17 апрел Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар асоси моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” то интихоб шудани Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум таҳти раисии калонсолтарин узви Маҷлиси миллӣ Низом Қосим оғоз гардид.
Тавре иттилоъ дода будем, 27 марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда буд. Дар он 25 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, 15 апрели соли 2020 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд, ки ҳамагӣ 31 нафар аъзои интихоб ва таъйингардидаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толор ширкат доштанд.
Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум муовини Сарвазири мамлакат, Раиси Суди конститутсионӣ, Раиси Суди Олӣ, Прокурори генералӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок доштанд.
Тибқи регламенти кори Иҷлосия ҳайати котибот иборат аз 3 нафар ва рӯзномаи Иҷлосия иборат аз 10 масъала :-
— Дар бораи интихоби Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум,
— Дар бораи интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
— Оид ба муқаррар намудани шумораи муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
— Дар бораи интихоби муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
— Дар бораи таъсиси кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
— Дар бораи интихоби раисони кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
— Дар бораи таъсис додани Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
— Дар бораи шумораи ҳайати кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
— Дар бораи интихоб намудани ҳайати кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
— Дар бораи Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар ҳайати 5 нафар тасдиқ гардиданд.
Вакилони Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия шурӯъ намуданд.
Оид ба масъалаи 2 — юми рӯзнома “Дар бораи интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳоди узви Маҷлиси миллӣ Одилзода Дилбар Раҳим оид ба интихоби узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби вакилони Маҷлиси миллӣ Раҳимӣ Фарҳод, Амонзода Илҳом Темур ва Қонунзода Шодигул Худобахш муҳокима ва дастгирӣ ёфтанд.
Сипас, тибқи моддаи 3-и дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ному насаби номзади пешниҳодгардида ба бюллетенҳои овоздиҳии пинҳонӣ ворид гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Пас аз интихоб гардидан ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Иҷлосия суханронӣ намуд.
Сипас кори Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум таҳти раисии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷараён гирифт.
Оид ба масъалаҳои сеюму чоруми рӯзномаи иҷлосия “Оид ба муқаррар намудани шумораи муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи интихоби муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоб намудани узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаббойро ба вазифаи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзов Ёдгор Доёровичро ба вазифаи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Сипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум суханронӣ намуда, оид ба муҳимтарин паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, пешгирии ҳама гуна таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла “вабои аср»- коронавирус ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа дастуру ҳидоятҳо доданд.
Пас аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ба кори худ идома бахшид.
Вобаста ба масъалаҳои дигари рӯзномаи Иҷлосия, аз ҷумла “Дар бораи таъсиси кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки дар Маҷлиси миллӣ 5 кумита ва Комиссия оид ба назорати Дастур таъсис дода шавад.
Ҳамин тариқ,
— Раҳмон Дилшод Сафарбек — Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният,
— Ҳакимзода Қурбон — Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология,
— Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ — Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон,
— Раҳимӣ Фарҳод — Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ,
— Ҷумъазода Шарифҷон — Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия,
— Қонунзода Шодигул Худобахш — Раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур интихоб гардиданд.
Бо қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Идрисзода Илёс Мумин — Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Бо ҳамин Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.