Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Иқдоми «Мо ҳомиёни ин Ватанем» идома дорад

Иқдоми «Мо ҳомиёни ин Ватанем» идома дорад

13-10-2015, 14:00
Хабарро хонданд: 350 нафар
Назарҳо: 0
Иқдоми «Мо ҳомиёни ин Ватанем» идома дорадДар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзӯи «Хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ» чорабинӣ доир гардид. Дар он Сарфароз Юнусов раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Абдунабӣ Сангинов роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд иштирок ва баромад намуданд. Сарфароз Юнусов зикр намуд, ки мо барои худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва забони давлатӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, онро амалӣ месозем. Ҳамчунин, аз воқеоти мохи сентябр ва ҷангҳои Шарқи наздик ёдовар шуда, бо овардани омори нигаронкунанда аҳли нишастро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва истифодаи дуруст ва мақсадноки шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ даъват намуда, афзуд, ки он нафаре, ки дониши казоии диниву дунявӣ дорад, ҳеҷ гоҳ ба дасисаву иғво дода намешавад. Бинобар ин аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки барои дарк кардани моҳияти инсондӯстии дини ислом ва рукнҳои он китоби муқаддаси «Қуръони маҷид»-ро бо хати кириллӣ бихонанд, вақти худро беҳуда нагузаронида, аз пайи донишандӯзӣ ва забономӯзӣ шуда, дар шукуфоии кишвари азиз саҳм гузоранд ва иқдомҳои созандаро дастгирӣ кунанд. Иқдоми «Мо ҳомиёни ин Ватанем» идома дорадСангинов Абдунабӣ дар мавзӯи «Мо ҳомиёни ин Ватанем» баромад намуда, зикр кард, ки худшиносӣ аз шинохти зодгоҳи худ оғоз мегардад. Шинохти шахсии ҳар нафар пайомади шинохти миллиро ба миён меорад. Таъкид шуд, ки ҷавонон бояд соҳибилм, эҷодкор, бомаърифат, бофарҳанг, меҳнатдӯст ва солимфикр бошанд.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: