Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Суғдиён»-ро ифтитоҳ намуданд

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Суғдиён»-ро ифтитоҳ намуданд

2-07-2020, 11:38
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён» шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин корхонаи дӯзандагӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Сомон Суғд» пурра таҷдиду навсозӣ ва бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагӣ, рангу бори матоъ ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин гардидааст. Дар корхонаи мазкур бо фароҳам овардани шароити мусоид дар як баст зиёда аз 200 нафар занону духтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда, дар асоси талаботи бозори дохилӣ ва фармоиши ташкилоту муассисаҳо дӯхти либосро ба таври васеъ ба роҳ мондаанд.

Мавриди зикр аст, ки корхонаи мазкур соли 1992 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд ва ҳудуди он 4,26 гектарро ташкил медиҳад. Бо сабаби вазъияти ногувори солҳои баъдӣ корхона тамоман аз фаъолият бозмонда, аксари кормандони муҳандисию техникии он бекор монданд. Дар ин корхона дар як вақт ҳамагӣ 15 нафар кору фаъолият намуда, инчунин дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагияш пурра корношоям гардида буд.

Роҳбарияти ҶСП «Корпоратсияи Сомон Суғд» дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади саҳмгузорӣ дар самти расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат корхонаи дӯзандагии «Суғдиён»-ро ба пуррагӣ барқарор намуда, дӯхти либосҳои гуногунро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монданд.

Дар баробари васлу насби 180 дастгоҳи наву замонавии дӯзандагӣ, инчунин коргоҳҳои шустушӯю пардоздиҳӣ ва рагуборкунии ин корхона ба таври муосир сохта шудаанд ва оянда кор дар ин ҷо шабонарӯзӣ ба роҳ монда мешавад, ки боз 200 нафари дигар бо ҷойи кору маоши хуб таъмин мегарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ «Суғдиён» бо чандин ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, ба монанди «Текстил трейд»-и Федератсияи Россия ва «Бил Бом Бо»-и Ҷумҳурии Беларус шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст ва дар оянда маҳсулоти дӯзандагии ин корхонаи калони шаҳри Хуҷанд ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.

Айни замон дар корхонаи мазкур дар баробари дӯхти либосҳои зебою шинам барои кӯдакон ва калонсолон, инчунин истеҳсоли ниқобу хилъатҳои муҳофизатии тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба сифати либосҳои дӯхташаванда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шароити имрӯза бо назардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа, ба бозор маҳсулоте роҳ меёбад, ки сифати баланд дошта бошад ва корхона ба рақобат тоб оварда тавонад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дӯхти либоси босифат, пурра таъмин кардани бозор аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи кишвар ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ин ҷо, ҳамчунин ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи корхонаҳои истеҳсоли шишаи сохтмонию маишӣ ва рангубори ресмони пахтагин, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Сомон Суғд» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, муаррифӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки корхонаи истеҳсоли шишаи сохтмонӣ ва маишӣ бо харҷи 22 миллион доллар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд карда мешавад.

Дар ин корхона бояд дар як сол 7 миллиону 200 ҳазор метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ ва маишӣ истеҳсол карда шавад.

Корхонаи рангубори ресмони пахтагин бошад, дар заминаи бинои нотамоми ҳамшафати ҶДММ «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо харҷи 2 миллиону 500 ҳазор доллар бунёд хоҳад шуд.

Тибқи нишондоди лоиҳа дар ин корхона дар як сол 3 ҳазору 600 тонна ресмони пахтагин рангубор карда мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: