Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «ДАРАХТИ ОРЗУҲО» ва ё Соли нав ба оини мо чӣ иртибот дорад?

«ДАРАХТИ ОРЗУҲО» ва ё Соли нав ба оини мо чӣ иртибот дорад?

30-12-2020, 17:32
Хабарро хонданд: 517 нафар
Назарҳо: 0
«ДАРАХТИ ОРЗУҲО» ва ё Соли нав ба оини мо чӣ иртибот дорад?
Ҳамасола қабл аз омадани Соли нав баҳсҳои пурошӯбе пиромуни он сурат мегиранд. Ҷашн гирем ё не…? Бахши азими одамоне, ки дар даврони Шӯравӣ тарбият ёфтаанд, ҳанӯз шаби Соли навро мисли афсонае, ки аз олами рӯё фуруд омадаву дар дилҳо шодиву фараҳ ва эҳсоси гарму самимиеро бедор мекунад, дар гӯшаи хотираҳо зинда медоранд. Ба ҳамдигар паёми шодбошӣ мефиристанд, ба кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ тақдим мекунанд ва дар паси мизи идона гирд омада, Соли навро мисли як муъҷиза ва ё пайки шодӣ, ки дари хонаашонро мекӯбаду, ба ҳаёти якмарому якрангашон навиди тозае меорад, истиқбол мегиранд.
Вале… Тоифаи дигаре низ ҳастанд, ки таҷлили Соли навро на танҳо дар хонаводаашон манъ кардаанд, балки дигаронро низ таблиғ мекунанд, ки ҷашнгирии он гуноҳ аст. Теъдоди зиёде аз ин қавм сари ин андешаанд, ки Соли нав ба мавлуди Исои Масеҳ рабт дорад. Агарчи дар дини ислом Исои Масеҳ ҳамчун паёмбар эътироф мешаваду ба унвони рӯҳулқудус маъруф аст, пайравони дини масеҳӣ ва ҷашнҳои онҳоро такфирӣ мешуморанд. Теъдоди зиёди мардум, ки аз пайдоиши Соли нав иттилоъ надоранд, ба ин ривоятҳо бовар доранд. Пас, биёед ба таърихи ин ҷашн аз чанд зовия назар меафканем ва таҳқиқ мекунем, ки оё ба таърихи ниёгони мо низ решапайванде дорад ё ҷашнест барои мо комилан бегона?

Таърихи пайдоиши Соли нав

Соли навро нахуст дар Байнаннаҳрайн (Месопотамия), ки дар байни ду дарёи бузург Даҷла (Тигр) ва Фурот (Ефрат) қарор дошт, ҷашн мегирифтанд, ки нахустин шаҳрҳои бузурги аҳди бостон дар ин марз бунёд гардида буд ва ба тамаддуни шумериҳо тааллуқ дошт. Қаламрави Байнанаҳрайн дар шимол доманакӯҳҳои Арманистон, дар ҷануб Халиҷи Форс, дар ғарб даштҳои Сурия ва Месопотамия ва дар шарқ доманакӯҳҳои Эронро фаро мегирифт.
Қарнҳои 4-6 қабл аз милод, Байнаннаҳрайн ба ҳайси шоҳигарии мухтори Бобул (Вавилон) дар тобеияти империяи бузурги Ҳахоманишиҳо қарор дошт. Забони маъмурии- оромӣ, забони давлатии форсҳо маҳсуб мешуд. Паҳн шудани забони оромӣ ба ташаккулёбии ошуриҳо (Assyrians) замина гузошт, ки бо забони ҷадиди оромӣ ҳарф мезаданд, ки омехтаи форсӣ, арабӣ ва ибрӣ буд. Шоҳигарии Бобул дар натиҷаи ошӯбҳои дохилӣ аз ҷониби Куруши Кабир соли 481 бори дигар мавриди тасарруф қарор гирифт.
Мардуми Байнаннаҳрайн Соли навро моҳи март, вақти бедоршавии табиат, вақти шукуфтани лолаарӯсак ва сар кашидани сабзаву гул ҷашн мегирифтанд. Беш аз як ҳафта истироҳат мекарданд ва бо шодиву нишот истиқбол мегирифтанд. Дарахти коҷ (арча)-ро оро додану ба ҳамдигар туҳфа тақдим кардан низ аз ҳамон давра мерос мондааст.
Баъдтар суннати ҷашнигирии Соли нав дар Юнон ва Миср ба ҳукми анъана даромад. Ҳатто русҳо, ки Соли навро имрӯз оғоз аз шаби 31 декабр ба 1 январ ҷашн мегиранд, баъд аз ҷори шудани дини масеҳӣ низ, онро пас аз анҷоми зимистону сардӣ, тибқи солшумории нав таърихи 1 март таҷлил мекарданд. Танҳо соли 1699 Пётри 1 фармон ба тасвиб расонд, ки соли нав мутобиқи солшумории григориани, ки тамоми Аврупо дар доираи он зиндагӣ мекард, санаи 1 январ истиқбол карда шавад.

Нигоҳи дигар, оини митроӣ
«ДАРАХТИ ОРЗУҲО» ва ё Соли нав ба оини мо чӣ иртибот дорад?

Ниёгони мо пеш аз зуҳури Зардушт митроро мепарастиданд ва ҳамасола дар бузургдошти зодрӯзи хуршед (меҳр, митро), ки мусодиф ба 21 декабр буд, бо дарозтарин шаби сол хайрбод мегуфтанд ва ҷашнҳо баргузор мекарданд. Бо зуҳури Зардушт ва гаравидани шоҳони Ҳахоманиш ба ин оин, аносири марбут ба парастиши оини митро, рафта -рафта ба оини ҷадид низ таъсир гузошт. Ҳамин тариқ, оини митро ҳеҷ гоҳ ба таври комил аз байн нарафт. Шоҳони сулолаи ҳахоманиш аз Дориюш ба баъд, бо ин ки худ пайрави Зардушт буданд, намехостанд, ки бо мардум ва ашрофе, ки ҳанӯз митроро гиромӣ медоштанд муқобил истанд ва барои худ дарди сар эҷод кунанд. Ба ҳамин ҷиҳат бисёре аз ақоиди митроизмро ҳифз карда, бо дини Зардушт омезиш доданд.
Ҳамин тавр, митро худои хуршед ва нур бо Аҳуромаздо худои рӯшноӣ ҳамоҳанг шуд ва муқобили Аҳриман, худои торикӣ қарор гирифт. Шаби ялдо бо шаби милоди митро худои нур низ ҳанӯз гиромӣ дошта мешуд, ба ин далел, ки дар пайкори оштинопазири байни неруҳои торикӣ ва рӯшноӣ, бузургтарин набард дар ин шаб рух медод ва ниҳоят рӯшноӣ пирӯз мешуд. Аз ин пас, рӯз дарозтар ва шаб кӯтоҳтар, гармо ва нур рӯ ба афзоиш мениҳанд ва сармову зулмат рӯ ба коҳиш. Некӣ ба бадӣ ва Аҳуромаздо ба Аҳриман пирӯз мегардад.
Ниёгони мо, ки оташ ва гармиро мазҳари Аҳуромаздо – худои нур ва некӣ медонистанд, дар чунин шаб берун аз манзили худ оташ меафрӯхтанд ва узви хонавода гирди миз ҷамъ омада, шабзиндадорӣ мекарданд. Чизи ҷолиб ин аст, ки дарахти сарв (арча, коҷ) ва ё «сарви ялдо» дар маъбад ва хонаводаи митроиён ва баъдтар зардуштиён ба унвони сабзу устувор будан алайҳи торикиву зулмат мақоми хоса дошт ва дар ин шаб аз он истифода мекарданд. Ҷавонон ва наврасон ҳар орзуе, ки доштанд ба таври рамзи даври риштаҳои абрешимӣ мепечиданд ва дар шохаҳои ин «дарахти орзуҳо» меовехтанд. Дар пояи дарахт низ ҳадяҳо барои митро мегузоштанд, то бо ин амал орзуҳояшон бароварда шавад. (Бубинед, ин оин бо ороиши арчаи Солинавӣ чи қаробате дорад).
Ба қавли муҳаққиқ, таърихи бостон Алиакбари Аршадӣ ин суннатҳои аҷдодӣ дар пайи ҷангҳои форсҳо ва юнониён рафта -рафта ба Аврупо низ роҳ ёфтанд. Оини митроӣ ба зудӣ дар тамоми манотиқи дунё паҳн шуд ва бо ҷашнҳои миллӣ омехта гардида, ба як ҷузъи муҳими фарҳанги ҷомеаи башарӣ табдил ёфт. Имперотурии Рум ба унвони ин, ки яке аз рукнҳои оини митроӣ вафодорӣ ва садоқат ба шоҳ буд, хеле хуб истиқбол намуданд ва то замони зуҳури масеҳият қарнҳои 3-4 милод ин оин дар меҳвари таълимоти динӣ қарор гирифта буд. Вале баъд аз пирӯзии Константин, императори масеҳӣ дар соли 314 ва густариши масеҳият, суннати парастиши митро оҳиста- оҳиста рӯ ба таназзул овард. Бо ин ҳол, боварҳои куҳани дунёи бостонро намешуд ба якбор решакан кард. Бинобар ин, обои садри масеҳият дар қарни 4, ки ба хубӣ бо асотир ва фалсафаи дунёи бостон ошно буданду аз аҳамияташон воқиф, кӯшиш карданд аз суннатҳои санияе мисли «шаби ялдо» ва оини митроӣ ба манфиати рушди масеҳият истифода кунанд. Онҳо бо ҷойгузин кардани Исои Масеҳ ба ҷои митро, тамоми шукӯҳ ва азамати зуҳури митроро якбора ба мавлуди Исои Масеҳ табдил доданд.
Ҳамин тариқ, «шаби ялдо»-зуҳури митро, ки аз оини бостонии мо ба фарҳанг ва боварҳои имперотурии руми қадим ворид гардида буд, баъд аз соли 334-и милодӣ расман ба унвони мавлуди Исо, (Крисмас-рождество) эътироф гардид ва митро ҷои худро ба Масеҳ дод.
Аз ин хотир, агар мо дуруст таваҷҷуҳ намоем, қаҳрамонҳои асосии Соли нав, ки дар Аврупо ба унвони «Санта Клаус» ва дар Русия «Дед Мороз» маъруфанд, ва ороиши арчаи солинавӣ, инчунин, зери он гузоштани туҳфаҳо ба мавлуди Исои Масеҳ ва оини қуруни вустои рӯҳониёни ортодоксии масеҳӣ ҳеҷ иртибот надорад. Диндорон ҳамеша аз ҷашне, ки шодиву фараҳ меовард ва ба хурсандии мардум сабаб мешуд безор буданд, мисли ин, ки баъзе рӯҳониёни «маъруфи» мо низ имрӯз аз ин зовия ҳарф мезананд. Пас, ин оини бостонӣ ва асотири ниёгонро, ки аз хоки мо бархостааст, оини бегона ва аҷнабӣ шуморидан ғалат аст ва аз ноогоҳии мо дарак медиҳад.
Куфр аст ё савоб?

Бубинед, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон арчаи Солинавиро ҳамасола мисли оини митроӣ ба «дарахти орзуҳо» табдил медиҳанд ва дар шохаҳои он орзуҳои кӯдакони маъюб ва нодорро меовезанд, вазирон, кабирон, тоҷирон ва дигар табақаи саховатпеша яке аз ин орзуҳоро бароварда месозанд ва бо ин иқдом ба дили ин кӯдакони дилшикаста равзанаи рӯшноӣ, нури митроро боз мекунанд. Оё ин амали бад аст?
Онҳое, ки ин амали савобро куфр мешуморанду, мавъизаву насиҳат мехонанд, ки истиқболи ин ҷашн куфру бидъат аст, худ чӣ кори савобе анҷом додаанд? Дар Соли нав ба ятиме ва ё дармондае аз ҷайби ҳиммату мурувати худ чизе тақдим кардаанд? Ба гумон!
Пас, биёед ба ҷои дарахти хушунату тафриқа «дарахти орзуҳо»-и митроиро сабз кунем, ки оини ниёгони мо буд, вале мо фаромуш кардему, дигарон аз ин оини некиву рушаноӣ ва файзи савоби он истифода мебаранд. Чаро беҳтарин оинҳои инсониро, ки ниёконамон ба тамаддуни ҷаҳонӣ тақдим намудаанду, аз файзи он тамоми ҷаҳон бархурдор аст, мо бояд куфр шуморем?

Б. Ҳамдам





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: