Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Аз мо ҳаракат, аз замин баракат

Аз мо ҳаракат, аз замин баракат

4-05-2020, 13:08
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
      Аз мо ҳаракат, аз замин баракат Дар ҳоле, ки қуллаҳои кӯҳу талҳои атрофи шаҳри Роғун ҳанӯз барфпӯш аст, деҳқонон ва аҳли хоҷагиҳои кишоварзии ин ноҳия аз ҳар лаҳзаву ҳар рӯзи офтобӣ босамар истифода бурда, киштукорро вусъат медиҳанд.
Обу ҳавои нисбат ба ноҳияҳои поёнӣ сарду нарми ноҳияи мо имкон медиҳад, ки корҳои саҳроӣ ва махсусан кишту кори зироатҳои полезиро то нимаҳои моҳи май ҳам давом диҳем. Ҳамаи хурду калон медонанд, ки истифодаи самараноки замин асоси ҳосили фаровони зироат, замина барои пур кардани дастархони мардум ва ободиву осудагии ҳар хонавода, дар умум бошад, омили ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии кишвар мебошад.
Бо ин умед ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати вусъат бахшидан ба кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ дар шаҳри Роғун нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, бо роҳбарии раиси шаҳри Роғун Сулаймонзода Музаффар гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Чунин гурӯҳҳо ҳамзамон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ таъсис дода шудаанд, ки яке аз вазифаҳояшон ташкили дурусти рафти кишту кори баҳорӣ, назорат ба фаъолияти сокинон дар заминҳои назди ҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқониашон аст. Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи шаҳр бар асоси нақшаи тасдиқшуда, ба хоҷагиҳо ба назди кишоварзон рафта, ба кору борашон шинос мегардад, арзу дархости онҳоро дар мавриди беҳтар ба сомон расондани корҳои баҳорӣ мешунавад, дар ҳадди имконоти мавҷуда барои ҳалли душвориҳо мусоидат менамояд.
Айни ҳол бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа, аз ҷумла зироатҳо шудгору мола кардани заминҳо идома дорад. Бар асоси нақша дар ин мавсим хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзони мо бояд дар майдони 1037 гектар кишти баҳориро ба иҷро расонанд ва бо ин мақсад имрӯзҳо корҳо рафта истодааст. Бар асоси нақша, аз ҷумла дар 500 гектар ғаладонагӣ, 30 гектар зағер, 160 гектар картошка, 40 гектар сабзавот ва дар 287 гектар зироатҳо барои хӯроки чорво бояд то поёни мавсим кошта шаванд.
Лозим ба зикр аст, ки мақомоти шаҳр, намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ низ ҳама имрӯзҳо дар паҳлӯи кишоварзон буда, дар вохӯриҳо бо аҳолӣ ба истифодаи ҳар порчаи замин ва ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ барои кишту кор таблиғ мекунанд. Ҳамзамон ҷиҳати ҷалби сокинони шаҳр барои кишти зироату растаниҳои полезӣ дар заминҳои назди ҳавлигӣ даъват менамоянд. Мо хуб медонем ва чуноне ки мутахассисон ҳам тавсия медиҳанд, дар рӯзҳои офтобӣ кор дар саҳро ва тибқи меъёри муайян дар ҳавои кушод баҳра бурдан аз нурҳои зарини хуршедӣ яке аз воситаҳои хуб барои пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирусу пневмония аст.
Аз ин лиҳоз, кори ҷисмонӣ ва махсусан амалҳои мақсадноку созандаи ҳар яки мо дар ин давраи ҷӯшу хурӯши кори баҳорӣ, нафақат боиси фаровонии бозору дастархони ҳар оила аст, балки барои саломатии ҳар яки мо низ муҳим мебошад.
Махфират Давлатзода,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: