Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Туркия дар куштори Ҷамол Хошуқчӣ 20 касро айбдор кард

Туркия дар куштори Ҷамол Хошуқчӣ 20 касро айбдор кард

26-03-2020, 09:05
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
Туркия дар куштори Ҷамол Хошуқчӣ 20 касро айбдор кардДодситонии кулли Туркия дар робита ба куштори рӯзноманигори саудӣ Ҷамол Хошуқчӣ зидди 20 кас айб эълом кард. Дар ҳоли ҳозир санаи оғози мурофиаҳои додгоҳӣ маълум нест ва ба бештари гумонбарон ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Яке аз гумонбарони асосӣ дар куштори рӯзноманигор мушовири пешини валиаҳди Арабистони Саудӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷамол Хошуқчӣ бо нашрияи The Washington Post ҳамкорӣ ва сиёсатҳои Риёзро танқид мекард. Рӯзноманигорро 2 октябри соли 2018 дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истамбул куштанд. Вале ҷасади ӯ то ҳол пайдо нашудааст.

Ангушти иттиҳом ба сӯи валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон баланд шудааст. Аммо Риёз даст доштани валиаҳдро дар ин ҳодиса рад мекунад. Мақомоти Арабистони Саудӣ дар робита ба қатли Хошуқчӣ 21 нафарро дастгир карданд. Боздоштшудаҳо даст доштани худро дар ин ҷиноят рад мекунанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: