Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сӯхтори Кӯҳи Малик 1000 сола аст?

Сӯхтори Кӯҳи Малик 1000 сола аст?

15-02-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 329 нафар
Назарҳо: 0
Сӯхтори  Кӯҳи Малик 1000 сола аст?Беш аз сад сол ин ҷониб дар музофоти Уэлси Австралия забонаи оташи кони ангишт аланга мезанад. Сӯхторе, ки соли 1884 дар яке аз конҳои ангишти Амрико сар зада буд, то имрӯз хомӯш карда нашудааст. 500 сол ин боз дар канори шаҳри Ҷахарияи Ҳиндустон бар асари сӯхтори кони ангишт тамоми рӯз чангу ғубор ба атроф паҳн гашта, шабонгоҳ шӯълаи оташ фағона мезанад. Чунин ҳодисаро дар мавзеи Кӯҳи Малик, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати Анзоби ноҳияи Айнӣ сокинони маҳалу роҳгузарон зиёда аз ҳазор сол боз мушоҳида менамоянд. Олимони соҳаи геология ва мутахассисони соҳаҳои дигар сӯхтори захираи ангишти ҳавзаи Фон - Яғноби Тоҷикистонро дар саросари олам кӯҳантарин меноманд. Дар баробари фарзияҳои олимон нигоштаҳои таърихӣ далели кӯҳан будани ин ҳодисаи табиӣ дар болооби Зарафшон аст. Мувофиқи таҳқиқоти Юсуфшоҳ Ёқубов дар асари «Ёдгориҳои болооби Зарафшон» сайёҳон ва таърихнависони араб дар бораи деҳаҳо ва қалъаҳои болооби Зарафшон аз ҷумла водии Фон маълумоти мукаммал додаанд. Мувофиқи маълумоти Ибни Ҳавкал дар саргаҳи Зарафшон ноҳияи кӯҳии Бутам ҷой гирифта, аз рустоҳои Мастчо (Кӯҳистони Мастчоҳ), Бургор (водии Фалғар) ва Бутам (водии Фон – Яғноб) иборат аст. Дар тасвири Ибни Ҳавкал ва сайёҳи дигари араб ал-Истахрӣ ноҳияи Бутам аз кӯҳҳои баланд ва дастнорас иборат буда, дорои деҳаҳо ва қалъаҳои дастнорас мебошад. Дар борбари дигар маълумоти барои имрӯзиён арзишнок сайёҳони араб дар бораи мавҷудияти ғори кӯҳи Малик маълумоти аҷибе медиҳанд. Онҳо қайд менамоянд, ки аз ғори Кантоғ (номи ҳамонвақтаи Кӯҳӣ Малик ) доимо газ мебарояд. Вай рӯзона ба дуд, шабона ба забонаи оташ монанд аст. Газ дар ғор тунук шуда, ба навшодир табдил меёбад. Ибни Ҳавкал тарзи ҳосилкунии навшодирро ин тавр ба қалам додааст. «Дар кӯҳ оташ месӯзад ва он аз як ҷой ба ҷои дигар мекӯчад. Дуди он монанди бухор аст, ки шаб чун оташ менамояд. Ҳосилкунандагони навшодир дар ҷои баромадгоҳи бухор хонае месозанд ва дару равзанаро устувор мекунанд, чуноне, ки бухор ба ягон ҷое баромада натавонад. Он бухор дар сақфи хона банд гардида ба навшорад табдил меёбад. Марди аз намад либос дошта худро дар об тар кунад ва ва даруни хона шавад. Ва ҳарчи тавонад баргирад ва берун ояд. Агар дар ин кор каме оҳистагӣ намояд, ӯ бисӯзад». Кӯҳкорони қадим маҳсулоти аз ғорҳои Кӯҳӣ Малик истеҳсолкардаашонро (чӣ тавре маъхазҳо тасдиқкардаанд, дар Кӯҳи Малик 18 ғори калон ва як қатор мағораю ғорчаҳо мавҷуданд) бо усули косибӣ кор карда баромада, аз онҳо нашодир, зок, сулфур, даҳони фаранг ва намаки борут тайёр мекарданд. Тибқи иттилои маъхазҳо дар асрҳои миёна савдогарони ин водӣ маҳсулоти тайёркардаи худро ҳамчун моддаи муҳими кимиёвии онрӯза дар бозорҳои Ҳинд, Чин, Тӯрону Эрон, Мисру Ироқ, Юнону Рим, Русия , Кавказ ва дигар кишварҳо савдо мекарданд, ки ин гуна маҳсулот бо номи намаки тоторӣ машҳур гардида буд. Ин маҳсулот яке аз воситаҳои беҳтарини коркарду рангубордиҳии чарм, матоъҳои пахтагию пашмина, абрешим, қисми таркибии доруи милтиқ (борут) ва дар тиб барои тайёр кардани доруҳои табобатӣ истифода мешуд. Баъд аз тасвири сайёҳони араб дар хусуси оқибати ин сӯхтор Аҳмади Тӯсӣ (Асри Х11) чунин ёдоварӣ менамояд: «Кӯҳи навшодир дар наздикии Самарқанд воқеъ буда, дар ҳолати ба ҳаво баланд шудани дуди ғализи сӯзон хокбориш ба амал меомад. Аз ин ҳодисаи табиӣ ба атроф навшодири зиёде паҳн мешуд…» Абдураҳмони Мустаҷир низ дар асари «Рӯзномаи сафари Искандаркул» дар бораи ба зокфурӯши шуғл доштани сокинони деҳаи Работ, ки дар наздикии сӯхтори Кӯҳи Малик сукунат доранд, ишорае менамояд. ( Кӯҳӣ Малик дар муқобили собиқ деҳаи Работ, ки сокинони он соли 1974 ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон кӯчонида шудаанд, дар соҳили рости дарёи Яғноб дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр ва як километр баландтар аз соҳили дарёи воқеъ мебошад).

Аввалин тадқиқоти илмӣ бошад, дар хусуси ин сӯхтор соли 1842 аз ҷониби олими рус Ф. Богословский ба ҷо оварда шудааст. Олим пас аз омӯхтани мавзеи сӯхтор ва тадқиқоти гуногунҷабҳа ба хулосае меояд, ки синни сӯхтор аз 1000 сол зиёд аст. Ба ақидаи олим сӯхтор дар чуқурии 500 – 700 метр давом мекард. Мавзӯи сӯхтори кӯҳантарини дунё борҳо мавриди тадқиқиоти олимони кишварҳои мухталиф қарор гирифта буд. Номзади фанҳои геология ва минералогия В.Новиков дар рӯзномаи «Панорама» соли 1989 мақолае таҳти унвони «Пожар которому 1 000 лет» маводе ба табъ расонида буд. Аз ин мақола чунин бармеояд, ки имрӯз истифодаи гармии аз сӯхтор ба вуҷуд омада, имконпазир мебошад. Дар қатори ин олимони барҷастаи Аврупо А.Гумболд, Карл Рихтер ва Ферденанд Рихтофен низ ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, тахмин менамоянд, ки замоне ҳудуди Тян - шон ва водии Зарафшон маркази вулканҳои калон будааст. Ба гуфти онҳо ҳанӯз дар аҳди истилои Искандари мақдунӣ манзараҳои ғайричашмдошти сӯхтори зеризаминии ангишти Кӯҳи Маликро мушоҳида намудан мумкин будааст.

Бовар дорем, ки минбаъд ин мавзӯъ олимону мутахассисони соҳаҳои мухталифро ором намегузорад Аз гузаштаи дур то ин дам шарораҳои оташ ва дуди ғализи ду тарафи дарёи Яғноб бо сирру асрори худ диққатҷалбкунанда буданд. Шояд сӯхтор то ҷорӣ шудани дини Ислом ба амал омадаву замоне ин макон барои суғдиёни оташпараст мавзеи муқаддас ҳисоб мешуд? Шояд.

Дар замонаҳои минбаъда бошад, сокинони маҳал, ки баробари кишоварзӣ ба чорводорӣ ва бархе ба шикорчигӣ низ шуғл доштанд, оташи мавзеъро чун манбаи пӯхтани гӯшти ҳайвоноту парранда ва табобат истифода мебурдагӣ шуданд. Имрӯз дар баландии 2 500 метр ғоре мавҷудаст, ки мардум дар фаслҳои сармо (дар баҳору тобистон ба он наздик шудан имконнопазир аст) ба он ҷо рафта худро аз маризиҳои буғумдард, тарбод, радикулит ва ғайра табобат менамоянд. Мутаассифона чунин мавзеъ ба гумон аст, ки диққати табибону олимони соҳаи тандурустии мамлакатро ба худ ҷалб карда бошад. Агар чунин ташхис анҷом меёфту самар медод, шояд аққалан сӯхтори Кӯҳи Малик чун манбаи табобат истифода мешуд. Ҳаёти рӯзмарра собит месозад, ки на ҳама маризон имрӯз танҳо аз сӯзандорую ҳабҳои селофанпеч табобат меёбанд. Дар баробари фолкушоиву азоимхонии ҷугиву муллоҳо як қисми муайяни шаҳрвандон худро тавассути неъматҳои табиат низ дармон мебахшанду оянда низ чунин амалро ба ҷо меоранд. Ба ғайр аз истифодаи Кӯҳӣ Малик чун макони табобатӣ онро чун мавзеи сайру саёҳати ҳодисаи нодири табиӣ низ истифода бурдан имконпазир мебошад.

Қуллаи Фудзиямаи Ҷопон, гейзерҳои Русия, вулқончаҳои Мардакони наздикии Боку, чашмаҳои ҷӯшони Индонезия ва ҷойҳои дигари ақсои оламро ҳамасола ҳазорон нафар тамошо менамоянду дар бораи куҳантарин сӯхтори дунё кам андар касон хабардор бошанд? Имрӯз сӯхтори Кӯҳи Малик идома меёбад.

Тибқи маълумоти олимон аз сухтани ҷинсҳои кӯҳӣ дар як шабонарӯз 23 метри мукааб газ ҳосил шуда, ҳарорати гармӣ аз 230 то 250 дараҷа меафзояд. Замони шӯравӣ олимон аз таркиби хоки сӯхтори Кӯҳи Малик ду минерал дарёфт намуданда буданд: Масканит, ки дар боқимондаҳои вулқони Везувия маскун буда, Летивитсид, ки дар ҳавзаҳои ангишти Чехия вомехӯрад. Кӯҳи Малик чун ҳазорсолаҳо месӯзаду месӯзад. Дар радифи он боз сӯхторҳои нав низ пайдо шуданд. Пас аз дар солҳои шастуми асри гузашта ба роҳ мондани коркарди зеризаминии ангишти Нови Матек воқеъ дар шафати шоҳроҳи сохташавандаи шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ дар ин ҷой ҳам конҳо дучори сӯхтор гардида, хомӯш кардани онҳо ғайриимкон мебошад . Чунин сӯхтор дар конҳои наздикии деҳаи Работ ва шафати шаҳраки Сарвода низ рух дода, захираи ангишти онҳо ба коми оташ меравад. Оё вақти он нарасида, ки эҳтимолияти сӯхтор куллан чорасозӣ шуда, ангишт чун дороии мамлакат ҳифз карда шавад. Дар баробари ин наход роҳи истифодаи ҳарорати сӯхтори конҳо набошад? «Гурусна ба шер задааст», мегӯянд дар урфият. Дар марҳилаи ноқисии маводи сӯхту гармидиҳӣ магар истифодаи ҳарорати беинтиҳои пасмондаҳои сӯхтори Кӯҳӣ Малик ва конҳои сӯхтаистодаи ангишти Нови Матек, Работ, Сарвода имкон дошта бошад? Дар ин ҷода олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ чӣ андешае дошта бошанд?
Маъруфи Бобораҷаб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: