Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «PATWA 2020»: Тоҷикистон кишвари устувор ва осебнопазир барои саёҳат эълон шуд

«PATWA 2020»: Тоҷикистон кишвари устувор ва осебнопазир барои саёҳат эълон шуд

30-03-2020, 09:35
Хабарро хонданд: 297 нафар
Назарҳо: 0
«PATWA 2020»: Тоҷикистон кишвари устувор ва осебнопазир барои саёҳат эълон шудАссостсиатсияи нависандагони сафар ва саёҳати кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором, ки яке аз ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар соҳаи сайёҳӣ эътироф шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистонро кишвари устувор ва осебнопазир барои саёҳат эълон намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин ассотсиатсияи ҷаҳонӣ ҳамасола дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB-Berlin» барои кишварҳои аз лиҳози сайёҳӣ ҷолиб, асотсиатсияву ташкилотҳо ва кормандони пешқадами соҳаи сайёҳӣ ҷоизаҳои махсусро дар сатҳи байналмилалӣ таҳия намуда, бо иштироки котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ба ғолибон тақдим менамояд.

«Тибқи иттилои расмии Ассотсиатсияи нависандагони саёҳат ва сафари кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором соли 2020 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари рушдкунандаи соҳаи сайёҳӣ ҷоизаи «PATWA 2020» таҳия гардида буд ва кишвари мо ғолиби ин ҷоиза гардид. Бо назардошти вазъияти баамаломада ва паҳншавии вируси сироятии COVID-19 Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB-Berlin» имсол баргузор нагардид ва ин ҷоиза ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ирсол гардид», — илова намуд манбаъ.

Эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби чунин як ташкилоти сатҳи байналмилалӣ боиси хушнудӣ буда, аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сайёҳӣ ва татбиқи босамари он шаҳодат медиҳад.

Дар ҳолати ба эътидол омадани вазъ ва иҷозати сафар ба саёҳат барои шаҳрвандони кишварҳои узви Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ эътирофи мазкур метавонад ба рушди соҳаи сайёҳии кишвар ва ташрифи сайёҳони зиёди хориҷӣ замина гузорад.

Хотиррасон менамоем, ки Ассотсиатсияи нависандагони саёҳат ва сафари кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором (PATWA) соли 1998 дар конфронси байналмилалии Уқёнуси Ором дар шаҳри Коломбои Шри-Ланка таъсис ёфта, мақсади асосии он барои рушди устувори саноати сайёҳӣ, сафар ва саёҳат дар кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад.

Ассотсиатсияи мазкур ҳамкории худро бо ташкилотҳои зертобеи СММ, аз қабили ЮНЕСКО ва Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ба таври зич ба роҳ монда, инчунин бо мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва коршиносони соҳаи сайёҳӣ ҷиҳати устувор гардонидани саноати сайёҳӣ ва беҳтар намудани вазъи сафар ва саёҳат ба роҳ мондааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: