Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 11,5 миллион нафар гардид

Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 11,5 миллион нафар гардид

6-07-2020, 15:40
Хабарро хонданд: 255 нафар
Назарҳо: 0
Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 11,5 миллион нафар гардид
Ба ҳолати 6 июл шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 11,5 миллион нафар гардида, зиёда аз 537 ҳазор кас гирифторони COVID-19 вафот кардаанд ва беш аз 6,5 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд, хабар медиҳад Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ.
Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 175 499 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 3 572 нафар сироятшудагон фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 11 580 119 нафар ва теъдоди фавтидагон 537 179 кас мебошад.
Ҳамзамон то имрӯз дар ҷаҳон 6 547 935 нафар гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 983 155 нафар), Бразилия (1 604 585), Ҳиндустон (699 402), Россия (687 862), Перу (302 718), Испания (297 625), Чили (295 532), Британияи Кабир (285 416), Мексика (256 848) ва Италия (241 611) дохил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: