Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ОИНАИ ХАЁЛ

16-10-2020, 11:08
Хабарро хонданд: 930 нафар
Назарҳо: 0
ОИНАИ ХАЁЛ
(Андешаҳо дар атрофи китоби тозанашри синамошиноси варзида, узви ҳакамоти фестивалҳои байналмилалии синамо аз Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа профессор Саъдулло Раҳимов “Очерки истории и теории таджикского кино: этапы идентификации” Душанбе-2020, нашри аввал)

Сар аз ҷайби тафохур мекунам беруну мегӯям,
Бухорои диламро маснади сад анҷуман кардам.

Ин ҳарфу ҳиҷои саропо пур аз меҳру муҳаббати олим, муҳаққиқ ва шоири ширинкаломи охири асри ХVII ва оғози асри ХVIII тоҷик Кироми Бухороӣ, дар посух ба абёти шоири ширинкаломи шуҳратёри классики тоҷик Амир Хусрави Деҳлавӣ «Ман имшаб меҳмони ҷони хешам» мебошад, ки устод Саъдулло Раҳимов дар равоқи муқаддимаи китобаш онро овардааст.
Номи пурифтихори устод Саъдулло Раҳимов ҳамчун муҳаққиқ ва синамошиноси варзида дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ пуровоза буда, асарҳои зебоишиносӣ ва фарҳангиву фалсафии ӯ ҳанӯз аввали солҳои ҳаштодуми садаи гузашта миёни олимони ҷавони фарҳангшиносӣ он кишвари афсонавии овозадори собиқ Иттиҳоди фарҳангпарвару инсонпарвари абарқудрати Шӯравӣ сару садоҳои зиёдеро ба миён оварда буд. Ин муҳаққиқ ва файласуфи шинохта бо муҳаббат ва садоқати зиёди ватандорӣ умри ҷавони хешро сарфи тадқиқот ва пажӯҳишҳои зебоишиносӣ ва фарҳангу фалсафаи ориёи номвар ва овозадор намуда, бо дид ва нигоҳи хирадмандонаи Шарқӣ вориди олами пуровоза ва пур аз таровату назокати Шарқ гардида, осори атиқаи ин хиттаи номварро мавриди омӯзиш ва тадқиқотҳои хеш қарор додааст. Ва ҳамин баҳри бекаронаи маърифати пурҳикмати атиқаи Шарқ ӯро вориди олами ҳастие намуд, ки саропо ҳикматрезу ҳикматхез буда, оламиён тӯли ҳазорсолаҳо ғарқи ин баҳри маонӣ будаанд. Устод Саъдулло, ки зодаи хоки поки ориё ва парвардаи хонадони шуҳратёри ориёӣ будаст, аз сидқ ва садоқати ватандори шомили ин баҳри бекаронаи ҳикмат гардида, ба суолҳои беҷавоби пур аз ҳикмати аҷдодони ориёиаш посух меҷӯст. Ҳанӯз, замони коромӯзи Донишкадаи фалсафаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буданашон дар шаҳри Маскав меҳру муҳаббат ва садоқати баланди ориёӣ ӯро вориди таърихи фарҳангу фалсафаи бузурги ин қаламрави ҷовидонӣ намуда буд.
Нахустин пажӯҳишу тадқиқотҳояш дар замони маърифатпарвари Шӯравӣ рӯи чоп омада, баҳсҳои зиёдеро миёни олимон ба миён оварда буд. Он замон, дар шаҳри Маскав дар Донишкадаи фалсафаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ барои як тоҷики ташнаи фарҳанги миллӣ коре буд басо сангин. Баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ, рӯ овард, ба таърихи аҷдодон ва қаламрави пурҳикмати ориёӣ. Дар оинаи хаёл наворҳои пур аз ҳикмати гузаштагонаш оҳиста-оҳиста ҷилвагар гардида, ӯро вориди дунёи ҷовидонӣ гардонид. Муҳаббат ба олами синамо ӯро ором нагузошт. Ошноӣ бо бузугртарин чеҳраҳои синамо ва филмофарон дид ва нигоҳи зебоишиносии ӯро ба кулли тағйир дод. Ҳамакнун, ӯ нигоштаҳояшро рӯи саҳнаи ҳунар дидан мехост. Ҳамон шабу рӯз, олами синамо ба чунин нафар хеле ниёз дошт. Баъзе аз нуқсу норасоиҳои синамо аз диди ҳунари асил ва фалсафаи зиндагӣ ӯро бо қисмат ва сарнавишт дасту гиребон карда буд. Рӯзгори бузургтарин нақшофарон ва филмофарони тоҷик ӯро ором нагузошт. Ниҳоят, ҳамнишин ва ҳамсиришташон гашт. Он замон забони синамо, забони қаламрави бузурги наздик ба 300 миллион бошандаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ русӣ буд. Нахуст нигоштаҳояш дар перомуни синамо бо забони русӣ бо номҳои “Луч Экрана” 2004 “Из истории Эстетических воззрений таджикского народа”-2005, “Эстетика зароастризма”-2006, “Энциклопедия кино Таджикистана”-2012, “Актуальные проблемы таджикской-культуры”-2020, рӯи чоп омада диққати зиёди олимони соҳаи синаморо ба худ ҷалб намуд. Тадқиқоти «Актуальные проблемы Таджикской културы» бо сарсухани академик Мусо Диноршоев бузургтарин тадқиқоти фарҳангшиносӣ дар сӣ соли истиқлолияти давлатӣ ба шумор рафта, ин татқиқот шоистаи бузургтарин арҷгузорӣ мебошад. Ҳамин тавр, мақолаҳои илмиву тадқиқотиаш дар маҷаллаву донишномаҳои кишварҳои собиқи Шӯравӣ Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, ӯзбекистон ва кишварҳои Эрон, Фаронса, Британияи Кабир, Олмон, Кореяи Ҷанубӣ ва даҳҳои дигар рӯи чоп омада, шуҳрати санъати синамошиносии тоҷик машҳури оламиён гардид. Устод Саъдулло Раҳимов аз соли 1987 то соли 1997 вазифаи раиси синамогарони Тоҷикистонро ба уҳда дошта, дар рушду нумӯи кинои тоҷик саҳми бузурги хешро гузоштааст. Аз соли 1999 то ба имрӯз ба тадқиқот ва пажӯҳиши илмӣ дар риштаи фалсафаи фарҳанг дар Донишкадаи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи ба номи академик А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ ба сифати мудири бахши фалсафаи фарҳанг фаъолияти пурсамар дошта, ҳамзамон, узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавор ва раиси Кинофестивали байналмилалии “Дидор” мебошад. Китоби тозанашри “Очерки истории и теории таджикского кино: Этапы идентификации” яке аз пурарзиштарин китоб дар перомуни таърихи синамои тоҷик ба шумор рафта, фарогири сиву ҳашт мақолаи илмиву тадқиқотӣ буда, аз таърих, рӯзгор ва роҳи тайкардаи синамои тоҷик дар ҳафтод соли Шӯравӣ ва сӣ соли истиқлолият маводҳои пурқиматеро рӯи чоп овардааст, ки барои ҳаводорони синамои тоҷик ва муҳаққиқину синамошиносони ояндаи кишвар пурарзиштарин китоб дар тӯли сӣ соли истиқлолият мебошад. Устод Саъдулло дар муқаддимаи китоб хеле ҷолиб роҳи тайкардаи синамои тоҷикро таҳлил намуда, бо далелҳои илмӣ бурду бохти синамои тоҷикро мӯшикофона ҳамчун ягона мутахассиси касбии синамо баён намудааст. Дар муқаддимаи китоб хеле ба маврид ва асоснок андар шинохти синамои тоҷик овардааст, ки синамои тоҷик дар замони Шӯравӣ як рукни пайвастаи пайкараи синамои Шӯравӣ буд. Ҷанбаҳои миллии филмҳои он замон камтар буда, бештар ба ғояҳои башардӯстӣ ва ватанпарварии Шӯравӣ аҳамият медоданд. Ҳарчанд, ки баъзе аз кишварҳои қаламрави Шӯравӣ дар ҳамон замон тавонистанд, ки дар филмҳояшон орзуву ормонҳои миллиашонро нишон бидиҳанд. синамои тоҷик ва филмбардорони тоҷик, ки парвардаи мактаби бузурги синамои Шӯравӣ буданд, аз нигоҳи зеҳнии Шӯравӣ на аз нигоҳи фарҳанг ва тамаддуни миллӣ ба фарҳанги синамо муносибат менамуданд. Нахуст бедории милливу фарҳангӣ ба синамогарони тоҷик дар замони “Бозсозии Горбачёвӣ” муяссар гардида буд. Филми устод Бақо Содиқов “Адонис-XV” ва филми Сайф Раҳими Афардӣ “Падруду пайғом” нахустин филмҳои ҷанбаи миллӣ доштаи замони Шӯравӣ буданд, ки аз фарҳанг ва фалсафаи зиндагӣ ва рӯзгори миллати қаҳрамонофари достонангези тоҷик ба тамошобин бо забони дард ва сӯз қиссаҳои ҷонгудозеро ҳикоят менамуданд. Аммо синамои солҳои сиюми тоҷик бо ҳама паҳлуҳои эҷодӣ таҷассумгари коргоҳи қаҳрамонони кору пайкори Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ буда, қаҳрамонҳои он филмҳо на танҳо ҳамчун тоҷик, балки дар сурати тоҷик як фарди сохтаи Шӯравие буд, ки бо тамоми маҳорат ва истеъдоди баланди ҳунармандӣ образи шаҳрванди Шӯравиро манзури тамошобинон мегардонид. Аввалин филми бадеии беовози студияи Тоҷиккино филми “Муҳоҷир”-и режисёри шинохта ва шуҳратёри Тоҷикистони Шӯравӣ Комил Ёрматов дар ҳамон замон соҳиби эътибори хеле баланд гардида, синамои тоҷик овозадори тамоми қаламрави собиқ Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ гардида буд. Нақши Комил қаҳрамони асосии филм аз ҷониби ҳунарманди шинохта Комил Ёрматов таҷассумгари ҳунари баланди мардумӣ мубориза ва таззодҳои ду сохтор, сохтори куҳнаи феодалӣ ва сохтори нави сотсиалистӣ, ҳаракат ва сарулибоси миллӣ манзараҳо ва табиати афсунгари Шарқ агар ифодагари асолати миллӣ маънидод гардад ҳам рӯҳу равони филм дар либоси шинами сотсиалистӣ ба ибораи дигар реализми сотсиалистӣ манзури тамошобинон гардида, дар сурати муборизаи тафаккури нав ва куҳна ҳама ҳаракатҳои худшиносии миллӣ зери муҳри куҳнагароии феодалӣ пинҳон гашта шуури нави сотсиалистӣ ифодагари орзӯву ормонҳои қаҳрамонони асосии филм нишон дода мешуд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Комил Ёрматов тавонист, ки ба оламиён асрори нокушодаи гиреҳҳои муборизаи миллии озодихоҳии тоҷиконро нишон бидиҳад. Ҳамин тавр, синамои тоҷик қадамҳои устувори хешро дар қаламрави кинои Шӯравӣ гузошт. Омадани синамогарони машҳури Шӯравӣ ба Тоҷикистон Л. Кулешова, О. Брик, В.С. Вишневского, Н. Достал ва Д. Тарасов ба кинои тоҷик такони ҷиддие бахшид. Мактаби касбии наворбародӣ ва филмнависиву филмофарии ин ҳунармандон роҳи нави камолотро боз намуд. Ҳамакнун, ҳунармандони тоҷик аз мактаби бузурги ин синамогарон сабақ омӯхта, қадамҳои устувори хешро рӯи саҳнаи синамои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мегузоштанд. Худи Комил Ёрматов аз мактаби бузурги С. Эйзенштейн ва Л. Кулешов сабақ омӯхта, ба мақоми баланди филмофарӣ расидааст. Ҳамин тавр, дар китоб фаъолияти эҷодии устод Б. Кимёгаров, Тоҳир Собир, Давлат Худоназар, Абдусалом Раҳимов, Ато Муҳаммадҷонов, Зоҳир Дустматов, Валерий Аҳадов, Бахтиёр Худоназаров ва нафарони зиёде аз ҳунармандони касбии синамои тоҷик мавриди таҳлилу тадқиқоти ҷидди қарор гирифта, гиреҳҳои нокушодаи бисёре аз филмҳо боз гардидааст. Инчунин, ҳунари нотакрори бисёре аз ҳунармандони шуҳратёр Комил Ёрматов, София Туйбоева, Муҳаммадҷон Қосимов, Зоҳир Дӯстматов мавриди тадқиқоти ҷиддӣ қарор гирифта, ба ҳунари нотакрори онҳо баҳои воқеӣ дода шудааст. Ногуфта намонад, ки китоб ба садумин солгарди ҳунарманди шинохтаи мардумӣ, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, барандаи ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ устод (Бенсион Ариевич) Борис Кимиёгаров бахшида шуда, шахсияти эҷодии ӯ, ки солҳо пушти парда ношинохта, ба фаромӯшхонаи хотирҳо вогузошта шуда буд, бахшида шудааст. Ҷоннисорӣ, фидокорӣ ва матонату қаҳрамонии устоди равоншод Б. Кимиёгаров дар майдони ҳунари филмофарӣ он қадар бо самимият ва муҳаббати баланди ватандорӣ рӯи саҳфаи китоб омадааст, ки хоса хонандаи ҳушмандро вориди дунёи ҳазорранги ҳунари ӯ намуда, уқдаҳои нокушодаи ҳунари ӯ боз гардида, сурат ва сирати воқеии ӯ ҷилвагар мешавад. Рӯ овардани устод Б. Кимёгаров ба достонҳои “Шоҳнома”-и безаволи ҳаммосасарои шуҳратёр устод Абулқосим Фирдавсӣ нишони барҷастаи хирадмандӣ ва заковати баланди таърихӣ доштанаш мебошад. Достонҳои “Рустам ва Сӯҳроб”, “Сиёвуш” ва “Коваи оҳангар”, ки аз ҷониби миллионҳо хонандагони ҳушманди сайёра пазируфта шудаанд, ки ин эътирофи хонандагон ҳукми Шиносномаи Ориёи бузургро дошта, дар тамаддуни башарӣ ҷойгоҳи махсусро сазовор мебошанд. Рӯи саҳнаи синамо овардани ин достонҳои қаҳрамонӣ кори басо сангин ва заҳматталабе буда, мақоми Рустам ва Сӯҳроб дар достон мисли устураҳои Юнони Қадим ва майдони ҳарбӣ онҳо шабеҳи набардҳои хунини Пешмаргаҳои Аҳромҳои бузург буда, на ҳар чашм ва на ҳар дил тобу тоқати дидани он манзараҳоро дошта метавонад. Устод Б. Кимёгаров аз нигоҳи устод Саъдулло Раҳимов ба синамои тоҷик баъди тарк намудани устод Комил Ёрматов ин даргоҳи муқаддасро на танҳо умри нав бахшид, балки эътибори онро дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун меросбари ориёи бузург овозадор намуд. Бо ҳама мушкилиҳо ва мухолифатҳои баъзе аз ҳамкорон ва рашку ҳасади иддае аз рашкзадаҳо нигоҳ накарда, устод Б. Кимёгаров ҳамчун фарзанди асили Тоҷикистон ба синамои тоҷик бо филмҳои таърихии хеш эътибори ҷаҳонӣ овард. Муаллиф дар мавриди устод Тоҳир Мухторович Собиров низ бо муҳаббат ва самимияти зиёд сухан ронда, филми мазҳакавӣ ва фоҷиавии “Марги судхур” аз рӯи повести устод Садриддин Айниро мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, атрофи қаҳрамони марказии филм «Қори Исмат», ки нақшашро ҳунарманди шинохта шодравон Зоҳир Дустматов иҷро намудааст, хеле бо мантиқи баланд матлабашро баён намудааст. Ростӣ, ҳунари волои ҳунарманди шинохта шодравон Зоҳир Дустматов аз ҷобини даҳҳо муҳаққиқони синамошиноси қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ он замон баҳогузорӣ гардида, ин филм шоҳкории давру замонҳо ном бурда мешуд. Худи устоди равоншод Тоҳир Мухторович Собиров боре дар як мусоҳибааш дар мавриди филми “Марги судхур” ва нақши «Қори Исмат» гуфта буд: “Вақте ки филми “Марги судхур”-ро тамошо мекунам, пеши назарам “Гобсек”-и Бальзак ва “Нудушка”-и Головёва ҷилвагар мешавад ва бо ифтихори зиёд мегӯям, ки нақши «Қори Исмат» барои ҳам рус ва ҳам фаронсавӣ баробари онҳо фаҳмо мебошад». Рӯзгори пур аз дард ва фоҷиаи даргузашти Зоҳир Дустматов ҳамчун як ҳунарманди асил хеле пурдард ба қалам дода шудааст. Фаъолияти эҷодии устоди равоншод Тоҳир Собиров низ хеле хуб мавриди таҳлилу тадқиқот қарор дода шуда, мақоми роҳбариаш дар студияи тоҷикфилм замони аз ҳам душвор ва нобасомониҳое буд, ки кас маҷоли пешгӯии фардоро надошт. Бо ин ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда, ӯ нагузошт, ки гулхани афрӯхтаи устод Кимёгаров хомӯш гардад. Синамои тоҷик он рӯзҳоро низ пушти сар намуда, бо умеди фардои дурахшон гомҳои устуворашро дар майдони ҳунар кам накард.
Ҳамаи нигоштаҳои устод Саъдулло Раҳимов дар перомуни ҳунармандони синамои тоҷик аз нигоҳи касбият ва дарки зебоишиносӣ ҷавобгӯи меъёрҳои мактаби бузурги ҳунар буда, наздики чиҳил соли таҳлилу тадқиқоташ дар риштаи синамои касбӣ шоистаи қадрдонии баланд мебошад. Ҳамин асари пурмӯҳтаво ва арзишмандаш, ки таърих ва роҳи пурпечутоби синамои тоҷикро аз оғоз то аз байн рафтани Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ ва наздики сӣ соли истиқлолияти давлатии кишварро таҷассум намудааст, барои синамошиносон ва муҳаққиқину ҳаводорони ин риштаи пурифтихори ҳунар шиостаи арҷгузории зиёд мебошад. Шахсияти устод Саъдулло Раҳимов ҳамчун олими шинохта миёни донишмандони Донишкадаи илмиву тадқиқотии фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсати Академияи миллии илмҳои кишвар хеле соҳибэҳтиром буда, маҳсули эҷодаш пурарзиштарин тадқиқот дар хазинаи тиллоии илми академикии тамоми қаламрави собиқи Шӯравӣ мебошад. Вақте ки ба Академияи илмҳои ҷумҳурӣ мақоми «миллӣ» дода шуд, аввалин олими касбӣ, доктори илмҳои фалсафа, фарҳангшиноси шинохта Саъдулло Раҳимов ин иқдоми пурифтихорро пуштибонӣ намуда, гуфта буд, ки ба Пешвои муаззами миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири иқдомҳои шоистааш дар фарҳанг ва маорифу маърифати миллӣ додани унвони аввалини академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон айни муддао буда, барои мо олимон шоистаи ифтихор мебошад, ки ин абармарди таърихи навини миллат парчамбардори илми кишвар бошад. Охир, саҳми бузурги ӯ дар рушду нумӯи илм ва маорифу фарҳанги миллӣ на камтар аз устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва устод Мирзо Турсунзода буда, дар қатори онҳо шарафёб гардониданаш ба ин унвон ифтихори ҳамаи олимони воқеии кишвар буда, эътибори илм ва Академияи миллии илмҳои кишвар хеле баланд хоҳад гардид.

Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА


Р.S. Хеле бамаврид мебуд, ки Пешвои муаззами миллат –Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи сисолагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва ба хотири пос доштани номи неки қаҳрамонони арсаи меҳнат ва номусу шарафи ватандорӣ унвони пурифтихори «Қаҳрамони меҳнат»-ро дар Тоҷикистони азиз эҳё менамуд. Мо дар сӣ соли истиқлолият шоҳиди воқеаҳои бузурги кишварсозии номдортарин фарзандони асили миллат гардидаем. Қаҳрамонони воқеии арсаи кору пайкор дар иншоотҳои бузурги асри нав аз қабили Неругоҳи барқи обии «Роғун», нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон» ва даҳҳо корхонаҳои азими дигар, ки эътибори кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ хеле баланд бардоштаанд, сазовор ба ин унвони пурифтихор буда, қадр намудани онҳо аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба ин унвони пурифтихор эътибор ва шарафу номуси ватандории ӯро даҳчанду садчанд хоҳад намуд.




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: