Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » МУЛОҚОТИ ОНЛАЙНИИ АБДУҶАББОР АЗИЗӢ ДАР БАХШИ ПЛЕНАРИИ ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАЙНИҲИЗБИИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

МУЛОҚОТИ ОНЛАЙНИИ АБДУҶАББОР АЗИЗӢ ДАР БАХШИ ПЛЕНАРИИ ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАЙНИҲИЗБИИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

30-10-2020, 11:11
Хабарро хонданд: 458 нафар
Назарҳо: 0
МУЛОҚОТИ ОНЛАЙНИИ АБДУҶАББОР АЗИЗӢ ДАР БАХШИ ПЛЕНАРИИ ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАЙНИҲИЗБИИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ
22 октябри соли ҷорӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар доираи баргузории видеоконференсияи Форуми байналмилалии байниҳизбии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай+ дар мавзӯи «Иқтисод барои мардум» маърӯза кард.
Дар оѓози суханронӣ ба иштирокчиёни Форум аз номи Раиси муаззами ҲХДТ салому паёми самимиро иброз намуд.
Зикр гардид, ки гузаронидани ҳамоиш-имконияти хуб аст барои мубодила ва ибрози андеша вобаста ба масъалаҳои муҳим барои ташкили ҳамкорӣ миёни ҳизбҳои давлатҳои «оилаи СҲШ» ва дигар кишварҳою ташкилотҳои манфиатдор.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ таъкид намуд, ки иқдоми баргузории чорабинии имрӯза-нақши бузурги Федератсияи Россияро ҳамчун раисикунандаи СҲШ муқаррар мекунад ва ҳадафаш таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстонаю пурманфиат дар доираи амалисозии талаботи созмон аст.
Дар рафти мулоқоти онлайнӣ Абдуҷаббор Азизӣ як қатор масъалаҳои муҳими иқтисодиро вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, ташкили ҳамкории судманди иқтисодию савдоӣ, энергетикӣ, татбиқи лоиҳаҳои ифрасохтории сохтмони пулҳо, роҳҳои автомобилӣ, оҳан ва гузаргоҳҳои нақлиётӣ, ки метавонад такони нави рушди ҳамаҷонибаи устувори иқтисодиро таъмин намояд, таъкид намуданд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: