DataLife Engine > Точикистон > Ҷавонон. Бовар ба онҳо бар асоси чӣ?

Ҷавонон. Бовар ба онҳо бар асоси чӣ?


24-12-2020, 10:13. Разместил: orifi Ҷавонон. Бовар ба онҳо  бар  асоси чӣ?
Дуэт


Ду раиси ҷавоне, ки мусоҳиба бо онҳо дари эътимоди дигарро бароям кушод.

ПАДАРОН ВА ПИСАРОН

Дар ҳама давру замон давлат ва сохторҳои ҳукуматӣ барномаҳои стратегӣ ё дарозмуҳлат доранд. Ин барномаҳо гоҳе ба занон нигаронида мешаванду гоҳо ба ҷавонон, гаҳе ба экология дахл доранду гоҳе ба оила ва ғайраҳо, ки дар амалӣ гаштани онҳо Ҳукумат бо мардум тавъам саҳм мегиранд.
Соли муқаддам дар кишвари мо Соли ҷавонон эълон гашту сару садоҳои зиёде ба бор овард.
Яке дар ин иқдом нияти хайрро диду дигаре муғризона аз эълони ин сол ҳадафҳои дигаре ҷӯё шуд.
Дар ҳар сурат ин иқдоми сиёсӣ ҳарчанд ба бархе аз солмандон он қадар ҳам хуш наомад, барои ҷавонон муассир ва раҳкушо шуд. Як қатор ҷавонон сари кору мансабҳои давлатӣ омаданд. Ба онҳо вазифаҳои калидӣ бовар карда шуд.
Ман ҳам аз зумраи онҳое будам, ки ростӣ ба саводу кордонӣ ва таҷрибаи сарварии ҷавонон ба назари шубҳа менигаристам.
Зеро маълум аст, ки ҳодисаҳои чанд вақт аз тадрису таълим дур мондани насли баъдиҷангӣ ва ё онҳое, ки дар замони ошӯбу нотинҷиҳо талаба ё донишҷӯ буданд, каме моро бовар ба онҳо шикаста буд.
Дар ин миён, ки шояд 1- 2 даҳсола зарар ба рушди илмиву техникӣ ё саводу дониши ояндасозон латма задааст, бештари ҷавонон рӯ ба мардикорӣ ё бекорӣ ниҳода, нобовариро боз бештар карда буданд. Аксаран мо бо ҷавононе рӯ ба рӯ мешавем, ки мулоим карда гӯем, аз ҷиҳати саводнокӣ бо ду по меланганд.
Аз ин рӯ, бовар кардан ба ҷавонони дар ин давра ба камолрасида, кори саҳл нест. Аммо дар сиёсат роҳбарияти кишвар ба бархе аз онҳо бовар карданд. Мо низ мунтазири вақт будем, то ҳосили ин коштаро бубинем.
Инак, зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд, зимни мусоҳиба бо раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ифтихор аз ду нафар шогирдонашон раисони шаҳрҳои Гулистон (ҳоло раиси шаҳри Хуҷанд) Фирдавс Шарифзода ва раиси ноҳияи Спитамен Темур Нӯъмонзода ёдрас шуда, аз фаъолияти эшон изҳори қаноатмандӣ карданд. Ёдам омад, ки дар ҳама давру замон аз лиҳози ақидатӣ ё пешрафт байни насли пиру ҷавон нобоварӣ ҳаст, вале…
Ман ҳам дар мувофиқа бо идора тасмим гирифтам, ки бо онҳо мусоҳиба дошта бошам, то хонандаи нашрияи мо мутмаин бошад, ки бовар ба ҷавонон тасмими сиёсии умедбоварибахш аст.
Бо анҷоми суҳбати алоҳида бо ин ду кадри сиёсии ҷавон дар зеҳни ман вожаи "Дуэт" чарх мезад.
Сӯҳбат бо ҳар ду ва итминон ба дониши қавӣ ва садоқати эшон дар иҷрои масъулият дар фикри ман андешаеро тағйир дод, ки то он дам ба он муътақид будам. Мо ҷавонони босаводу кордон дорем. На ҳама бо баҳонаи нооромиҳо аз таҳсил дур монда будааст. Ирсият ҳамеша авлавият дорад, аз омӯзиши шарҳи ҳоли ҳар ду раиси навҷӯ дарёфтам, ки волидон намунаи олие барои камоли чунин фарзандон будаанд.
Агар волидайн имрӯз дар тарбия ва касбомӯзии фарзандон дер накунанд, фардо бори дарахти умедашон пурҳосил ва решаҳои он маҳкам хоҳад буд.
Барои ояндаи фарзанд, ҳамеша сармоя бояд гузошт. Ин сармоя тарбияи хуби хонаводагӣ, мактаби хуб, таҳсили иловагӣ, интихоби дурусти касб, сабри волидон дар роҳи рушди фарзандон ва дастгирии оила дар марҳалаи аввали кор аст.
Дар ҳасби ҳоли ин ду ҷавони сиёсатпеша ҳаммонандиҳои зиёде дарёфтам.
ДУЭТ

Онҳо ҳар ду замони тифлӣ ба як боғча рафтаанд.
Онҳо ҳар ду дар як мактаб таҳсил карданд.
Ҳарчанд касбҳои гуногунро интихоб кардаву дар донишгоҳҳои гуногун илм омӯхта бошанд ҳам, пасон боз ба як самт гом ниҳоданд. Ба самти сиёсатмадорӣ.
Ҳарду Академияи хидмати давлатиро дар Маскав якҷо таҳсил ва хатм кардаанд.
Боз тақдир ба ҳар кадоме аз онҳо дар алоҳидагӣ пайроҳаи худро пешниҳод кард.
Фирдавс Шарифзода ба бахши вилоятии савдо ва саноат рафту Темур Нӯъмонзодаро ҳифзи муҳити зист касб шуд.
Ин ду ҷавон, ки ҳар кадоме аллакай мактабҳои бақуввати сарвариро зери назари устодони сахтгире чун раиси Палатаи савдои Тоҷикистон Саид Шариф ва дигаре дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист таҳти роҳбарии Хайрулло Ибодзода шогирдона сабақи сарварӣ омӯхтаанду то ҳол эҳтироми устодони хеш ба дил доранд.
Ва маҳз ҳамин тарбияву одоби корӣ, ахлоқи хубу зиндагии бошарафона онҳоро номдор ва соҳибэътироф дар ҷавонӣ кард. Дар андешаи ҳар ду як мақсад – хидмат ба халқ ва садоқат ба Ватан раҳнамост. Онҳо дар ин шакл ба бовари Сарвари давлат сазовор гаштаанд ва инро бояд бо арзи эҳтиром нигоҳ доранд.
ЯКЕ АЗ ҶАВОНТАРИН РАИС ДАР ВИЛОЯТ

- Темурҷон бо он бурд кард, ки ҳамагӣ чанд моҳ аз ман хурдтар аст. Аз ин рӯ ифтихори "ҷавонтарин раис"- ро соҳиб шуд- хандида мегӯяд ҳамсабақ ва дӯсташ Фирдавс Шарифзода.
Аммо инак худи Шарифзода бо таъйиноти ахири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аллакай маркази вилоят, яке аз калонтарин шаҳрҳои кишвар ва макони таърихиву фарҳангии куҳанбунёди тоҷикон - шаҳри Хуҷандро сарварӣ мекунад.
Ба худ меандешам, ки шояд ин ҳамон чанд моҳи бузургтар буданаш ба ӯ "кумак" кардааст, ки чунин бовариро сазовор гардад?
Вале ин ҳам як шӯхист. Дар асл, ман зимни суҳбат пайдо кардам, ки новобаста аз ҷавонӣ ин ҳарду ба ҳам шабеҳияти зиёде дошта, хеле кордон ва оқил ҳастанд. Аз технологияи муосир баҳравар, дорои ҷаҳонбинии васеъ, сермутолиа ва сухандону босавод, ҳамчунин, дар кори хеш, дорои малакаҳои хуби сарварӣ ва дар иҷрои амалҳо тасмимгирандагони мустақил ҳастанд.
Темур Нӯъмонзода нахуст ихтисоси ҳуқуқшиносиро аз худ кард. Баъдан Академияи хидмати давлатии Россияро анҷом дод ва ахиран соли 2019 дипломи сеюмро бо ихтисоси геоэколог соҳиб гашт.
Барои як ҷавони 36- сола доштани се ихтисоси имрӯз серхаридор, магар кифоя нест, ки ӯро ҳамчун кадри муваффақ бовар кунанд? Ҳаст.
Яъне, агар аз 36 соли ҳаётат 29 соли онро ба таҳсил бибахшӣ, албатта кадри сазоворе хоҳӣ гашт, ба худ меандешам ман.
Нӯъмонзода зимни суҳбат бароям иттилоъ дод, ки ноҳияи Спитамен ҳанӯз соли 1926 таъсис ёфта, қисмате дар "анклав" дорад. Бо ӯзбекистон ва 14 километр бо Қирғизистон ҳамсарҳадӣ дорад. Дар ҳайати ин ноҳия 7 ҷамоат бо аҳоли 141500 нуфус ба сар мебарад.
Раис бо ифтихор гуфт, ки як мактаби таҳсилоти умумиро барои 639 хонанда бо муосиртарин таҷҳизот имсол ба истифода додаанд.
Аз ҷониби ҳамсоягони ӯзбекистониямон бошад, дар деҳаи Новандарсойи ҷамоати Турсун ӯлҷабоев барои 1260 нафар хонанда мактаби замонавӣ туҳфа гардид.
Ноҳияи Спитамен ноҳияи аграрӣ-саноатӣ буда, айни замон 14 корхонаи фаъол дорад. Мутаассифона, дар замони пандемия имсол 4 тои он муваққатан аз кор мондааст.
Ба гуфтаи раис гардиши маҳсулоти саноатӣ тобистони имсол 138 фоизро ташкил медод. Корхонаҳои пуриқтидор ҳам барои бо кор таъмин шудани аҳолӣ ва зиндагии осоиштаи мардум кумаки калон доранд.
Масалан иқтидори истеҳсолии корхонаи ордбарории "Спитамен" нисбати солҳои пешин 5 маротиба афзудааст, ки ин дар як шабонарӯз 100-150 тонна орд истеҳсол кардан аст, қайд кард Нӯъмонзода.
Вақте ки аз мушкилоти ноҳия суол кардам, раис гуфт:
- Ҳарчанд проблемаи муҳоҷирати корӣ ҳанӯз боқист, вале нисбат ба дигар минтақаҳо дар мо ин мушкилот хеле кам аст.
Дар ноҳияи мазкур 1500 хоҷагии деҳқонӣ фаъол буда, кишти пахта, ғалладона, ҷуворимакка, шолӣ, пиёз ва чорводорӣ аз шуғлҳои ҳамешагии мардум аст.
Гармхонаҳои замонавӣ барои истеҳсоли аз 120 то 150 тонна помидор имкон медиҳад, ки ҳам ниёзи мардум бароварда гардад, ҳам содирот ва консервабарорӣ вусъат ёбад.
Дар ноҳияи Спитамен бо усули суперинтенсивӣ дар 5 гектар гармхона бунёд гардидааст, ки назираш танҳо дар Швейтсария аст. Дар як гектар боғи навбунёди интенсивӣ 3000 ниҳол нашъунамо дорад.
Ин ҳама имкон медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум дар муқоиса бо дигар навоҳӣ ба маротиб беҳтар бошад.
- Мисоли онро мо дар бозори ин ноҳия дида метавонем, ки аз дигар ноҳияҳо мардум барои харид ба ин ҷо меоянд.
- Мардуми ин ноҳия аз бозордорони таҷрибадори қадиманд, - мегӯяд Темур Нӯъмонзода бо ифтихор.
Аммо дар ин ноҳия ҳам мушкилоте, ки раисро ба ташвиш биёрад кам нест. Проблемаҳои инфрасохтор, мушкилоти обу корез ва дигар таъминоти умдаи аҳолӣ ҳанӯз аз нигоҳи Темур Нӯъмонзода кофӣ нест.
- Ҳарчанд имсол мо проблемаи об надоштем, вале ин мушкилот ҳанӯз ҳалталаб боқӣ мемонад.
Дарёфтам, ки дар ин замина онҳо проектҳо омода ва пешниҳод кардаанд, ки бо дастгирии Ҳукумат дар муҳлати наздиктарин пайи ҳалли онҳо хоҳанд шуд.
Мушкилоти дигар, ки аз назари раис хеле нигаронкунанда аст ин масъалаи замини наздиҳавлигӣ аст. Алҳол 6000 аҳолии ноҳия дар навбати заминанд.
Нӯъмонзода аз рушди деҳот, ки бо чароғонии кӯчаҳо, сохта шудани мактабҳои замонавӣ, гулу гулкории раставу ҷойҳои истироҳатӣ, бунёди сохтмону хонаҳои муосире, ки худи мардум месозанд, бо ҳарорат ва самимияти беандоза ҳарф зад. Маълум аст, ки миёни раис ва аҳолии ноҳия муносибати хуб ва меҳру муҳаббат самимист.
Ифтихори дигари раис аз он буд, ки 70 фоиз хатмкардагони макотиби ноҳия ба мактабҳои олӣ шомил гаштаанд, ки ин мушкили кадриро дар ояндаи наздик ҳал мекунад.
Маҳаллаҳо обод гашта, рушд дар ҳама самтҳои ҳаёт эҳсос мегардад. Шояд аз ин сабаб вабо дар ин ноҳия нисбати дигар навоҳӣ камтар аст, ки аз ин ҳам шукр мегӯяд раис.
Новобаста ба ин мушкилоти назарногир мардум тариқи ҳашар то 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ як беморхонаи сироятӣ сохтанӣ ҳастанд.
Ҳамчунин, 410 объектҳои ҷашнӣ аз қабили чойхона, ошхона, майдонҳои варзишӣ, хонаҳои баландошёна бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммомҳо, нонвойхонаҳои замонавӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва дар ҷамоатҳои деҳот ташкили инфраструктураи маишӣ дар назар аст.
Нигаронии раис аз нарасидани кадрҳои соҳаи тандурустӣ баҷост. Зеро пандемия ҳамаи моро ҳушдор дод, ки ин масъалаи сиҳатии аҳолӣ андаке
нест.
- Мардуми ноҳияи Спитамен аслан инсонҳои оромтабиату меҳнатианд. Ин баҳоро ба онҳо хеле пештар аз ман Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Абдуғаффор Самадов дода будаанд, ки ман дар амал ба он қоил шудам, - суханашро ҷамъбаст мекунад раис.
Ман бовар мекунам, ки ҷавонтарин раис хеле шахси хуштолеъ аст, зеро мегӯянд: «Ёр аҳл бошад, кор саҳл аст». Яъне маҳз дастгирии мардум дар муваффақияти баъдии кори ин кадри ҷавони ояндадор саҳм хоҳад гузошт.
Аммо барои як ҷавони 36- сола саҳл нест, ки барои бовари бештари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба он андозае сазовор бигардад, ки боварии Сарвари давлат ва мардум ба ӯ яксон бошад. Аммо дониши фароху истеъдоди сарварии Темур Нӯъмонзода моро эътимод мебахшад
ГУЛИСТОН БОЯД МАКОНИ ФАРАҲБАХШИ КИШВАР БОШАД
Азбаски суҳбати мо бо дигаре аз раисони ҷавони вилояти Суғд Фирдавс Шарифзода замони раисии ӯ дар шаҳри Гулистон ба вуқӯъ пайваста буд, ман наметавонам аз корҳои мондагори ӯ дар ин шаҳр чанде хотиррасон нагардам. Охир ба Шарифзода ҳам кори мустақили сиёсатмадориро ҳамчун ҷавони кордону босавод ва тозакору навҷӯ вақте бовар карданд, ки ӯ низ хеле ҷавон, яъне 35- сола буд.
Аз раис мепурсам, ки махсусияти шаҳри Гулистонро дар чӣ мебинад?
- Ин шаҳри саноатӣ - сайёҳист- посух мегӯяд ва перомуни миёни шаҳру навоҳии дигар тафриқа ва махсусият доштани ин шаҳри назди соҳил бо шавқ қисса мекунад.
27 фоизи маҳсулоти саноатии вилоят дар ин шаҳр истеҳсол мегардад. Гулистон дорои 35 корхонаи саноатист. Аз ҷумла, Корхонаи коркарди гандум бо номи "Фаровон", Корхонаҳои кӯҳӣ- саноатии Тоҷикистону Чин, "Апреловка", "Қоидаҳои Қайроққум" ва дигар коргоҳҳои саноатӣ бо истеҳсолоти худ аллакай номдор гаштаанд, мебошад.
Танҳо дар як корхонаи муштараки кӯҳӣ- саноатии Тоҷикистону Чин зиёда аз 3000 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Шарифзода бар ин назар аст, ки коркарди маҳсулоти бештар дар Ватан ба роҳ монда шавад, то ба ин васила, муҳоҷират камтар гардад ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад.
-Имсол, мегӯяд ӯ, бо ифтихор ин вабои ногаҳонӣ моро водор кард, то нақшаҳои истеҳсолии бархе аз корхонаҳоро фавран дигар созем.
Мо дар давраи пандемия тамоми ҷумҳуриро бо спирти 96 -фоиза таъмин кардем. Ба хотир меорам он маҳлулҳои спиртдори антисептикиро, ки дар муҳлати наздик ба тамоми корхонаву идора ва хонаҳои мардум ворид гашт.
Корхонаи шишабарорӣ, ки соли 2020 бо ширкати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман ифтитоҳ гашта буд, барои қисмати аъзами кишварро бо зарфҳои шишагӣ, коғаз ва спирти тиббӣ таъмин кардан иқтидор дорад.
Корхонаи коркарди "Мурғи аълосифат" аз тухм то бастабандии гӯшти мурғро бо иқтидори 200 ҳазор дона дар як вақт фаъолият дорад. Боиси қайд аст, ки маҳсулот ва тамоми хӯрокаи парвариши мурғи ин корхона ҳам дар дохили он истеҳсол мегардад.
Масъалаи рушди сайёҳӣ, ки имконияти ин шаҳр барои он бештар аст, барои буҷаи он яке аз сарчашмаҳои асосии даромад аст.
Дар як вақт зиёда аз 2050 нафарро дар ин шаҳр метавон қабул ва хизматгузорӣ кард. Дар ҳоле, ки рушди сайёҳӣ дар олам яке аз соҳаҳои сердаромадтарин аст, ин далел аз кордонии шаҳрдор дарак медиҳад.
Осоишгоҳҳои Баҳористон, Соҳил, Шифо, Фирӯз-плаза урдугоҳи Шоҳин, коттеҷҳои зиёди шахсӣ ва дигар макони сайру саёҳат, истироҳату табобат, фароғатгоҳҳои замонавӣ барои ин мақсад омода гаштааст.
Сохтмони меҳмонхонаи ҳафтошёнаи панҷситорадор барои рушди сайёҳӣ бештар дар ин мавзеи хушбоду ҳаво шароити мусоидтар фароҳам меорад.
Имсол дар Гулистон зери роҳбарии Фирдавс Шарифзода дар масъалаи ободонии шаҳр корҳои мондагоре анҷом шуданд.
Аз 180 иншооти ҷашнӣ 150- тои он то моҳи августи соли равон ба истифода дода шуд.
Ғайр аз ин, боз 70 иншооти ғайринақшавӣ бунёд гардидааст, ки онҳо симои ин шаҳри замонавиро боз ҳам зеботар хоҳанд кард.
Мушкилоти андози давлат дар ин шаҳри саноатӣ дида намешавад. Ҳама ҷо тозаву озода ва гулу гулзор гашта, одамон ҳаёти осуда доранд.
Аксари корҳоро мардум тариқи ҳашар иҷро мекунанд, ки ин як анъанаи хубест.
Сӯҳбатамон бо раиси муваффақ ва ҷавон Фирдавс Шарифзода атрофи дигар нақшаҳо ва амалҳои ӯ тӯлонӣ буд.
Аммо то ба нашр омода кардани матлаби мазкур вазифаи ин ҷавони кордону боғайрат дигар шуд, аз ин рӯ, аз корҳои хуби ӯ дар шаҳри Гулистон бо ҳамин иктифо мекунем.
Таъйин гаштани ӯ ба вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд худ гувоҳи он аст, ки ин бовар ба вай танҳо натиҷаи меҳнати софдилона ва заҳматҳои содиқонааш будааст.
Пас, ин ду кадри арзандаи боварӣ собит мекунад, ки ҷавонон дар рушди ҳарчи зудтари Ватан бо истифода аз донишҳои муосир шояд аз насли пешин кордонтар ҳастанд?
Мо насли калонсол бояд ба онҳо бовар кунем, танҳо дар сурати итминон бар донишу ташаббусҳои навҷӯвонаву муосирашон, дар паҳлуи онҳо бошем, зеро асри 21 асри технологияи муосир ва рушди босуръати ҳаёт аст, ки маҳз ҷавонон фарогири ин донишҳоянд.
Ҳуриннисо АЛИЗОДА,
Душанбе-Суғд- Душанбе

Вернуться назад