Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Машварат дар назди Пешвои миллат

Машварат дар назди Пешвои миллат

10-02-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 350 нафар
Назарҳо: 0
Машварат дар назди Пешвои миллат
Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар мақомоти дахлдор машварати корӣ доир намуд.


Бо таваҷҷуҳ ба вазъи нигаронкунандаи минтақа ва ҷаҳон масоили вобаста ба пурзӯр намудани омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ, таҳкими мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ба мисли терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Таваҷҷуҳи зиёд ба таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва таъминоти моддию техникии сохторҳои низомӣ, самарабахш ба роҳ мондани машқу машғулиятҳои ҳарбӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии ҳайати роҳбарию фармондеҳии Қувваҳои Мусаллаҳ зоҳир гардид.


Бино ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, “ҳифзи боэътимод аз марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз сохторҳои дахлдори кишвар беш аз ҳарвақта омодагии доимӣ, ҳушёрию зиракӣ ва маҳорату малакаи баланди касбиро талаб мекунад”.


Дар робита ба таҳкими мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз тавсеаи ифротгароӣ таъкид гардид, ки бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла бо омӯзгорон ва мактаббачагону донишҷӯён, аҳли илму фарҳанг, ходимону олимони дин, сиёсатмадорону ҷомеашиносон ва дигар фаъолони ҷомеа доир ба пешгирӣ аз гумроҳсозии наврасону ҷавонони ноогоҳ бояд ҳамкории босамар ба роҳ монда шавад.


Доир ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодию коррупсионӣ, истифодаи сарфакорона ва самарабахши маблағҳои буҷетӣ ва воситаҳои моддию техникӣ ҳам дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
©president.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: