Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » БОЗДИДИ МУОВИНИ РАИСИ ҲХДТ ЛАТИФЗОДА АСРОР ҚУРБОН АЗ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

БОЗДИДИ МУОВИНИ РАИСИ ҲХДТ ЛАТИФЗОДА АСРОР ҚУРБОН АЗ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

25-04-2020, 10:05
Хабарро хонданд: 733 нафар
Назарҳо: 0
БОЗДИДИ МУОВИНИ РАИСИ ҲХДТ ЛАТИФЗОДА АСРОР ҚУРБОН АЗ НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Латифзода Асрор Қурбон муовини Раиси ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо кормандону аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ ва ихтиёриён вохӯрӣ анҷом доданд.
Латифзода Асрор Қурбонро зимни сафари кориашон Гадоев Салим намояндаи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ҳусейнзода Наврӯз роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳамроҳӣ намуданд.
Баъд аз суҳбат бо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва боздид аз утоқҳои кории кормандон мавсуф бо аъзои ташкилотҳои ибтидоии «Варзишгарон» ва «Роҳсозон», ки дар саҳни муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия машғули корҳои созандагиву хуррамгардонӣ буданд, вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат Латифзода Асрор аз иштирокдорон баҳри самаранок истифода бурдани ҳар қитъаи замин ва захираи маводҳои ғизоӣ дар оянда даъват ба амал оварда, таъкид намуд, ки мо бояд ба таҳлука наафтода ба риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ баҳри пешгирӣ аз бемории коронавирус муносибати ҷиддӣ намоем.
Инчунин, бо аввалин волонтиёрҳои ҳизбӣ мулоқот доир гардида, заминаи таъсиси гурӯҳи ихтиёриёни (волонтиёрҳо) ҳизбиро дар ноҳия асос гузоштанд. Гурӯҳи навтаъсиси ихтиёриён аз ташкил ва вохӯрӣ бо онҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, ваъда доданд, ки тамоми нерӯ ва дониши худро баҳри ободонии як гӯшаи диёр дареғ намедоранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: