Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд

8-04-2019, 11:32
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонун, ки онҳоро Маҷлиси намояндагон қабул карда, Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ”, “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, кодексҳои гумрук ва андоз аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридгардида нишони шаҳри Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси фонди рушди пойтахтро пешбинӣ намудааст. Инчунин мувофиқи ин иловаҳо мукофоту ҷоизаҳои раиси шаҳри Душанбе муқаррар гардидаанд, ки бо онҳо сокинони шаҳр ва дигар шаҳрвандоне, ки дар рушди пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд, сарфароз гардонида мешаванд.

Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ворид гардидаанд, дар давраи татбиқи мораторий- солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ боздошта мешаванд.

Бино ба тағйиру иловаҳои ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз андози арзиши иловашуда ва пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Қонунҳои ба имзорасида ҷиҳати иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2018 ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019-2021 таҳия ва қабул гардида, ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва беҳдошти соҳаи сайёҳӣ, бахусус рушди ҳунарҳои мардумӣ, пешрафту инкишофи дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: