ҳамин мақоли мардумии классикии тоҷикӣ дуруст бошад, ки «Аз дами бало дида, дар роҳрави бало будан хатари бештар дорад» аксари донишмандони воқеан ватанхоҳ ки роҳи ҳалли ин мушкилотро дар он роҳрав меҷустанд дар коми бало уфтода, барои душманони тангназару нотавонбини бесаводи лаббайкагӯи режими пӯсидаи охири солҳои ҳаёти Шӯравӣ луқмаи хӯрданбоб гардиданд. Ҳанӯз иддае аз ҷавонони бедордили воқеан ҳам ватанхоҳи он замон дар бадномӣ ва маломатпешагӣ «мурда-мурда» зиндагӣ доранд. Хушбахтона бинобар таъбири шоири шаҳири ватанхоҳи миллат устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ «Раҳми Парвардигори мо омад», аз миёни мардуми чорасози ватанхоҳ хирадманде аз дудаи Сосониён ва пайроҳаи Сомониёни далери кишваркушо рӯи кор омаду ин миллати ба доми ҷоду ва ҳиллаву макри котилон уфтодаро наҷот бахшид. Мақдами муборакаш Иттиҳод ва нируи созандаеро рӯи кор овард, самараш наздик ба сӣ сол боз коми ватанхоҳон ва ватандорони кишварро ширин намуда, ифтихори ватансозиаш миёни мардум афсона гаштааст. Ҳамин абармарди таърихи навини миллат бо дид, дарк ва масъулияти баланди ватанхоҳона тасбеҳи кандаи донаҳои иттиҳоду якпорчагиро аз нав ба риштаи муҳаббат кашид. Бар кишвари ғам бинобар ибораи шоири мардумии зиндаёд Ашӯр Сафари маҳфилорои миллат, шодиву тараб овард. Аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ дар қаламрави кишвар ниҳоли дӯстиву бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмиву бахшандагиву меҳрубонӣ ба дарахти хушқаду қомати сербори сисола баробар гашт. Ҳарчанд бархе аз носипосони гумроҳи ба доми фиреби душманони ин қаламрави биҳиштосоафтода ҳанӯз аз дуриҳои дур аз соҳили баҳру уқёнусҳои шайтанат санг бар пову сари модари худ мезананд. Бехабар аз он ки ин миллати қаҳрамони дар тӯли таърихи беш аз даҳ ҳазорсолаҳо озмудашуда дигар гӯш ба ҳар иғвои шум нахоҳанд кард. Пешвои муаззами миллати тамаддунофари тоҷик –Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо маърифати баланди ватанхоҳӣ дари илму дониш ва хираду заковатро ба рӯи мардум боз намуда, мардуми китобдору китобхони тамаддунофари тоҷикро ба китобхониву китобдорӣ ҳидоят намуда, ин иқдомҳояш на танҳо дар кишвар, балки берун аз кишвар дар қаламрави тамоми Осиёи Марказӣ ва шарқи тамаддунофар ҳамовозӣ пайдо намудааст. Ай кош устоди азизу донишманди зиндаёди мо Раҳими Мусулмониён сар аз хоби гарон бардораду бубинад, ки тухми сӣ сол пеш киштаи донишу хиради ватанхоҳиаш чи гуна самар ба бор овардааст. Бубинад, ки он шогирдони азизаш имрӯз чи гуна ватанро месозанд. Ва атрофи Пешвои муаззами миллат он шогирдони тарбиятнамудааш чи гуна бо садоқат ва муҳаббати ватандорӣ саҳмгузори ободиву сарсабзии кишвар мебошанд.

Ҷумъахони Темурзода

Р.S:Хело бомаврид мебуд, ки он шогирдони воқеии устод, ки имрӯз бо ифтихор ва саодатмандӣ паҳлуи Пешвои муаззами миллат дар хидмат мебошанд номи поки устоди зиндаёд Раҳими Мусулмониёнро аз гарду ғубору туҳматҳои нотавонбинонаш пок созанду тадқиқотҳои устодро дар шакли пурра рӯи чоп биёранд. Ва гӯшаеро аз илму маърифати миллӣ ба номи ӯ номгузорӣ намояд. Ба ибораи дигар аз иқдомҳои созандаву ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллат аз сидқ пуштибонӣ намоянду рӯҳи поки он чароғҳои маърифати мардумиро шод намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: