Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд

4-07-2020, 09:12
Хабарро хонданд: 164 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расонидандИмрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисту ду қонун ба имзо расонда шуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2020», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» шаклҳои ёрии ҳуқуқии ройгон ва тартиби расондани онҳоро муайян менамояд. Тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардида, ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ менамояд.

Дар асоси иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» воридгардида вобаста ба пайомадҳои ногувори иқтисодиву иҷтимоии бемории COVID-19 имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд, ки мувофиқи онҳо шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои тиббиву маишӣ аз пардохти намудҳои алоҳидаи андоз дар мӯҳлатҳои муайян озод карда мешаванд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо мақсади осону содда гардондани барасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва рушди соҳибкорӣ равона гардида, дархости электронии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва барасмиятдарории электронии онро муқаррар менамояд. Ҳамчунин ин тағйиру иловаҳо боҷи давлатиро барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии шартномаи гарав, барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи амволи ба гарав гузошташуда ва барои бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гарави амволи манқул бекор мекунанд.

Қонунҳои баимзорасида ба дастрасии мардум ба ёрии ҳуқуқии ройгон, пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва таъмини сиҳатии аҳолӣ, дастгирии соҳибкорӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Матни пурраи қонунҳо дар матбуот чоп мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: