Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲХДТ дар Русия: Ёрии беғаразонаи ташкилоти «Иттиҳод»

ҲХДТ дар Русия: Ёрии беғаразонаи ташкилоти «Иттиҳод»

28-05-2020, 09:49
Хабарро хонданд: 404 нафар
Назарҳо: 0
ҲХДТ дар Русия: Ёрии беғаразонаи ташкилоти «Иттиҳод»
Дар давроне, ки аз пандемияи коронавирус ба сари тамоми мардуми Русия ба монанди дигар кишварҳои ҷаҳон мушкилиҳои зиёде фурӯ рехтааст, муҳоҷирони тоҷик низ ҳамчун як қишри фаъоли ҷомеаи ин кишвар аз ин душвориҳодар канор намондаанд. Ин муҳоҷирон бинобар эълони тадбирҳои сахти режими карантин аз кормондани корхонаҳо, баста шудани роҳи бозгашт ба ватан ва ҳамчунин, маҳдуд будани шароити молии худи муҳочирони меҳнатии тоҷик дар баробари хатари мубтало шудан ба ин вирус ба душвориҳои дигаре низ рӯ ба рӯ ҳастанд. Дар чунин шароит Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ бономи «Иттиҳод», барои ёрии муҳоҷирон иқдом намуда, дар ҳалли баъзе аз масъалаҳо дасти мадад дароз намудааст. Аз ҷумла, бо кӯшиш ва ибтикори раиси Кумитаии ҷроияи ташкилоти «Иттиҳод» дар шаҳри Москва Саидбек Мирзомуддинов ва муовини раиси ташкилоти номбурда Самад Абдураззоқов барои шуморе аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик кумаки яквақтаи ғизоӣ расонида шуд.
Дар доираи ин иқдоми хайрхоҳона бори аввал ба 458 нафар, бори дуюм ба 371 нафарва бори сеюм ба 104 нафар ва аҳли оилаашон бастаҳои маводи хӯрокворӣ тақсим гардид.
Бино ба иттилое, ки аз ин ташкилот дарёфт шуд, дар маҷмӯъ, ба 458 манзили зист,ки дар ҳар кадом аз 8 то 10 нафар зиндагӣ мекунанд, кумакҳои ғизоӣ дар дастраси муҳоҷирони ниёзманд қарор гирифт.Ташкилоти мазкур мақсад дорад, то поён ёфтани шароити маҳудиятҳои ҷоригардида, дар ҳамкорӣ бо ашхос ва манбаъҳои кумакрасон боз ба ҳамватанонамон дасти ёрӣ дароз кунад.
«МХ»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: