Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Такя ба нерӯи хирад

Такя ба нерӯи хирад

16-02-2016, 07:00
Хабарро хонданд: 361 нафар
Назарҳо: 0
Ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар кори он муовини раиси шаҳри Хуҷанд Бурҳонзода Умедахон Муродӣ, аъзоёни кумиҷроия, собиқадорони ҲХДТ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҳизб ширкат доштанд.

Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии раиси кумиҷроия Наим Маликисломов оғоз ёфт. Сипас, аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома – «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳнамо ба сӯи ободу дурахшон» мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Мукаррама Неъматова баромад намуд. Мавсуф зимни суханронӣ қайд кард, ки Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ давоми мантиқии Паёми солҳои пешин маҳсуб гардида, фарогири ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият ва самтҳои асосии фаъолияти минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқамон мебошад. Сарвари давлат дар баробари зикри комёбиҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт вобаста ба авзои сиёсии ҷаҳонӣ сухан карда, қайд намуданд, ки давлат ва ҳукумат ба кадрҳои баландихтисос ва дорои тафаккури баланди сиёсиву технологӣ дошта ниёз дорад. Роҳнамои миллат пешрафти кишварро дар забономӯзии ҷавонон дониста, хоссатан азхуд намудани ду забони байналмилалӣ- русӣ ва англисиро ҳатмӣ донистанд. Ҳамчунин бо мақсади роҳ надодани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо Роҳбари давлат даъват ба амал оварданд, ки дар муассисаҳои таълимӣ курсҳои иловагии омӯзиши илму ҳунар ташкил карда шавад, то ҷавонон минбаъд соҳибкасб шуда, ба ваъдаҳои дуруғини хоҷагони бегона бовар карда, ҷони ҷавонашонро ҷабр накунанд ва аз паи меҳнати ҳалол шаванд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома – «Таъсиси Шӯрои собиқадорон дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд» Наим Маликисломов қайд кард, ки дар асоси дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи қарорҳои маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказию Вилоятии ҲХДТ бояд дар назди кумиҷроияҳо Шӯрои собиқадорон ташкил гардад ва аз рӯи маслиҳату роҳнамоии пирони кор ва соҳибхирадон минбаъд фаъолияти ҳизб пеш равад. Ба аҳли ҳозирин ба ҳайси раиси шурои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд номзадии яке аз олимони варзидаи вилоят, шахсе ки солҳои сол чун таблиғгари ғояҳои ҳадафмандонаи давлат ва ҳукумати кишвар маҳсуб мешуданд, номзади илмҳои педагогӣ Абдуҳаким Шарипов пешбарӣ карда шуд. Аъзоёни кумиҷроия бо як овоз номзадии олими пуркорро ба вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони назди кумиҷроияи шаҳрӣ дастгирӣ намуданд.

Солиҷонов Аҳадҷон ва Саидова Мастура муовинони раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд интихоб шуданд.

Қарор шуд, ки минбаъд ҳамагуна чорабиниҳои ҳизбӣ бо иштироки аъзоёни Шӯрои собиқадор баргузор гардида, фаъолият дар самти кор бо наслҳои калонсол тақвият бахшида хоҳад шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа Наим Маликисломов аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки мунтазам дар ташкилотҳо бо кормандон сӯҳбатҳои муфид атрофи Паёми Сарвари давлат гузаронида, дар самти ҷалби аъзои нав корбариро ҷоннок намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: