Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » МОДАРОН ЗИНДАГИРО НУРУ ЗИЁИ ХОСА МЕБАХШАНД

МОДАРОН ЗИНДАГИРО НУРУ ЗИЁИ ХОСА МЕБАХШАНД

7-03-2020, 16:00
Хабарро хонданд: 603 нафар
Назарҳо: 0
МОДАРОН ЗИНДАГИРО НУРУ ЗИЁИ ХОСА МЕБАХШАНД
Ба истиқболи ҷашну баҳору зебоӣ – Рӯзи Модар дар қасри фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабинии идона доир гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, баён дошт, ки тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, фароҳам овардани шароит барои донишомӯзӣ ва касбомӯзии занону духтарон ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо, такмили механизмҳои таъмини дастрасии занон ба захираҳои иқтисодӣ ва рушди соҳибкории занон тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳои давлатӣ аз ҳадафҳои асосии Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, дар ин самт корҳои неку шоиста ба анҷом мерасанд.
Аз шумори 18 ҳазор нафар аъзоёни ҳизб дар шаҳри Хуҷанд 11 ҳазору 545 нафар ва аз 234 ташкилотҳои ибтидоӣ 144 нафарро занону бонувон ташкил медиҳанд, ки ин бешубҳа аз таваҷҷуҳи боварӣ ба занону бонувон далолат медиҳад.
Кумиҷроияи шаҳрии ҳизб дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ дастгирии бонувони фаъолро эҳсос мекунанд. Баргузории маҳфили «Розу бону» ва «Муросо»-и ки дар назди кумиҷроия фаъолият дорад, умдатарин мушкилоти занонро дар ҷомеа бо ширкати занони фаъол ва дар ҷамъият мавқеъ дошта ҳаллу баррасӣ мекунад.МОДАРОН ЗИНДАГИРО НУРУ ЗИЁИ ХОСА МЕБАХШАНД
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлуба Амонзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ занони фаъоли ҳизбиро бо омад – омади фасли баҳор шодбош намуда, зикр намуданд, ки модар азизтарин вуҷуди рӯи замин ва нафаси гарму дилнавози ӯ ибтидои ҳастист. Зан – модар сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо, рамзи зебоӣ ва накӯӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими насли инсонӣ мебошад, зеро сиришти ин мавҷуди муқаддас иборат аз меҳри ростину садоқати фитрист. Маҳз ҳамин хислатҳои фитрии занон боис шуда, ки дар ҳама ҷода занон пешсафу пешраф ва масъулиятпешаанд. Интихобот ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳалӣ бори дигар аз муттаҳидию ҳамдилии занону бонувон дарак дод.
Ба чанде аз занони фаъоли ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ҳофизонии номии вилоят Маҳками Баҳриддин, Умарҷон Қобилов, Сардорбек Солиев, Бахтиёр Давлатов, Тӯйхон Назаров, гурӯҳҳои ҳунарии Муассисаи давлатиии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, тарбиятгирандагони кӯдакистони Президентӣ бо ҳунарнамоии хеш хотири аҳли нишастро шод намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлили
КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: