Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маҷлиси машваратии назди раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Маҷлиси машваратии назди раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

19-02-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 292 нафар
Назарҳо: 0
Маҷлиси машваратии назди раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷамшед Саидов, раиси кумитаи зикршуда ҷаласаи машваратии навбатӣ доир гардид, ки он аз ду қисмат иборат буд.

Ҷамшед Саидов дар қисмати аввали ҷаласа бо кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нашрияи «Мароми пойтахт» дар бораи зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» маълумот дод. Ҷ.Саидов аз ҷумла, дар ҷаласа аз ҷашни дарпешистода - Рӯзи Артиши миллӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки вохӯриҳои дар қисмҳои ҳарбӣ доиршаванда ва кумаку дастгириҳое, ки ба собиқадорон расонида мешаванд, дар сатҳи баланд баргузор карда шаванд ва дар саҳифаҳои нашрияҳои ҳизбӣ ба таври возеҳ инъикос ёбанд. Дар ин қисмати машварат ӯ, инчунин дар бораи риояи интизоми меҳнат ва иҷрои саривақтии супоришҳо ба кормандон дастурҳои зарурӣ дод.

Дар қисмати дуюми машварат Ҷ.Саидов бо раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии пойтахт мулоқот намуда, сараввал дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар намуд. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки тағйиротҳои ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда вобаста ба заруриятҳои пешомада буда, барои мукаммал сохтани ин қонуни асосии кишвар нақши муҳим мебозанд. Ҷ.Саидов, инчунин дар бораи ҷамъбасти молиявии соли 2015 андешаҳояшро иброз дошта, аз ҷумла, қайд кард, ки натиҷаи ҷамъбасти молиявии соли сипаришуда дар кумитаҳои иҷроияи ҳизбии пойтахт дар баробари муваффақият ва дастовардҳо, баъзе камбудиҳоро низ ошкор сохт.

Дар бархе аз кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳо оиди супурдани саривақтии аъзоҳаққӣ, супурдани маблағи аъзоҳаққии 30% ба Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва номувофиқ будани мувозинати маблағи обуначиён бо теъдоди газетаҳо ба мушоҳида мерасад. Оиди масъалаҳои зикршуда ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон, ӯ дар бораи тасдиқи нақшаҳои корӣ ва нақшаҳои молиявии кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳо, дар бораи сметаҳои даромад ва хароҷот дар КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ва хароҷоти минбаъда дар асоси сметаҳои тасдиқшуда супоришҳои худро манзури масъулин гардонид.

Ҷ.Саидов ҳамзамон дар бораи дар сатҳи баланд доир намудани вохӯрию суҳбатҳое, ки аз 16-ум то 26-уми феврал дар ҳавзаҳои якмандатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд ва баргузории Рӯзи Артиши миллӣ, вохӯрию суҳбатҳо вобаста ба тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин санаи муҳими таърихии мамлакат дастуру супоришҳо дод.
«Мароми Пойтахт»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: