Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » МУЛОҚОТИ РОҲБАРИЯТИ ҲХДТ БО ҲАЙАТИ МУШОҲИДОНИ АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИДМ

МУЛОҚОТИ РОҲБАРИЯТИ ҲХДТ БО ҲАЙАТИ МУШОҲИДОНИ АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИДМ

13-10-2020, 15:13
Хабарро хонданд: 456 нафар
Назарҳо: 1
МУЛОҚОТИ РОҲБАРИЯТИ ҲХДТ БО ҲАЙАТИ МУШОҲИДОНИ АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИДМ
10 декабри соли ҷорӣ Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо ҳайати мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти сарварии ҳамоҳангсози гурӯҳ - Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба сохторҳои федералӣ, сиёсати минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва корҳои Шимолӣ Олег Мелниченко мулоқот намуд.

Ҳайати мазкур бо мақсади мушоҳидаи ҷараёни интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвар ташриф оварданд. Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, муовини котиби генералии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ – намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ Сафарзода Бахтовар Амиралӣ ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИМ ҲХДТ Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода низ дар вохўрӣ иштирок доштанд.
Зимни мулоқот Абдуҷаббор Азизӣ меҳмононро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хайрамақдам гуфт.
- Мо бисёр шод ҳастем, ки чунин ҳайати бонуфузи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ ба интихоботи Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳ карда, нозирони худро барои мушоҳидаи ин маъракаи муҳими сиёсӣ фиристодааст. Умедворам, дар доираи меъёрҳои демократӣ, шаффоф ва ошкоро баргузор гардидани интихоботи Президенти кишварро Шумо пагоҳ мушоҳида хоҳед кард, - таъкид намуд А. Азизӣ.
Сафари ҳайат ҳамчун натиҷаи ҳамкориҳои пайгиронаи бисёрсола ва эътирофи шаклгирии ҷараён ва институти демократӣ дар кишвар шинохта шуд.
Зимнан, таъкид гардид, ки интихоботи Президенти Тоҷикистон муҳимтарин маъракаи сиёсӣ барои миллат ва халқи кишвар буда, аҳамияти он барои ҷомеаи байналмилалӣ низ бебаҳс мебошад. Интихоботи президентӣ дар заминаи Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи интихоботӣ баргузор шуда истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерўи пешсафи сиёсии Тоҷикистон дар амри навсозии ҷомеа, хусусан, тарѓиби арзишҳои демократӣ ва татбиқи иқдомоти созандаву бунёкорона, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии баён, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, яъне ҳадафҳои барномавии худ марҳала ба марҳала саъю талош мекунад ва дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум саҳми муносиб дорад.
- Тавре медонед, Тоҷикистони азиз пешорўи боз як маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Албатта, вазъи мураккаби сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳон ва минтақа аз мо тақозо менамояд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ва дар фазои орому осуда баргузор гардидани ин маъракаи муҳим ва барои халқамон тақдирсоз омодагии боз ҳам ҷиддитар бинем. Ин таъкидҳо аз суханрониҳои ҳамешагии Раиси муаззами ҳизбамон бармеоянд, - гуфт Абдуҷаббор Азизӣ.
Гуфта шуд, ки номзади ҲХДТ ба мансаби Президенти кишвар бо шиори «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» ба майдони интихоботӣ ворид гардидааст. Барномаи пешазинтихоботии номзад дар асоси таҷрибаи давлатдорӣ таҳия шуда, кафолати амал дорад. Барнома асосан масъалаҳои ҳадафҳои идома доштани ислоҳоти иқтисодӣ, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ ва расидан ба Ҳадафи рушди устувор дар кишвар, ки дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” муайян шудаанд, дар бар мегирад. Ҳадафи ниҳоӣ ва асосии барномаи мазкур таъмини ҳаёти шоиста ба мардуми Тоҷикистон ва рушди устувори иқтисодӣ аст.
Имрўз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз бонуфузтарин нерўҳои сиёсии кишвар буда, ҳудуди панҷсад ҳазор аъзо дорад. 48 фоизи аъзои ҳизбро занон ва 37 фоизашро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Зимни мулоқот маълумот дода шуд, ки барои гузаронидани интихоботи шаффоф ва демократӣ бо ҷалби фаъоли ҷомеа, олимону зиёиён, аъзои ҳизб ва аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” гуруҳҳои махсуси таблиѓотӣ ва ихтиёриёни ҷавон созмон ёфтанд. Васоити ахбори оммаи ҳизбӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин маърака нақши муассир доштанд. Дар асоси супориши Раиси ҳизб ба хотири ҳифзи солимии ҷомеа аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла пандемияи коронавируси COVID-19 гуруҳҳои кории ҳизбӣ ҳамарўза бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, пўшидани ниқобҳои муҳофизатӣ, шустани мунтазами дастон бо маҳлулҳо ва истифода аз воситаҳои антисептикиро тавсия дода, қисми зиёди ин маводро ба аҳолӣ ройгон тақсим намуданд.
Иштирокчиёни мулоқот роҷеъ ба мулоқоти шахсони боэътимоди номзад бо аҳолӣ, мушкилоти ҷойдошта дар самти бақайдгирии номзадҳо ва риояи тавозуни гендерӣ пурсон шуданд.
Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ зикр намуд, ки тибқи муқаррароти қонунгузории интихоботӣ, номзади ҳизб тавассути 15 нафар шахсони боэътимодашон ва дигар гуруҳҳои таблиѓотии назди кумитаҳои иҷроия барномаи пешазинтихоботиашонро ба электорат муаррифӣ намуданд. Дар ҳамаи кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ситодҳои пешазинтихоботӣ ташкил карда шуданд, ки фаъолияти онҳо бо Ситоди марказии пешазинтихоботӣ ҳамоҳанг мегардид.
Роҷеъ ба маъалаи бақайдгирӣ маълумот дода шуд, ки феълан дар интихоботи президентӣ институти худпешбарӣ мутобиқи қонунгузорӣ пешбинӣ нашудааст ва дар ин самт бояд корҳои назаррас анҷом дода шаванд.
Муовини Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ маълумот дод, ки дар барномаи пешазинтихоботии худ Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба хотири васеъ намудани фаъолияти занон дар рушди иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ кардани “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030»-ро дар назар дошта, такмил додани заминаҳои қонунгузории ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ, тавсеа бахшидани маърифати оиладорӣ ва таъмин намудани устувории оилаҳои ҷавон, тавсеа бахшидан ба раванди иштироки занон дар рушди иқтисоди кишвар, зиёд кардани ҳаҷми грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои занони соҳибкор ва бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил кардани корхонаҳои хурду миёна ва ба ин восита, баланд бардоштани сатҳи зиндагии оилаҳои ҷавонро дар назар доранд. – Дар ин самт мо барои афзоиши шумора не, балки беҳсозии сифат кор мекунем ва дар ин самт ҳамеша аз ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб кор мегирем ва рисолати худро ба таври шоиста идома медиҳем, - гуфт Х.Юсуфӣ.
Роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Олег Мелниченко барои ироаи маълумоти муфассал ба роҳбарияти олии ҳизб изҳори сипос карда, таъкид намуд, ки мониторинг, ҳамоҳангӣ ва мутобиқат кардани интихоботи қарибулвуқуъ ба меъёрҳои байналхалқӣ аз ҳадафҳои асосии сафари ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ ба Тоҷикистон аст. - Ассамблеяи мо аз соли 1994 инҷониб дар мониторинги интихоботи кишварҳои ҳамҷавор нақши шоиста дорад, - гуфт О.Мелниченко. - Таҳлилҳои мо собит месозанд, ки ҷалб ва иштироки аҳолӣ дар маъракаи ташвиқотии номзадҳоро метавон дар маҷмуъ қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Котиби генералии Шўрои Ассамблеяи байнипарлумонӣ-роҳбари котиботи Шўро Дмитрий Кобитский изҳор дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди давлати тозаистиқлоли кишвар саҳми муносиб ва арзанда дошта, махсусан саҳми он дар тавсеа бахшидани ѓояҳои ватандўстӣ ва эҳсоси гарми худшиносиву худогоҳӣ бузург аст. Аз интихоботҳои қаблӣ мо шоҳид мегаштем, ки чӣ гуна мардум бо эҳсоси баланди ватандўстӣ бо парчамҳои миллӣ ба участкаҳои интихоботӣ рафта, ба номзади арзанда овоз медоданд. Чунин иттиҳод ва ҳамрайъӣ дар шароити муосир хеле кам мушоҳида мегардад. Ва албатта, мо умедвор ҳастем, ки ин интихобот ҷиҳати рушди бемайлони кишвар барои солҳои зиёд хидмат мекунад.
- Пайваста дар байни мардум будан яке аз вазифаҳои муҳим ва калидии ҳизби мо дар шароити имрўза аст. Номзади мо аз мушкилоту ниёзҳои мардум ҳамеша огоҳ ҳастанд, ба ҳалли саривақтии онҳо мусоидат мекунанд, ташаббусҳои созандаи аҳолиро дастгирӣ ва манфиатҳояшонро ҳимоя менамоянд. Аз ин нуктаи назар, умедворем, пирўзӣ бо номзади мост, - гуфт Абдуҷаббор Азизӣ.
Зимни мулоқот ҷонибҳо марбут ба дигар самтҳои афзалиятнок ва авлавиятдоштаи ҳамкории байниҳизбӣ ва Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули афкор карданд.

[right]Илҳомҷон ҲАМИДИЁН

[/right]
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: