Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пирӯзӣ зи иттифоқ хезад…

Пирӯзӣ зи иттифоқ хезад…

8-02-2017, 08:43
Хабарро хонданд: 417 нафар
Назарҳо: 1
Пирӯзӣ зи иттифоқ хезад…Утоқи кории ташкилоти «Иттиҳод» хеле серодам аст. Дар назари аввал чунин ба назар мерасад, ки мардум гӯё бо муҳиме назди идораи кадом муассисаи давлатӣ омадаанд. Вале баъд аз чанд лаҳза маълум мегардад, ки ин як ҷамъияти мардуми ҳамақидаанд, ки соатҳои фориғ аз кор ҷамъ омада, пиромуни масъалаҳои мухталиф баҳсу суҳбат доранд.
Мо ҳанӯз дар шаҳри Душанбе, дар маҷлиси КИМ ҲХДТ бо Раиси ташкилоти «Иттиҳод» Саидбек Мурзомуддинов ва муовини ӯ Абдусамад Абдураззоқов ба мувофиқа омада будем, ки дар сафари қарибулвуқуи худ ба Федератсияи Россия ҳатман ба ташкилоти «Иттиҳод» ташриф меорам. Чун медонистам, ки утоқи кории ташкилоти мазкур ҷои аз ҳама мувофиқ барои мулоқот бо ҳамватанони муҳоҷири мост, сафари хизматии худро аз ташкилоти мазкур оғоз намудам.
- Шумо анбӯҳи зиёди мардумро дида ҳайрон нашавед,- бо табассум маро истиқбол гирифт Абдусамад Абдуғаниевич,- ҳамватанони мо чун шуниданд, ки мо аз пойтахти Ватан баргаштем ва дар ҷаласаи васеи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ширкат варзида, дар бораи кору фаъолият ва буду боши онҳо ба Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақл кардем, хеле шод шуданд. Ҳамин аст, ки теъдоди зиёди ҳамватанон барои дидор меоянд, онҳо ташнаи навигариҳо аз ватананд.
Вақте, ки ба утоқ ворид шудем Мирзомуддинов Саидбек ва Хушназаров Шоҳназарро саргарми суҳбат бо муҳоҷирон дидем. Онҳо Оиннома ва Барномаи ҳизб ва китобчаҳои Паёмро, ки бо дастгирии Абдусамад Абдураззоқов дар Руссия нашр шуда буд, ба ҷавонон тақдим мекарданд.
Аксарияти ин ҷавонмардон, ки солҳои тӯлонӣ дур аз Ватан заҳмат мекашанд кормандони Маркази савдои «Москва» буданд.
Ин ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонанд,- шарҳ дод Саидбек Мирзомуддинов. Яке аз ҷавонон, ки чеҳраи ошно дошт шояд назари суоломези маро эҳсос кард, ки гуфт: - Масалан ман аз ҳамдеҳаҳои шумо ҳастам, ҷавонони дигар бошанд аз Рашту, Хатлону Душанбе. Чун волидайни ин ҷавонро хуб мешинохтам, барои мо пайдо кардани мавзӯи суҳбат он қадар душвор набуд.
Дар байни ҷавононе, ки либосҳои корӣ дар бар рафту омад доштанд, аҳёнан бонувон ва шахсони солхурда низ ба назар мерасиданд.
- Инҳо дармонадагонанд, ки ба кумак эҳтиёҷ доранд, - гуфт Саидбек Мирзомуддинов. Воқеъан ҳам бидуни ҳамагуна шарҳу тавзеҳ ба мушоҳида мерасид, ки Абдусамад Абдураззоқов ба касе маблағ медод ва ё ба хотири ҳалли мушкили дигаре бо телефон ба қавли худаш ба ҷойҳои даркорӣ занг мезад ва ё ягон нафарро аз кормандони худ ҷиҳати ҳалли қазияи пешомада, вобаста мекард. Ҳароина аз миннатдории корафтодагон эҳсос мекардам, ки ягон нафар аз ин даргоҳ ноумед намерафт…
Мулоқоти мо бо ҷавонон сари як пиёла чой, дар ҳамин уттоқи барҳаво, ки бо аксҳои Пешвои миллат парчамҳои Тоҷикистону ҲХДТ оро ёфта буду, муҳити Ватанро ба хотир меовард, сурат гирифт. Вақте, ки мо дар мавриди Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суҳбат мекардем, ҷавонон бештар ба масъалаҳои, соли 2017 эълон шудани соли ҷавонон ва дар сатҳҳои гуногуни ҳукуматӣ ҷудо шудани квотаи ҷойҳои корӣ барои занон таваҷҷуҳ намуданд.
- Эълон шудани соли ҷавонон иқдоми хеле хуб аст, -мегуфт яке,- Дар байни ҷавонони муҳоҷир мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун зиёданд, ки имрӯз дар рушди иқтисодиёти Россия хизмат карда истодаанд. Хеле хуб мешуд агар ин қабил ҷавонон дар иртибот бо артиши бузурги донишҷуёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои гуногуни Россия таҳсил доранд, ба Тоҷикистон баргарданду, нерӯю дониши худро ба ободӣ ва тараққиёти Ватани азиз сарф намоянд.
Дигаре сари ин андеша буд, ки дастгирии бонувон дар сатҳи давлат боиси ҳалли мушкилоти зиёд мегардад: – Тасаввур кунед,- мегуфт ӯ,- бонувони мо ҳам аз ранҷи муҳоҷират халосӣ меёбанд, ҳам чароғи хонадонро дар манзили аҷдодӣ равшан мекунанд ва ҳам фарзандонро дар муҳити миллӣ тарбия менамоянд.
С. Мирзомуддинов ва А. Абдураззоқов дар рафти мулоқот аз ҷавонон хоҳиш намуданд, ки ба ташвиқоти ҳар гуна гурӯҳҳои радикалӣ, ки ҳадафашон гумроҳ кардани ҷавонони тоҷик аст, дода нашаванд. Онҳо таъкид намуданд, ки ҳадафи ин гурӯҳҳо бо таълимоти асили ислом ҳеҷ рабт надошта, боиси ноамниву фитна дар ҷомеа мегарданд.
Дар фарҷоми суҳбат иштирокчиёни он қарор доданд, ки чунин мулоқоти судманд зуд-зуд ташкил гардида, дар он масъалаву мушкилоти муҳоҷирон мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Бахтиёр Ҳамдам
Ш. Москва
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: