Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ баргузор гардид

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ баргузор гардид

16-02-2018, 10:16
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 16.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дирӯз дар Душанбе доир гардид, наздик ба 20 масъалаи ҳаётан муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аъзои Шӯро қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», 2 қонуни мукаммал: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу¬¬рии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохур ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон» ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуда, ба иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллӣ, ки имрӯз дар Душанбе доир мегардад, пешниҳод карда шуданд.
Ҳамзамон Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон дар ҷаласаи худ лоиҳаи қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозхонд намудани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017»-ро ҷиҳати баррасӣ ба рӯзномаи иҷлосия ворид карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: