Фатво ба мусалмонҳои Ӯзбекистон: дар моҳи Рамазон намозро дар хона ва тариқи онлайн хонед15-04-2020, 13:34
Хабарро хонданд: 220 нафар
Назарҳо: 0
Идораи мусалмонҳои Ӯзбекистон фатвои хондани намозро дар моҳи Рамазон, дар давраи вабои вируси корона, содир кард: дар масҷидҳо адои намоз манъ ва Қуръонро мешавад, тариқи Интернет хонду гӯш кард.
Дар хабаре, ки рӯзи 13 апрел дар сомонаи Идораи мусалмонҳои Ӯзбекистон нашр шуд, омадааст, ин мавзуъро бо Идораи маънавии мусалмонҳои Қазоқистону Қирғизистон баррасӣ ва фатвои муштарак содир кардаанд. Аз мусалмонҳои Ӯзбекистон даъват шудааст, ки бо ҳадафи риояи карантин амалҳои зерро анҷом диҳанд: адои намоз ва қироати Қуръонро дар хона анҷом диҳанд (қироати Қуръон ҳамзамон тариқи Интернет ба роҳ монда мешавад); ифтор ташкил накунанд ва харҷи ифторро ба корҳои хайрия сарф намоянд. Барномаҳои Рамазонӣ пайваста тариқи телевизион ва Интернет пахш хоҳад шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.