Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ХАЛҚПАРВАР

30-10-2020, 10:30
Хабарро хонданд: 284 нафар
Назарҳо: 0
ХАЛҚПАРВАР
Меҳрнома


Солҳои охири асри ХХ хушбахтона, бахти миллати ҷафодидаи тоҷик омад карду тоҷикон соҳиби истиқлолияти миллию давлатӣ шуданд. Ин санаи муқаддас- 9 сентябри соли 1991 эълон мешавад. Воқеан ҳам, соҳиби истиқлолият шудан, орзуи ҳазорсолаи халқҳои дунё аст. Ҳамин тариқ, дар харитаи олам боз як давлати соҳибистиқлол бо номи Тоҷикистон пайдо мешавад.
Худованд ба мардуми Тоҷикистон меҳрубонӣ намуда, барояшон роҳбареро сари давлат овард, ки бо ҷоннисориву фидокорӣ миллати тоҷикро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо бахшид. Ин Сарвари баландиқболи миллат, фарзанди фарзонаву бо нуру сафо Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.
Вақте мардуми тоҷик паси сангарҳо қарор гирифта, муқобили ҳамдигар ҷанг мекард, касе роҳбарии кишварро ба уҳда нагирифт. Зеро дар шароити ҷанги бародаркуш роҳбари давлат будан бори сангин ва хатари зиёд дошт. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои барои миллат мушкилу тақдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе ягон тарсу ҳарос, бо шуҷоати том ва иродаи қавӣ ин бори сангинро бар дӯш гирифта, дар суханронии аввалини худ дар «Қасри Арбоб» аҳд карданд, ки ба халқи тоҷик сулҳ меоваранд ва боиси сарфарозист, ки Сарвари давлат ба савганди худ вафо карданд. Фаромӯш нашудаанд он рӯзҳое, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои гуфтушунид аввалин бор ба Афғонистон сафар карданд. Ин сафар кафолати бехатариро дода наметавонист. Бо ҷоннисорӣ, далериву шуҷоат, ақлу заковат ва хиради худодод муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро сари мизи сулҳу оштӣ шинонданд.
Дар ин радиф, олими намоёни тоҷик Қурбон Восеъ аз рӯйи мушоҳидаҳояш дар он солҳои душвори халқу давлат дар яке аз мақолаҳояш навишта буд: «Гумон мекунам Худованди бузург ҷисму ҷони Президент Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷавҳари ваҳдат сохтааст. ӯ, бешубҳа, мунодии сулҳу субот, рафоқат, дӯстӣ, бародарӣ, баробарӣ, ягонагӣ, иттиҳоду ваҳдат аст. Аз чеҳраи нуронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нури сулҳу сафо, оштӣ, хайрхоҳию накукорӣ падидор аст».
Ин аст, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон Пешвои худро ҳамчун наҷотбахши давлату миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгари мактабдории муосири миллӣ эътироф менамоянду ба Ҷаноби Олӣ эҳтироми бепоён доранд. Зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Сарвари давлат ва Пешвои миллат тӯли солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ормонҳои бузурги миллӣ, рушди пайвастаи кишвар ва фароҳам овардани зиндагии шоиставу пурсаодат барои халқ бо дарки масъулияти баланди ватандориву соҳибдавлатӣ ҳамаи хираду маҳорат, ақлу заковат ва донишу истеъдодашро сарф карданд.
Ба шарофати сулҳ- ғояи миллии тоҷикон, гавҳари гаронбаҳои миллатамон дар як муддати кӯтоҳ тақрибан як миллион нафар гурезаро ба Ватан баргардонида, садҳо ҳазор манзили вайрону валангор, мактабу биноҳои маъмурӣ, пулҳо ва иншооти дигари харобгардида, ки дар маҷмӯъ, даҳ миллиард доллари амрикоиро ташкил менамуд, бо азму талоши мардуми созандаву ободкорамон таъмир ва барқарор карда шуд.
Собиқ муншии кули Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан дар яке аз мусоҳибаҳои матбуотии худ чунин таъкид намуда буд: «Тоҷикистон ба бисёр мамлакатҳо дар бобати яктарафа шудани ихтилофи дохилӣ ибрати беназир нишон дод. Ин саҳми муҳими Тоҷикистон ба таърихи эҷоди сулҳофаринист». Владимир Путин, Президенти Федератсияи Россия, дар ҷараёни яке аз сафарҳои худ ба Тоҷикистон татбиқи ислоҳот ва раванди демократиро дар кишвари мо чунин арзёбӣ кардааст: «Он чи дар Тоҷикистон мегузарад, барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои ҷаҳон намунаи ибрат аст».
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нодир буда, дар давлатҳои ҷангзадаи дунё онро мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор додаанд, зеро дар таърих кам ҳолатест, ки миллате бо ҳам ба низоъ омада, дар кӯтоҳтарин муддат сулҳ бандад. Таърих гувоҳ аст, дар чунин ҳолат ҷанги бародаркушӣ солиёни дароз идома ёфта, мардуми зиёд талаф ва давлатҳо хароб гаштаанд. Бешубҳа, сулҳи тоҷикон дастоварди бузургтарини миллат бо сарварии Президенти кишвар мебошад, ки ӯро дар дидаи мардум маҳбуб сохт.
Агар Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон қалъаи амнияти Тоҷикистон, кохи шаъну шарафи миллати хеш аст ва дар паси шонаҳои ӯ чун дар паси девори кафолату амнияти Тоҷикистон истиқлолияти ин миллати азияткашида, ин миллати имрӯз сарбаланд, ин миллати хуҷаставу фарҳангпарвар бунёди тоза меёбад.
Дар ҳақиқат таҳти сарварии хирадмандонаи ин марди шариф ва роҳбари нодир тайи солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои азимро ба анҷом расондем. Пеш аз ҳама кишвари азизамонро аз сари нав сохтем. Мушкилоти роҳҳо, барқро дар кишвар ҳал кардем. Саноатикунонии хоҷагии халқро ба роҳ мондем. Истеҳсолотамон хуб шуд.
Ба кор даровардани ду чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро аз тариқи телевизион тамошо кардам. Як бор не! Чанд маротиба, гаштаю баргашта тамошо кардам. Хуб дарк кардам, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати ҷафодидаи тоҷик чӣ қадар азизу муътабар аст.
Воқеан ҳам, ӯ миллаташро сарҷамъу муттаҳид карда тавонист. Аз ин лиҳоз, ҳамчун як шаҳрванд дуо мекунам, ки Пешвои азизи миллати моро Худо дар паноҳаш нигоҳ дорад. Акнун, бубинед, ки собиқ сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол нисбат ба Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон чи нуқтаи назар доранд: «Танҳо пешвоёни миллӣ нодир ва дурандеш, мисли Президенти Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон метавонанд фазои неку созандаро аз миёни марзҳо ва ба василаи талошҳои самимиву содиқона, ки барои манфиати ҳамаи инсоният равона шуданд, фароҳам оварда, дар минтақа паҳн мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат марди шариф ва роҳбари нодир аст».
Шоир, достоннавис ва рӯзноманигори эронинасли муқими иёлати Калифорнияи Амрико Масъуди Сипанд дар сифоти Пешвои мо мегӯяд: «Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар ин ҷо – Тоҷикистон, балки дар Аврупову Амрико ва дар ҳама ҷо маҳбубият дорад ва дӯсташ медоранд. Дӯстони ман дар Амрико мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон аҷаб мардест, ки тавонистааст пеши роҳи нодорӣ, нооромӣ ва бесуботиро бигирад ва ба мардумаш сулҳ оварад. Ин қадар донишгоҳ дар Тоҷикистон таъсис шуда ва ин имкон медиҳад, то афкори мардум пеш равад. Вақте фикри мардум боз мешавад, мамлакат дар ҳоли пешрафт қарор мегирад. Ҳазорон дуруд ва сипос ба ин абармарди таърихи Тоҷикистон!».
Вобаста ба қаҳрамониҳои ин абармарди миллат филми мустанаде бо номи «Марди роҳ» офаридаанд, ки корнамоиҳои Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба таври равшану возеҳ таҷассум менамояд ва бояд филми болозикр дар мактабҳои миёна, миёнаи махсус, донишкадаҳою донишгоҳҳо намоиш дода шавад, зеро агар шахс таърихи давлати миллату халқи худро надонад, ба қадри давлату миллат ва хоку сарзамини худ намерасад. Мардуми шарифи Тоҷикистон қаҳрамонии ин абармарди миллатро эътироф ва ҷонибдорӣ намуда, ӯро ҳамчун Пешвои миллати худ эълон доштанд, ки воқеан ҳам тасмими саривақтӣ ва арзанда аст.
Дар меҳвари сиёсати Роҳбари давлат қарор гирифтани рушди соҳаи маориф ва афзалиятнок баршумурдани он, ки ба тавлиди тафаккури нави миллӣ, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст ва босаводу бомаърифат шудани насли ҷавон нигаронида шудааст, яке аз самтҳои бунёдӣ ва усулии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Бунёди донишкадаву донишгоҳҳо, ифтитоҳи филиалҳои донишкадаву донишгоҳҳои муътабари ҷаҳонӣ дар кишвар, муассисаҳои таълимии муосир гувоҳи барҷастаи он аст, ки Пешвои миллат ба рушди фикрӣ ва ташаккули зеҳнии насли ҷавону ояндасози Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд.
Бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат – Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ… ва дар ин замина гиромидошту тақдири устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур бо унвони олии давлатӣ, яъне Қаҳрамони Тоҷикистон шаҳодати вориси ҳақиқӣ ва аз табори бузургон будани Эмомалӣ Раҳмонро собит менамояд. Ин амали неку писандидаи ӯ барои ба вуҷуд омадани эҳсоси гарми ватандӯстию ватанпарастӣ ва таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, бедории фикрӣ ва шинохтани таърихи ғанию пурифтихори халқи тоҷик мусоидат намуданд.
Пос доштани гузаштаи пурифтихор, сабақ гирифтан аз таърихи ғанӣ, эҳтиром гузоштан ба мероси фикрию маънавӣ ва идома додани ин рисолати шарифи инсонӣ ба таҳкими истиқлоли давлатӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва маънавӣ ва дар роҳи сохтани давлатдории навини миллии тоҷикон аҳамияти ниҳоят калон дорад, ки онро метавон сохтори мактаби сиёсии Президенти мамлакат номид.
Таҷлили бузургтарин ҷашнҳои аҷдодӣ аз қабили Наврӯз, Меҳргону Сада дар сатҳи баланди давлатӣ ва мақоми давлатӣ гирифтани «Шашмақом»-у «Фалак» меросдори тамаддуни бостонӣ, фарҳанги миллӣ ва ҳомии оину суннатҳои мардумӣ будани Роҳбари давлатро нишон медиҳад. Хусусан, ба яке аз ҷашнҳои ҷаҳонӣ табдил ёфтани ҷашни Наврӯз, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дошта, ба рушди суннатҳои фарҳанги миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва бедории миллии мардуми тоҷик мусоидат намуд, далели ин гуфтаҳост.
Ҳисси хайрхоҳӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои бунёдии миллатҳои дигар имрӯз боиси он гардидааст, ки номи Сарвари давлати мо дар дигар кишварҳои минтақа низ бо эҳтиром ва муҳаббати хосса ёд мешавад. Дар сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Ҷумҳурии бародарии ӯзбекистон сурат гирифт, Президенти ӯзбекистон Шавқат Мирзиёев ҳангоми супурдани яке аз орденҳои арзишманди кишвараш «Эҳтироми сарзамини авлодӣ» («Эл юрт ҳурматӣ») хизматҳои арзишманди Роҳбари давлати тоҷиконро таъкид намуда, махсус зикр кард, ки маҳз пуртоқативу дурандешии Эмомалӣ Раҳмон заминаи устуворе барои дар сатҳи нав роҳандозӣ намудани муносибатҳои ин ду кишвари ҳамсоя ва дӯст барқарор гардидани муносибатҳои таърихии ин ду миллати бародар фароҳам овард.
Сарфароз мешавам, вақте қисса мекунанд, ки мардуми кишварҳояшон ҳангоми «Тоҷикистон» гуфтан, пеш аз ҳама симои Президенти мо – Эмомалӣ Раҳмонро пеши назар меоранду тамоми тоҷиконро мисли он кас хушсимо, болобаланд, хушмуомила тасаввур мекунанд. Ин воқеият аст. Пешвои муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон дар сурату сират ва дар фаъолияти сиёсию ҷанбаҳои дигари роҳбарӣ симои воқеии тоҷикону Тоҷикистон мебошанд.
Воқеан, имрӯз ба ҳар гӯшаю канори Тоҷикистон сафар кунем, аз ободию зебогии ин кишвари куҳан аз ифтихор ба ваҷд омада муроҷиат мекунам: Тоҷикистони ҷоноҷон, ту бузургмодарам ҳастӣ ва бо ин ҳама зебоию ободиат ифтихор дорам. Таманнои онро дорам, ки ҳамин хел то абад зебою обод бимонӣ! То ҷон дар рамақ дорам, дӯстат медорам!
Норак, ки яке аз гӯшаҳои диёри азизам ба ҳисоб меравад, бо боварӣ мегӯям, ки то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз барои ояндагон ва сокинонаш зеботарин минтақаи сайёҳии Тоҷикистони ҷоноҷон хоҳад шуд.
Дар ин ҷода, ба фарзандони ин кишвар хосса ба ҷавонони азиз зарур аст, ки худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихор аз миллату давлатро аз даст надиҳанд.


Ҳусейн Мирзоев,
Аълочии фарҳанг ва матбуоти
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Шаҳрванди фахрии шаҳри Норак
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: