Мақомоти Ӯзбекистон мегӯянд, баъди 15 апрел камбуди картошка пеш нахоҳад омад7-04-2020, 09:45
Хабарро хонданд: 179 нафар
Назарҳо: 0
Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон мегӯяд, баъди 15 апрел дар кишвар камбуди картошка сар нахоҳад зад. Дар хабари вазорат омадааст, ки дар ояндаи наздик миқдори зиёди картошка вориди бозор мешавад.
"Камбуди картошка (45-50 ҳазор тона) асосан дар моҳҳои март-апрел рост меояд. Дар ин марҳила талаботи дохилӣ асосан аз ҳисоби захира ва воридот таъмин мегардад", - омадааст дар хабар. Ба иттилои вазорат, барои зимистону баҳори солҳои 2019-2020 дар кишвар 181 ҳазор тона картошка захира шуда буд, ки то имрӯз 133 ҳазор тонааш ба фурӯш рафтааст. Дар вазорат гуфтанд, тақрибан баъди 10 рӯз картошкаи нав вориди бозор мешавад ва норасоии ин навъи сабзавотро бартараф мекунад. Расонаҳо пештар аз ин навиштанд, ки дар бозорҳои Ӯзбекистон картошка аз 3,5 ҳазор сӯм (3,5 сомонӣ) якбора ба 7 ҳазор сӯм (7 сомонӣ) расидааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.