Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар Германия ба омӯзиши забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад

Дар Германия ба омӯзиши забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад

17-02-2020, 16:03
Хабарро хонданд: 322 нафар
Назарҳо: 0
Дар Германия ба омӯзиши забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад
Дар Германия ба омӯзиши забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Ин матлаб 14 феврал зимни мулоқоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Тоҷикистон Андреас Протманн баён гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот Муҳаммадюсуф Имомзода ва Андреас Протманн аз ҳамкории ҷойдошта дар соҳаи маориф ва илм ибрози назар намуда, аз ҷумла зикр карданд, ки ҳамкории Тоҷикистону Германия дар асоси Протоколи ҳамасолаи гуфтушунидҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории молиявӣ ва техникӣ ва барномаҳое, ки аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Германия (GIZ) дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд, ба роҳ монда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар 4 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон таълими забони немисӣ ба роҳ монда шуда, наздик ба 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Германия таҳсил менамоянд.

Андреас Протманн зикр кард, ки дар Германия ба омӯзиши забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуда, донишҷӯёни германӣ дар лагерҳои тобистона забони тоҷикиро меомӯзанд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд дар самти зиёд намудани теъдоди бурсияҳо, табодули таҷрибаи ҳайати омӯзгорону профессорон, омӯзиши таҷрибаи якдигар дар самти таҳсилоти томактабӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва баргузор кардани чорабиниҳои муштарак ҳамкориро вусъат мебахшанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: