Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Хизмат ба мардум ҳадафи асосии мост

Хизмат ба мардум ҳадафи асосии мост

26-02-2020, 09:48
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
Хизмат ба мардум ҳадафи асосии мост


Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ, 4 майи соли 1972 дар шаҳри Ваҳдат дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Дар шаҳри Душанбе ба сар мебарад.
Соли 1989 мактаби миёнаи №2 ба номи В.И.Ленини собиқ ноҳияи Ордҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат)-ро бо баҳои аъло хатм намудааст.
Солҳои 1989-1990 дар филиали заводи авиатсионии Иркутск воқеъ дар собиқ шаҳри Орҷоникидзеобод ба ҳайси чеваргар (закройщик) кор кардааст.
Соли 1990 ба шуъбаи рӯзонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1995 онро бо баҳои аъло хатм мекунад. Ҳамон сол бо қарори Комиссияи давлатии тақсимоту ҷобаҷокунии мутахассисони ҷавон дар кафедраи ҳуқуқи граждании Донишгоҳи милли Тоҷикистон (ДМТ) дар вазифаи ассистенти кафедра ба кор шурӯъ кард.
Соли 1997 бо тавсияи кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи милии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2000- ум дар мавзӯи «Мақоми гражданию-ҳуқуқии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мешавад.
Соли 2010 ба шуъбаи рӯзонаи докторантураи Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия дохил шуда, соли 2012 дар мавзӯи: «Проблемаҳои ташкилӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Айни замон, ҳамчун профессори кафедраи ҳуқуқи граждании факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад. Солҳои 2015-2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ҳамчунин, узви Шӯрои илмию машваратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003), дорандаи ҷоизаи Исмоили Сомонӣ байни олимони ҷавон (2004), узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2004), раиси Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005), узви Шӯрои ҷамъиятии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005), Ҳакам (арбитр)-и маркази байналмилалии баррасии баҳсҳо дар назди Суди иқтисодии ИДМ (2009), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009) аст.
Доманаи тадқиқоти илмиаш на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ муаррифӣ шудааст. Дар донишгоҳҳои Маҷористон (Венгрия), Италия, Шведсия, Қазоқистон, Қирғизистон, Британияи Кабир, Россия, ӯзбекистон такмили донишу ихтисос намуда, бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудааст.
Дар баробари ин, Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2013 таҳти №3357 узви гурӯҳи корӣ оид ба омода намудани лоиҳаи Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо медали 20-солагии Истиклолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011), Нишони фахрии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ (2019) мукофотонида шудааст. Муаллифи 6 монография ва зиёда аз 75 мақолаҳои илмӣ мебошад.
Оиладор, соҳиби чор фарзанд аст.
Мавсуф барномаи васеи интихоботиашро дар шаш самт омода сохтааст, ки фарогири тамоми масоили давлат ва ҷомеа аст:
- Бо дарку эҳсоси масъулият аз сиёсати давлатии дастгирии олимони ҷавон ҳамчун номзади пешбаришуда аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар аркони давлатдории миллӣ эълон дошта, самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии худро сармашқи кори худ қарор дода, тамоми неруи зеҳниву илмӣ, маҳорати касбии ҳуқуқшиносӣ ва дониши худро баҳри такмили қонунгузорӣ дар бахшҳои зерин сарф хоҳам кард;
Самти аввал. Дар самти ҳимоя ва арҷ гузоштан ба манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ, таҳкими устувори суботи сиёсӣ дар ҷомеа ва истеҳком бахшидани Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон, сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Асоснузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба пайравӣ намуда, барои:
• ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди Тоҷикистон;
• тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• нигаҳдории ризоияти ҷомеа ва устувории сиёсӣ дар мамлакат;
• тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ;
• таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар;
• дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати давлатии ҷавонон;
• барои ривоҷи мафкураи давлатию ҷаҳонбинии илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи илму дониш, интизом, садоқат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ, касбият, салоҳиятнокӣ, инчунин татбиқи технологияҳои замонавӣ барои рушду нумӯи кишвар;
• барои истифода аз арзишҳои маънавии миллат дар шароити ҷаҳонишавӣ кӯшиш карда, арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ;
• тақвият бахшидани сиёсати давлатиро дар самти таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҳувияти шаҳрвандӣ;
• баҳри пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа аз қабили экстримизм, терроризм ва ҷаҳолату хурофот, ки ба амнияту осоиштагии кишвар халал ворид менамоянд, фаъолияти пайваста менамоям.

Самти дуввум. Дар самти сиёсати давлатии ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузорӣ ҷиҳати рушди низоми қонунгузории кишвар бо назардошти арзишҳову манфиатҳои миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ, барои:
• рушди низоми қонунгузории кишвар дар доираи талаботи давлати соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ки меҳвари асосиаш инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он бошад;
• боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон;
• бо назардошти манфиатҳои миллӣ ҷорӣ намудани ченакҳои ҳуқуқии арзишҳои миллӣ ва роҳ надодан ба воридшавии унсурҳои фарҳанги бегона ба қонунгузорӣ;
• аҳамияти аввалиндараҷа додан ба ҳимояи манфиатҳои табақаи ниёзманди аҳолӣ, нафақахӯрон, маъюбон ва мактаббачагону донишҷӯён;
• такмили қонунгузорӣ дар самти ҳокимияти судӣ, қабул кардан ва дар амал татбиқ намудани барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ;
• таҳкими қонунгузории соҳаи бонк ва фаъолияти бонкдорӣ;
• мусоидат ҷиҳати сода намудани низоми андозбандӣ;
• таҳкими қонунгузории мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи иттилоот ва ҷиноятҳои кибернетикӣ;
• тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ;
• такмил додани механизми ҳуқуқии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
• барои аз байн бурдани ихтилофоти ҳуқуқӣ байни санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ ва дар ин замина, баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, кушиш ба харҷ медиҳам.

Самти саввум. Дар самти сиёсати давлатӣ дар соҳаи иқтисодиёт оид ба такмили қонунгузорӣ дар бахшҳои:
• таҳияи қонунҳои нав ва пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мавҷуда бо мақсади расидан ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»;
• иштирок дар таҳия ва татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»;
• мусоидат ба азхудкунии одилона ва истифодабарии самараноки сарватҳои табиии кишвар;
• фароҳам овардани шароит барои гузариш аз модели аграрӣ-саноатӣ ба модели саноатӣ-аграрии рушди иқтисодиёт;
• таҳкими раванди ҷорӣ ва истифодабарии васеи технологияҳои муосир ва инноватсионӣ;
• такмили сохтори иқтисодиёт, ки рушди бемайлони бахши воқеии иқтисодиёт ва афзоиши устувори маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакатро таъмин менамояд;
• ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикии давлат андешидани чораҳо баҳри рушди комплекси энергетикии мамлакат;
• баҳри таъмини амнияти комили озуқаворӣ ба роҳ мондани рушди комплекси агросаноатии кишвар;
• инкишофи инфрасохтори коммуникатсионии мамлакат ва пайваст намудани он ба шабакаҳои коммуникатсионии минтақавию ҷаҳонӣ;
• ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва рушди соҳибкорӣ ҳамчун муҳаррики иқтисодиёт;
• таъмини рушди босуботи минтақаҳои кишвар, кӯшиш менамоям.

Самти чаҳорум. Дар самти сиёсати давлатии иҷтимоӣ оид ба такмили қонунгузорӣ дар бахшҳои:
• дар сатҳи қонунгузорӣ нигоҳ доштан ва ҳифз намудани тамоюли иҷтимоии буҷети давлатӣ;
• идомаи стратегияҳои миллии рушд, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ;
• таъмини иҷрои самараноки «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои кӯмаки тиббию санитарӣ»;
• ҷорӣ намудани низоми тибби суғуртавӣ;
• ташкили корхонаҳои дорусозӣ ва васеъ истифода бурдани гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дар табобат;
• таблиғу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа;
• баланд бардоштани сатҳи шуғлнокии аҳолӣ:
• андешидани чораҳо баҳри зина ба зина баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, стипендия, кумакпулӣ ва ҷубронпулӣ, дастгирии пиронсолону маъюбон;
• бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ, такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустӣ, ташаккули низоми муосири хизматрасонии тиббӣ бо истифода аз технологияи муосир саъй менамоям.

Самти панҷум. Дар самти сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг:
• афзалияти соҳаи илму маориф ҳамчун самти стратегии сиёсати давлат, дастрасии таҳсилоти босифати ҳамаи зинаҳо барои тамоми гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа;
• бо мақсади ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ инкишоф додани зинаи мазкури таҳсилот ва азнавсозиву бунёди муассисаҳои томактабӣ;
• таҳкими пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳияву таълифи китобҳои давраи нав бо назардошти арзишҳои миллии фарҳангиву таърихӣ;
• мувофиқи талаботи бозори меҳнат омода намудани мутахассисон, таҷдиди назар намудани ихтисосҳо, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкории зичи корфармоён бо донишгоҳу донишкадаҳо;
• ҳамоҳанг сохтани фаъолияти илмии муассисаҳои академӣ бо донишгоҳу донишкадаҳо ҷиҳати ҳамгироии онҳо, пайвастани илм бо истеҳсолот, вусъат бахшидани маблағгузории давлатии фаъолияти илм ва инноватсионӣ, дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории ғайрибуҷетӣ барои рушди илм ва инноватсия;
• баланд бардоштани мақоми иҷтимоии муассисаҳои фарҳангӣ ҳамчун тарғибгари асосии арзишҳои миллии фарҳангиву таърихӣ;
• дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, озодии виҷдон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, кушиш ба харҷ медиҳам

Самти шашум. Дар самти сиёсатии давлатии ҷавонон:
• дар таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» саҳми худро гузорам;
• андешидани чораҳои муассир ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ, мақомоти намояндагӣ ва бо ҳамин роҳ ташаккул додани қобилияти сарварӣ миёни онҳо;
• паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ бо роҳи мусоидат намудан ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ;
• дастрасии ҷавонон ба амалисозии лоиҳаҳо, грантҳо ва фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ тавассути марказҳои ҷавонон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва маҳфилҳои худфаъолият;
• андешидани чораҳо ҷиҳати тарбияи варзишгарони касбӣ ва ташаккули оммавияти варзиш ҳамчун омили муҳимми солимии ҷомеа ва муаррифии миллату давлат дар сатҳи қонунгузорӣ масъалагузорӣ менамоям.
-Барои расидан ба ин ҳадафҳо, ки ба барномаву стратегияи ҲХДТ низ созгор ҳастанд, фаъолияти кории худро дар сурати интихоб шуданам ба вакилии парлумони миллӣ пеш аз ҳама дар ин самт равона хоҳам кард, - мегӯяд Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: