Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, барф меборад

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, барф меборад

9-12-2020, 10:43
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, барф меборадИмрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳаво аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона тағйир ёфта, 13-18 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, барфи суст меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+3 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар буда, туман мефарояд Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: