Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Эрдуғон: "Кӣ ба қатли Хошуқҷӣ амр дод ва ҷасади ӯ куҷост?"

Эрдуғон: "Кӣ ба қатли Хошуқҷӣ амр дод ва ҷасади ӯ куҷост?"

27-10-2018, 11:08
Хабарро хонданд: 159 нафар
Назарҳо: 0
Эрдуғон: "Кӣ ба қатли Хошуқҷӣ амр дод ва ҷасади ӯ куҷост?"
Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи ҷумъаи 26-уми октябр бори дигар суоли калидии худ аз мақомҳои Арабистони Саудиро такрор кард, ки "ҷасади Ҷамол Хошуқҷӣ куҷост?"

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", оқои Эрдуғон ҳамчунин ишора кард, ки маълумоте аз парвандаи Хошуқҷӣ дар ихтиёр доранд, ки ҳанӯз ба касе дода нашудааст. Ба навиштаи хабаргузории "Ал-ҷазира", оқои Эрдуғон гуфтааст, ки Арабистони Саудӣ аз ин қазия "наҷот" нахоҳад ёфт, агар омил ва таҳиякунандаи ҳақиқии ин кушторро ошкор накунад.

Эрдуғон гуфт, ки новобаста ба мақом ва мартабааш, мақомоти Саудӣ бояд исми таҳиякунандаи ин нақшаро фош кунанд ва гумонбарон бояд дар додгоҳи Истамбул ҳозир шаванд.
Оқои Эрдуғон рӯзи сешанбе ҳам бо матраҳ кардани чанд суол, хостори ифшои ҳувияти омили аслӣ дар ин парванда шуд ва ҳамчунин таъкид кард, афроде, ки аз онҳо ҳамчун муттаҳам дар қатли ин рӯзноманигор ном бурда мешавад, бояд дар хоки Туркия муҳокима шаванд.

Раиси ҷумҳури Туркия рӯзи ҷумъа зимни такрори суоли аслии худ ҳамчунин хабар дод, ки додситони Арабистони Саудӣ рӯзи якшанбе қарор аст бо додситони Истанбул дидор кунад. Расонаҳои расмии Арабистони Саудӣ рӯзи чаҳоршанбе аз қавли додситони умумии он кишвар эълон карданд, ки Ҷамол Хошуқҷӣ "қасдан" кушта шудааст.

Аз оғози қазияи нопадид шудани Ҷамол Хошуҷқҷӣ дар консулгарии Саудӣ дар Истанбул, мақомот Арабистони Саудӣ то ба ҳол чандин бор изҳороти худро тағйир додад. Дар оғоз гуфтанд, ки Хошуқҷӣ пас аз дохил шудан ба бинои консулгарӣ, аз он берун шудааст. Ҳатто консули он кишвар дар Истанбул ба хабарнигори хабаргузории "Рейтерз" утоқҳои консулгариро як ба як нишон дод.

Чанд рӯз баъд валиаҳди ҷавон ва пурқудрати саудӣ Муҳаммад бин Салмон ҳам айни ин суханонро такрор кард ва гуфт, ки кишвараш дар қатли ин рӯзноманигори мунтақиди ҳукумат даст надорад. Дар пайи фишорҳои байналмилалӣ, ду ҳафта баъд Арабистони Саудӣ эътироф кард, ки Хошуқҷӣ "саҳван" ва дар даргирӣ дар дохили консулгарӣ ҷон бохтааст.


Баъд аз чанд рӯзи дигар, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ зимни сафар ба Индонезия дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳодисаи марги Ҷамол Хошуқҷӣ як "қатл" буд. Ва ахиран Арабистони Саудӣ эълон кард, ки қатли Ҷамол Хошуқҷӣ "барқасдона" сурат гирифтааст.

Хошуқчӣ рӯзи 2-юми октябр баъди ворид шуданаш ба консулгарии Саудӣ дар Истамбул нопадид шуд. Ӯ мехост дар ин ҷо санадҳои заруриро барои омодагӣ ба издивоҷаш дарёфт кунад. Расонаҳои байналмилалӣ аз қавли мақомоти Туркия хабар доданд, ки оқои Хошуқҷӣ дар дохили консулгарӣ шиканҷа ва сипас кушта ва ҷасадаш пора-пора карда шудааст. Аммо Эрдуғон дар суханрониҳои рӯзи сешанбе ва ҷумъаи худ дар ин бора чизе нагуфт.

Эрдуғон гуфт, ки новобаста ба мақом ва мартабааш, мақомоти Саудӣ бояд исми таҳиякунандаи ин нақшаро фош кунанд ва гумонбарон бояд дар додгоҳи Истамбул ҳозир шаванд. Президенти Туркия гуфт, ки Хошуқчӣ як қурбонии “куштори ваҳшиёна” шуд ва ин ҳодиса набояд пинҳон монад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: