Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Б. САФАРЗОДА: «Таҷриба ва дониши худро баҳри такмили қонунгузорӣ сарф хоҳам кард»

Б. САФАРЗОДА: «Таҷриба ва дониши худро баҳри такмили қонунгузорӣ сарф хоҳам кард»

26-02-2020, 14:40
Хабарро хонданд: 475 нафар
Назарҳо: 0
  Б. САФАРЗОДА: «Таҷриба ва дониши худро баҳри такмили қонунгузорӣ сарф хоҳам кард»
Сафарзода Бахтовар Амиралӣ 10 марти соли 1983 дар ноҳияи Вахш дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиашро солҳои 1989-2000 дар мактаби миёнаи №3 ва мактаб-интернати ҳамин ноҳия гирифта, онро бо баҳои аъло хатм кардааст. Соли 2000 ба шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2005 соҳиби дипломи сурх ва ихтисоси ҳуқуқшинос мегардад. Баъди хатми таҳсил ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи ДМТ дохил шуда, соли 2010 рисолаи номзадиашро ҳимоя мекунад. Мавсуф аз соли 2007 ба сифати ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолияти меҳнатиашро оѓоз намудааст. Аз соли 2009 ба сифати иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ ва аз моҳи феврали соли 2011 ба ҳайси мудири ҳамин кафедра фаъолияташро давом додааст.
Солҳои 2014 -2015 ба ҳайси муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм фаъолият дошт.
Соли 2015 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Инъикоси стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар низоми ҳуқуқии миллии Тоҷикистон» бомуваффақият ҳимоя намуда, соҳиби унвони доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардида, ба сифати профессори кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии ДМТ ба фаъолияти илмиву таълимӣ машѓул аст.
1 марти соли 2015 аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Вахш № 32 ба сифати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, то ҳол фаъолият карда истодааст.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон. Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон мебошад.
Барои хизматҳои шоён дар рушди илми ҳуқуқшиносии кишвар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (2011), нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013) ва барои фаъолияти назарраси вакилӣ дар сатҳи байналмилалӣ бо Ифтихорномаи Ассамблеяи Генералии ИДМ (2019) қадрдонӣ шудааст.

Агар хато накунам, чор сол қабл, дар як маҷлиси ҳизбӣ дар Кохи «Ваҳдат»-и пойтахт ба Бахтовар Сафарзода ба ҳайси Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ сухан доданд. Мавсуф андешаҳояшро дар бораи масъалаи мавриди назар кӯтоҳ ва дақиқ баён кард. Нутқ бурро, андеша ҷолиб, пешниҳод хуб. Маълум, ки ҷавони донишманд аст.
Вақт нишон дод, ки дар интихоби вай чун Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштибоҳ накардаанд. Дарвоқеъ, Фраксияи ҲХДТ тайи панҷ соле, ки гузашт, бо намояндагони ҳизбҳои дигари сиёсӣ дар парламент ҳамкории судмандро баҳри шукуфоии кишвари азизамон таъмин намуда, дар муносибатҳои байналмилалӣ Маҷлиси намояндагон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар сатҳи арзанда муаррифӣ намудааст.
Тӯли фаъолияти вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода бо истифода аз донишу таҷрибаи андӯхтаи худ ҳамчун субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ чандин лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои соҳавӣ ва таѓйиру иловаҳо ба онҳоро таҳия намуда, пешниҳод кардааст, ки онҳо қабул гардида, имрӯзҳо дар низоми қонунгузории кишвар амал мекунанд.
Дар баробари дониши ҳуқуқшиносӣ аз нозукиҳои сиёсатшиносӣ ва забони модарӣ бархӯрдор буда, бо забонҳои русиву англисӣ озодона китобат ва суханронӣ менамояд.
Доираи тадқиқоти илмиаш назаррас буда, беш аз 130 мақолаву таҳқиқоташ дар бахшҳои назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи конститутсионӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ ба нашр расида аст.
Ин навбат низ ному насаби Бахтовар Сафарзодаро дар рӯихати номзадҳои интихобот дида, шод шудам. Барномаи пешазинтихоботии ӯ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маншаъ мегирад. Мавсуф мегӯяд, ки «Ҳамчун номзад ба вакилӣ масъулияти амиқро аз сиёсати давлатии дастгирии ҷавонон дарк намуда, пайравии содиқонаи худро ба андешаҳои давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат иброз менамоям. Самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии ҳизбро сармашқи кори худ қарор дода, бо дарназардошти арзишҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар аркони давлатдории миллӣ тамоми неруи зеҳниву илмӣ, маҳорати касбии ҳуқуқшиносӣ, таҷрибаи андӯхтаи вакилӣ ва дониши худро баҳри такмили қонунгузорӣ сарф хоҳам кард».
Барномаи пешазинтихоботии ӯ фарогири бахшҳои зерин аст:
Дар самти таҳким бахшидани истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба пайравӣ намуда, барои:
- ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди Тоҷикистон;
- таѓйирнопазрии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нигаҳдории ризоияти ҷомеа ва устувории сиёсӣ дар мамлакат;
- тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ;
- таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар;
- дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати давлатии ҷавонон;
- фароҳам овардани зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як шахс фаъолияти пайваста менамоям.
2. Дар самти сиёсатии давлатии ҳуқуқӣ ва такмили қонунгузорӣ ҷиҳати рушди низоми қонунгузории кишвар бо назардошти арзишҳову манфиатҳои миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ:
- рушди низоми қонунгузории кишвар дар доираи талаботи давлати соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ки меҳвари асосиаш инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ бошад;
- бо дарназардошти он ки ҳама гуна ислоҳоти ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ барои инсон аст, мусоидат ҷиҳати боло бурдани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон;
- бо назардошти манфиатҳои миллӣ ҷорӣ намудани ченакҳои ҳуқуқии арзишҳои миллӣ ва роҳ надодан ба воридшавии унсурҳои фарҳанги бегона ба қонунгузорӣ;
- аҳамияти аввалиндараҷа додан ба ҳимояи манфиатҳои табақаи ниёзманди аҳолӣ, нафақахӯрон, маъюбон ва мактаббачагону донишҷӯён;
- тақвият бахшидани мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, коррупсия ва гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир;
- барои аз байн бурдани ихтилофоти ҳуқуқӣ байни санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ ва дар ин замина, баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо.
3. Дар самти сиёсати давлатӣ дар соҳаи иқтисодиёт оид ба такмили қонунгузорӣ дар бахшҳои:
- такмили сохтори иқтисодиёт, ки рушди бемайлони бахши воқеии иқтисодиёт ва афзоиши устувори маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакатро таъмин менамояд;
- ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикии давлат ва ба кишвари содиркунандаи энергия табдил додани кишварамон андешидани чораҳо баҳри рушди комплекси энергетикии мамлакат;
- баҳри таъмини амнияти комили озуқаворӣ ба роҳ мондани рушди комплекси агросаноатии кишвар;
- инкишофи инфрасохтори коммуникатсионии мамлакат ва пайваст намудани он ба шабакаҳои коммуникатсионии минтақавию ҷаҳонӣ ҳамчун идомаи татбиқи стратегияи раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ;
- ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва рушди соҳибкорӣ ба хотири саноатикунонии босуръати кишвар;
- таъмини рушди босуботи минтақаҳои кишвар кӯшиш менамоям.
4. Дар самти сиёсати давлатии иҷтимоӣ оид ба такмили қонунгузорӣ дар бахшҳои:
- дар сатҳи қонунгузорӣ нигоҳ доштан ва ҳифз намудани тамоюли иҷтимоии буҷети давлатӣ;
- идомаи стратегияҳои милли рушд, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ;
- андешидани чораҳо баҳри зина ба зина баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, идрорпулӣ, кумакпулӣ ва ҷубронпулӣ, дастгирии пиронсолону маъюбон ва дигар нафарони ниёзманд;
- бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустӣ, ташаккули низоми муосири хизматрасонии тиббӣ бо истифода аз технологияи муосир саъй менамоям.
5. Дар самти сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг оид ба такмили қонунгузорӣ дар бахшҳои:
- афзалияти соҳаи илму маориф ҳамчун самти стратегии сиёсати давлат, дастрасии таҳсилоти босифати ҳамаи зинаҳо барои тамоми гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа;
- бо мақсади ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ инкишоф додани зинаи мазкури таҳсилот ва азнавсозиву бунёди муассисаҳои томактабӣ;
- таҳкими пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳияву таълифи китобҳои давраи нав бо назардошти арзишҳои миллии фарҳангиву таърихӣ;
- мувофиқи талаботи бозори меҳнат омода намудани мутахассисон, таҷдиди назар намудани ихтисосҳо, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкории зичи корфармоён бо донишгоҳу донишкадаҳо;
- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти илмии муассисаҳои академӣ бо донишгоҳу донишкадаҳо ҷиҳати ҳамгироии онҳо, пайвастани илм бо истеҳсолот, вусъат бахшидани маблаѓгузории давлатии фаъолияти илм ва инноватсионӣ, дарёфти сарчашмаҳои маблаѓгузории ѓайрибуҷетӣ барои рушди илм ва инноватсия;
- баланд бардоштани мақоми иҷтимоии муассисаҳои фарҳангӣ ҳамчун тарѓибгари асосии арзишҳои миллии фарҳангиву таърихӣ;
- дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо.
6. Дар самти сиёсатии давлатии ҷавонон:
- андешидани чораҳои муассир ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ, мақомоти намояндагӣ ва бо ҳамин роҳ ташаккул додани қобилияти сарварӣ миёни онҳо;
- паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ бо роҳи таъсиси ҷойҳои нави корӣ;
- дастрасии ҷавонон ба амалисозии лоиҳаҳо, грантҳо ва фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ тавассути марказҳои ҷавонон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва маҳфилҳои худфаъолият;
- андешидани чораҳо ҷиҳати тарбияи варзишгарони касбӣ ва ташаккули оммавияти варзиш ҳамчун омили муҳимми солимии ҷомеа ва муаррифии миллату давлат дар сатҳи қонунгузорӣ масъалагузорӣ менамоям.
-Дар заминаи самтҳои асосии барномаи пешниҳодгардида дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Вахш ва водии Вахшро мувофиқи мақсад шуморида, барои рушди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишии ҳудуди ҳавза барномаҳои алоҳидаи рушди маҳалро ҷалб менамоям, - мегӯяд Бахтовар Сафарзода.
Бовар дорем, ки интихобкунандагон аз ҳавзаи интихоботии Вахш №32 ба ҷонибдории номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ овоз хоҳанд дод.
А. Ҷӯраев
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: