Парвандаи 199 нафар марбут ба ҳодисаҳои соли 2015 ба суд фиристода шуд8-02-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 296 нафар
Назарҳо: 0
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд: «Парвандаи 199 нафарро дар робита ба ҳамлаҳои моҳи сентябри соли гузашта ба суд фиристода, ҳамакнун «саҳм»-и созмону кишварҳои хориҷӣ дар ин рӯйдодро дар алоҳидагӣ таҳқиқ дорад.
Мақомоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 8 феврал ба хабарнигорон гуфтанд, ки то кадом андоза даст доштани созмону кишварҳои хориҷӣ дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини собиқи вазири дифоъро ба таври алоҳида мавриди таҳқиқ қарор дода, ба зудӣ ин бахши корро ҳам ба анҷом мерасонанд. Сафаралӣ Мирзозода, сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон ва раҳбари гурӯҳи тафтишотӣ, аз ҷумла эълон кард, ки парванда муҳри махфӣ дорад ва ҳанӯз таҳқиқ ба анҷом нарасидааст. Ӯ дар ин суҳбат инчунин аз поён ёфтани тафтиши парвандаи гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ хабар дод. Вай гуфт: - Дар маҷмӯъ 199 парванда ба додгоҳ фиристода шудааст: "Аз ин ҳисоб 172 парванда ба гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва боқимонда ба аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ марбут аст. Тавре ки вай эълон кард: «Ҳоло 40 тани дигар аз нафароне, ки дар даст доштан бо ин ҳодиса гумонбар дониста мешаванд, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд. Ин мақоми Прокуратураи генералӣ афзуд, ки то ин дам ба ҳисоби миёна 151 миллион сомонӣ молу мулки Абдуҳалим Назарзода ва Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ҳисоб шуда ва ин амвол дар айни ҳол дар ҳолати ҳабси пешакӣ маҳфуз аст. Ин посух дар ҳоле ба хабарнигорон ироа гардид, ки ҳодисаҳои моҳи сентябри соли гузашта то ҳанӯз аз мавзӯъҳои асосии баҳс дар нишасту маҳфилҳои сиёсӣ ва инчунин дар ҷомеаи кишвар мебошад. Субҳи 4 сентябри соли 2015 афроди мусаллаҳ ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва ба як гурӯҳи вижаи пулис дар шаҳри Душанбе ҳамла карданд. Дар пайи талоши мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон дар муддати зиёда аз як ҳафта теъдоде аз гурӯҳҳои ифротӣ аз байн бурда шуда ва бахше ҳам боздошт гардиданд. ©С.Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.