
6 августи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мешавад.
Ба иттилои дастрас, ҷаласа соати 09:00 дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
«Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 5 август аз соати 08-00 то соати 17-00 ва 6 август аз соати 07-00 то 08-00 дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи якум, утоқи якум ба қайд гирифта мешаванд», — омадааст дар иттилоия.
Телефонҳо барои тамос: 221-98-35, 221-89-35.