Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Мутақобилияти дастаҷамъона мебояд

Мутақобилияти дастаҷамъона мебояд

13-10-2015, 08:14
Хабарро хонданд: 350 нафар
Назарҳо: 0
Мутақобилияти дастаҷамъона мебоядДар ташкилоти ибтидоии Кумиҷроияи шаҳри Хуҷандии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд дар асоси аксияи вилоятии «Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем» бо иштироки кормандони беморхона маҷлиси васеъ баргузор гардид. Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ Фаррух Муллоев ба маҷлис ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро оиди барномаи маҷлис шинос намуд ва суханро ба яке аз фаъолони ҳизб Х.Суннатуллоев дод. Мавсуф дар барои «Барномаи зиддикоррупсионии соҳаи тандурустии вилояти Суғд барои солҳои 2013-2020» баромад намуда, зикр кард, ки коррупсия ин зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ буда, омӯзиши ҷиддӣ, муносибати махсус, муқобилияти дастаҷамъона ва оперативиро талаб менамояд. Таъсири коррупсия дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, боварии шаҳрвандон ба даъвати демократии ҳуқуқбунёдро дар миқёси умумимиллӣ талаб мекунад. Инчунин, қайд гардид, ки дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон зуҳуротҳои коррупсионӣ мушоҳида мешавад. Ба хусус истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ муайян карда шуд. Дар солҳои охир муздситонии ғайриқонунӣ ва дастгир шуданӣ кормандони соҳаи тандурустӣ ва нисбат ба онҳо боз шудани парвандаҳои ҷиноятӣ боз як далели ҷой доштани падидаи номатлуб ва нанговар дар соҳаи тандурустӣ мебошад. Дар охир баромадкунанда оиди мақсади барнома, вазифаи барнома, ташвиқу тарғиби сиёсати зиддикоррупсионӣ, механизмҳои амалӣ намудани барнома, таъмини молиявии барнома, натиҷаҳои мунтазири барнома сухан ронд ва роҳ надодан ба падидаҳои номатлуб ҳозиринро даъват намуд.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: