Дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, боридани барф дар назар аст17-01-2020, 10:06
Хабарро хонданд: 270 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳо боридани барфи суст пешгӯӣ мешавад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, ![]() Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барфи суст меборад. Дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок дар назар буда, танҳо охири рӯз дар доманакӯҳҳо барф меборад. дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барфи суст меборад. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шаҳри Душанбе абрнок шуда, нимаи дуюми рӯз барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.