Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ақидаҳои ихвонӣ – омили афзоиши ифротгароӣ

Ақидаҳои ихвонӣ – омили афзоиши ифротгароӣ

20-02-2020, 10:41
Хабарро хонданд: 225 нафар
Назарҳо: 0
Ақидаҳои ихвонӣ – омили афзоиши ифротгароӣ
Аз даҳсолаи дуюми асри ХХ раванди сиёсишавии дини Ислом дар аксари кишварҳои арабӣ, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ шӯруъ гардида, то имрӯз идома дорад ва ба ғайр аз афзоиш додани терроризму ифротгароии динӣ ва даҳшатафканӣ натиҷаи дигареро ба бор наовардааст. Исломи сиёсӣ ба кишварҳои Осиёи Миёна низ солҳои навадум сироят карда, ҳамчун омили харобкунандаи вазъ ва фитнаангезӣ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар сар задани тамоми нооромиҳову даргириҳои минтақаи мо ва хусусан ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон тавассути ташкилоти террористии наҳзатӣ нақши асосӣ дошт. Омили асосии таҳрикдиҳандаи исломи сиёсӣ, дар Миср ташкил ёфтани ҳаракати террористии “Ихвон-ул-муслимин” ва дар аксарияти кишварҳои мусулмоннишин паҳн гардидани ақидаҳои ифротии он буд.
Махсусан, дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон аз номи демократия ва озодии баён сӯиистифода карда, ин ташкилоти террористӣ неруҳои дигари воқеан озодандеш ва демократихоҳро ба доми фиреби худ кашид ва бо роҳи зӯроварӣ кушиши дигар намудани сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсиро кард, ки натиҷаи он сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, талаф ёфтану бехонумон шудани шумораи зиёди аҳолӣ ва чандин сол қафо мондани Тоҷикистон гардид.
Ташкилоти ифротии наҳзатӣ ҳамчун муҳраи дасти душманони хориҷӣ дар фазои сиёсии Тоҷикистон барои аз байн бурдани ҳар гуна озодандешӣ ва истиқлолхоҳии миллӣ тарҳрезӣ шуда, мебоист манфиатҳои ғаразноки онҳоро дар амал татбиқ менамуд. Хушбахтона, мардуми шарафманди тоҷик дар атрофи сиёсати дурусти Роҳбари кишвар ҷамъ омада, он замон бар ин неруи аҳриманӣ ғолиб омаданд ва Тоҷикистонро наҷот доданд.
Баъд аз барқарории сулҳу субот роҳбарон, масъулон ва аъзоёни ин ташкилоти зиддимиллӣ дар қатори дигар мухолифон авф гардиданд ва мардуми тоҷик умед ба он дошт, ки онҳо аз амалҳои манфури худ даст кашида, дар фикри ободию созандагии ватанамон мешаванд. Аммо ташкилоти терористии наҳзатӣ, ки ҳамеша дар ниҳоди раҳбаронаш бадандешиву хиёнатпешагӣ буд, дар фазои иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии Тоҷикистон ҷойгоҳ пайдо карда, бо сӯистифода аз эҳсосоти динии мардум дубора даст ба амалҳои ҷиноятӣ ва фитнаангез зад ва моҳи сентябри соли 2015 кӯшиш кард, ки бо роҳи зуриву табаддулот қудрати сиёсиро ба даст гирад.
Гарчанде давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон солҳои баъди имзои Созишномаи сулҳ ба масъулини ин тӯдаи харобкор гузаштҳо карда, умед ба он дошт, ки дар роҳи меъмори давлати миллӣ қадамҳои созанда хоҳанд гузошт, аммо ин созмон, ки фишанги дасти неруҳои иртиҷоии мазҳабии хориҷӣ буд, боз ҳам хиёнат кард. Зеро, бар ивази маблағҳои аз хоҷагони хориҷии худ гирифта, мебоист манфиатҳои онҳоро дар кишварамон татбиқ мекард.
Вале маълум аст, ки ҳоло дигар солҳои 90-уми асри гузашта нест ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон қудрати кофӣ барои ҳифзи амнияти кишварамон доранд ва мардуми мо низ огоҳ гардидаанд ва дигар аз паси чунин неруҳои табоҳкор намераванд. Ҳамин тавр, дар моҳи сентябри соли 2015 сохторҳои қудратии Тоҷикистон тавонистанд амали хиёнаткоронаи наҳзатиҳоро пешгирӣ кунанд ва он ҷинояткоронро саркуб намоянд.
Дар натиҷа, ташкилоти мазкур мамнуъ ва террористӣ эълон гардида, роҳбарону масъулони он тибқи қонун, боадолатона ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Дар ҳоле, ки тамоми режимҳои исломи сиёсӣ ва созмонҳои ифротии мазҳабӣ душманони сиёсии худро ба дор меовезанду сангсор мекунанд ва ба дигар ҷазоҳои сангин гирифтор месозанд. Ин таҷрибаҳои талху маргборро мо дар тӯли таърих аз калламанораҳои Қутайба Ибни Муслим, Темури Ланг, Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ҷаллодони Бухорои амирӣ, куштани ваҳшатноки Фархунда дар Афғонистон, ҷиноятҳои хонумонсӯз ва каллабуриҳо дар Сурия аз тарафи ДИИШ, “Ансоруллоҳ”, “Ҷабҳат-ан-нусра” медонем. Аниқ аст, то замоне, ки даст аз сиёсикунонии дину мазҳабҳо бардошта нашавад, чунин ваҳшонияту беадолатиҳо идома хоҳанд ёфт.
Мутаассифона, таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки аз ҷониби исломи сиёсӣ ва терроризму ифротгароии динӣ дар симои ташкилоти террористии наҳзатӣ сар зада буд, дар Сурия такрор ёфт. Агар ба вазъияти чанд соли охири Сурия хубтар таваҷҷуҳ намоем, дарк мекунем, ки як монандие бо вазъияти солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон дорад. Дар Сурия низ соли 2014 аз ҷониби неруҳои манфиатхоҳи хориҷӣ чунин нақшаи тахрибкорона ва миллатсӯзи мисли ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бо номи “озодиву демократия” роҳандозӣ шуда, хостанд, ки бо воситаи ташкилотҳои террористию ифротии динӣ ҳукумати қонуниро сарнагун созанд ва паҳнои фитна, тарсафканӣ ва ҷинояткориро дар он кишвар тавсеа бахшанд. Дар натиҷаи чунин амали гаразнок дар як муддати кӯтоҳ Сурияи гулгулшукуфон хароб гардида, ҳазорон шаҳрванди он кушта ва бехонумон гардиданд. Хушбахтона, аксарияти аҳолии Сурия, ки огоҳии дуруст доранд, то ҳануз бар зидди ташкилоту созмонҳои террористию ифротӣ мубориза мебаранд, то ватани худро озоду дубора обод созанд. Боиси таассуф аст, ки як идда шаҳрвандони ифротиву мазҳабзадаи Тоҷикистон низ дар сафи ташкилотҳои террористӣ дар он кишвар фаъолият доштанд.
Наҳзатиҳо аз аввали фаъолияти худ дар солҳои навадум бо идеологияи ҳаракати экстремистии “Ихвон-ул-муслимин” мусаллаҳ гардида, мехостанд сохти конститутсионӣ ва дунявиятро аз байн бурда теократия ва давлати исломӣ бунёд кунанд. Бо ин мақсад таблиғоти ифротӣ мебурданд ва ҷанги дохилиро роҳандозӣ карда буданд. Онҳо бо вуҷуди шикаст хӯрдан, то ҳанӯз аз ин нияти худ даст накашидаанд. Мавҷудияти шумораи зиёди пайравони ҳаракати экстремистии “Ихвон-ул-муслимин” дар кишвар, ки чанде аз онҳо аз тарафи мақомоти дахлдор боздошт шудаанд, исботи ин гуфтаҳост. Бояд таъкид кард, ки пайравони ақидаи ихвониҳо дар кишвари мо, дар асл ҳамон наҳзатиҳоянд. Гуфтан мумкин аст, ки ташкилоти террористии наҳзатӣ як бахши ҳаракати экстремистии “Ихвон-ул-муслимин” мебошад.
Аммо, мардуми тоҷик бояд дигар фиреби чунин идеологияҳои мардумхор ва зиддимиллиро нахӯрад. Зеро мо ҳазорҳо чунин таҷрибаҳои талху нобудкунандаи миллатро дидем ва бештар дар баробари чунин истибдодҳо бетарафию таҳаммулпазирии золимонро тоқат кардаем. Ҷавонони тоҷик бояд бештар ба илму дониш рӯ биёранд, то фирефтаи доми ташкилотҳои террористию ифротӣ, ба монанди ташкилоти наҳзатӣ нагарданд.

Кайхусрави СУБҲОНЗОД,
ходими калони илмии АИ ҶТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: