Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шурӯъ аз 1 октябр Ӯзбекистон сарҳадҳоро боз мекунад Сентябрь

Шурӯъ аз 1 октябр Ӯзбекистон сарҳадҳоро боз мекунад Сентябрь

19-09-2020, 12:19
Хабарро хонданд: 207 нафар
Назарҳо: 1
Шурӯъ аз 1 октябр Ӯзбекистон сарҳадҳоро боз мекунад Сентябрь
Бо қарори Комиссияи махсуси ҷумҳурияв ҶӮ шурӯъ аз 1 октябр вуруд ба Ӯзбекистон ва хуруҷ аз он тавассути тамоми гузаргоҳҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва мошингард иҷозат дода мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати ин кишвар ба «UzNews.uz» иттилоъ додааст.

Ба ҳукумат супориш дода шудааст, ки бо давлатҳои хориҷӣ оид ба зиёд кардани шумораи ҳамаи намудҳои хатсайрҳои байналмилалӣ (ҳавоӣ, роҳи оҳан, автобусҳо) гуфтушунид анҷом диҳад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шурӯъ аз 1 октябр шахсоне, ки тавассути гузаргоҳҳо дар марзи Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба Ӯзбекистон ворид мешаванд, ҳангоми доштани маълумотнома бо ташхиси манфии ПТР барои коронавирус 14 рӯз дар хона карантин хоҳанд шуд. Дар сурати надоштани маълумотнома онҳо аз ҳисоби худ дар нуқтаи гузаргоҳӣ ташхис месупоранд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, барои онҳое, ки тавассути ҳавопаймо ба Ӯзбекистон ворид мешаванд, қоидаҳои зерин муқаррар карда шудаанд:

Ба шахсоне, ки дар 14 рӯзи охир дар кишварҳои минтақаи «сабз» буданд, иҷозат дода мешавад, ки бидуни маҳдудият ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шаванд. Ба қатори чунин кишварҳо Чин, Таиланд, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Гурҷистон, Венгрия, Финляндия, Латвия, Австрия ва Япония дохил мешаванд.

Ба шахсоне, ки аз кишварҳои минтақаи «зард» — Озарбойҷон, Беларус, Аморати Муттаҳидаи Араб ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ба истиснои Британияи Кабир ва Испания) ва инчунин аз минтақаи «сурх» (ҳамаи кишварҳои дигари ҷаҳон) меоянд, танҳо дар сурати доштани ташхиси манфии ПТР, ки давоми 72 соати охир гирифта шудааст, вуруд ба қаламрави Ӯзбекистон иҷозат дода мешавад.

Дар сурати мавҷуд набудани чунин ташхис бо натиҷаи манфӣ, мусофир барои парвоз ба Ӯзбекистон ба қайд гирифта намешавад.

Ҳангоми доштани натиҷаи манфӣ шахсро ихтиёран давоми 14 рӯз ба карантини хонагӣ ё ба меҳмонхона мефиристанд.

Ёдовар мешавем, ки аввалин ҳодисаи COVID-19 дар Ӯзбекистон 15 март ошкор гардид. Баъдан, бинобар хавфи паҳншавии коронавирус, мақомоти ин кишвар робитаҳои нақлиёти мусофирбарро бо дигар давлатҳо манъ карданд ва марзҳоро бастанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, то субҳи 18 сентябр дар Ӯзбекистон дар маҷмӯъ 49 761 ҳолати сирояти коронавирус ва 415 фавт ба қайд гирифта шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: