Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ПЕШГИРӢ РОҲИ НАҶОТ АЗ БЕМОРӢ АСТ

ПЕШГИРӢ РОҲИ НАҶОТ АЗ БЕМОРӢ АСТ

10-05-2020, 09:26
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
ПЕШГИРӢ РОҲИ НАҶОТ АЗ БЕМОРӢ АСТБо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти болоии ҳизб аксияеро бо номи “Ниқоб” дар ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва назди бозорҳои шаҳри Бохтар бо ҷалби ихтиёриёни кумита доир кард.
Дар доираи ин тадбир ҳизбиён ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводҳои иттилоотиро, ки истифодаи онҳо дар пешгирии бемории сироятии болозикр мусоидаткунанда мебошад, ба Ҷамъияти нобиноён ва Ҷамъияти маъюбон дастрас карданд. Чунин афрод, ки ниёз ба кумак доранд, аз иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар вилояти Хатлон изҳори қаноатмандӣ намуданд.ПЕШГИРӢ РОҲИ НАҶОТ АЗ БЕМОРӢ АСТ
Масъулони ҷамъиятҳои мазкур қайд доштанд, ки дар шароити имрӯз воқеан ҳам ба чунин маводҳо ниёз доштанд.
Ихтиёриён (волонтиёрон) дар ҳамдастӣ бо кормандони ҳизб барои тақсимоти ниқоби муҳофизатӣ ва маводҳои иттилотӣ ба кӯчаву хиёбонҳо, аз ҷумла, назди бозорҳои “Фаровон” ва “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар сафарбар шуда, ба онҳое, ки бидуни ниқоб гаштугузор мекарданд, маводҳои болозикрро дастрас карданд. Дар баробари ин бо истифода аз имконияти мусоид ҳизбиён оид ба хатари бемории коронавирус ва зарурати риояи дурусти гигенаи шахсӣ маълумот доданд. Дар умум тариқи ин аксияи ҳизбӣ санаи 8-уми май дар шаҳри Бохтар беш аз 300 ниқоб тақсим карда шуд.
Дар ин рӯз дар доираи чунин чорабиниҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ маҳаллаи “Дӯстӣ”-и шаҳри Бохтар бо маҳлули хлор безарар гардонида шуд. Зимни роҳандозии ин тадбир сокинони маҳалла фаъолона иштирок карданд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон пайваста баҳри болоравии иттилоотнокии мардум чораҳои зарурӣ андешида, оид ба дастгирии табақаи ниёзманд минбаъд низ тадбирҳои муассирро амалӣ хоҳад кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: