Вохӯрӣ бо донишҷӯён16-04-2020, 16:51
Хабарро хонданд: 299 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамоишу вохӯриҳҳо дар мавзӯҳои гуногуни таълимию тарбиявӣ бо хонандагону донишҷӯён манфиатбахш буда, барои баланд бардоштани савияи дониш, тафаккур ва малакаи онҳо манзалати ниҳоят баланде дорад.
Мо- ҳайати эҷодии ҳафтавори “Минбари халқ” бо роҳбарии олим ва журналисти шинохта, сармуҳаррири ҳафтанома Бахтиёр Ҳамдамов чанд рӯз пештар ба маҳфили илмӣ-эҷодии “Ҳамзамон”-и кафедраи матбуотӣ факултаи журналистикаи ДМТ даъват шуда будем. Ҳамон рӯз, аз шаб сар карда, беист барф меборид. Ин барфи деромадаву ғайриинтизор хотири ҳамаро мушавваш сохта буд, зеро аз субҳ сар карда, шабакаҳои иттилоотии интернетӣ дар бораи хисорот ва харобиҳои овардаи ин барфи бемаҳал хабарҳои зиёде пахш карда буданд. Ба назар чунин мерасид, ки зимистон аз сари нав, боз ба диёри мо омадааст. Ҳамон рӯз, мо кормандони эҷодии ҳафтанома роҳ ба сӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пеш гирфтем. Баргузории вохӯриямон соати 11 таъйин гардида буд ва мо мувофиқи вақти муайяншуда, ба факулта расидем. Дар даромадгоҳ устодони кафедраи матбуот Қироншоҳ Шарифзода ва Нуриддини Бозор моро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифтанд. - Хуш омадед меҳмонони азиз, марҳабо – гӯён устод Қироншоҳ Шарифзода бо чеҳраи кушод бо мо вохӯрдӣ кард ва моро ба дохили факулта муроот намуд. - Ҳама аъзои маҳфил аллакай ҷамъ шуда шуморо интизоранд, - гуфт устоди кафедра Нуриддини Бозор. Дар ҳақиқат, ҳангоми ворид шуданамон ба толори маҷлисгоҳи факулта, аз чеҳраи кушода ва пешвози самимии донишҷӯён эҳсос кардем, ки онҳо омадани моро бесаброна интизоранд. Ростӣ, баъди ин ғубори барфи бемаҳаломада, ки то ин дам дар қалбамон маскан гирифта буд, зудуда шуд. Баъди муаррифӣ намуданамон бо шогирдон маҳфил оғоз гардид. Сараввал сухан ба сармуҳаррири ҳафтаномаи “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов дода шуд. Номбурда атрофи фаъолияти имрӯзаи ҳафтанома, мавқеъ ва ҷойгоҳи матбуоти муосир дар замони имрӯза ва фаъолияти самароноки бахшҳои шабакаҳои интернетӣ ибрози андеша кард. Донишҷӯён аз суҳбати Бахтиёр Ҳамдамов баҳра бардошта, атрофи мавзӯъҳои матраҳгардида ибрози назар намуданд. Бо саволҳо ба Бахтиёр Ҳамдамов муроҷиат карда, чавобҳои амиқу қонеъкунанда гирифтанд. Дар охири суҳбат, Бахтиёр Ҳамдамов пешниҳод намуд, агар дар мактабҳои олии факултаҳои журналистдоштаи ҷумҳурӣ, усули таълимии “Устод ва шогирд” (Мастер класс) таъсис дода мешуд, он дар оянда барои беҳтару хубтар тайёр кардани мутахассисони соҳаи журналистӣ манфати хуб меовард. Чунин усули корӣ дар мактабҳои олие, ки шуъбаҳои ҳунарӣ доранд, кайҳо боз истифода бурда мешавад ва самараи хуб ҳам оварда истодааст. Атрофи ин пешниҳод чанд нафар аз устодону шогирдон ибрози андеша карданд ва он пазироии хуб ёфт. Журналисти шинохта ва бонуи кордон Ҳуриннисо Ализода низ бо аъзои маҳфили “Ҳамзамон” суҳбати арзишманде кард. Ҳуриннисо атрофи моҳияти фаъолияти журналистӣ, камбудӣ ва костагиҳои ҷойдоштаи ҷода ва қадру манзалати журналисти муосир ибрози андеша намуд. Номбурда гуфт, ки имрӯз иддае аз журналистони мо қонуну қоидаҳои ҳимояи ҳуқуқҳои худро намедонанд, ки ин боиси надонистани ҷойгоҳи худ дар ҷомеаи муосир мебошад. Аз ин рӯ, дар ин самти масъала бояд журналистони оянда тавваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳанд, зеро донистани ҳуқуқҳои худ фаълияти онҳоро фаррох карда, муносибаташонро ба тамоми қишрҳои ҷомеа осон мегардонад. Журналист бояд дар тамоми ҳолатҳои носозгории фаъолияти корияш ҳуқуқуҳои худро ҳифз карда тавонад. Дар идомаи ҳамоиш журналистони варзида Алиҷон Ҷӯраев ва Азамат Дӯстов дар атрофи интихоби мавзӯъ зимни навииштани мақолаҳои таҳлилӣ, возеҳбаёнӣ дар эҷоди журналистӣ ва сарчашмаҳои асосии эҷодӣ, жанрҳои хабарию публисистӣ андеша баён намуданд. Мавзӯъҳои пешниҳодшуда аз ҷониби онҳо матраҳи хуб ёфта, мавриди баҳс қарор гирифтанд. Дар охир, устодони кафедра ба сухан баромада, нисбат ба судманд будани вохӯрии баргузоргардида ибрози андеша карда, аз ташрифи ҳайати эҷодии ҳафтавори “Минбари халқ» ба маҳфили илмӣ-эҷодии “Ҳамзамон”-и кафедраи матбуотӣ факултаи журналистии ДМТ изҳори сипос намуданд. Бо ҳамин ҳамоиш ба итмом расид. Бояд тазаккур дод, ки вохӯрӣ ниҳоят шавқангез ва самимӣ баргузор гардид. Гузаронидани чунин маҳфилҳо бо иштироки журналистон ва ашхоси номдорӣ соҳа метавонад дар ниҳоди ҷавононе, ки пешаи журналистиро интихоб кардаанду дар ин ҷода қадамҳои нахустини хешро мегузоранд, дарси хубе шавад ва онҳоро аз паҳлуҳои мухталфи соҳаи журналистика огаҳ намояд. Т. Орифӣ
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.