Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим Гаук

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим Гаук

3-10-2015, 20:30
Хабарро хонданд: 355 нафар
Назарҳо: 0
Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим ГаукПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Йоахим Гаук барқияи табрикӣ ирсол дошт, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
25-мин солгарди Иди миллии кишвари дӯст – Рӯзи Ваҳдати Германия имконеро фароҳам сохтааст, то Ҷаноби Олӣ ва мардуми Ҷумҳурии Федеративии Германияро ба ин муносибати таърихӣ табрику таҳният гӯям.
Дастовардҳои назарраси кишваратон мӯҷиби ба таври бесобиқа боло рафтани обруву нуфузи Ҷумҳурии Федеративӣ дар арсаи байналмилалӣ гаштааст, ки ин боиси хурсандии мо мебошад.
Тоҷикистон Германияро яке аз ҳамшарикони муҳимми худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва мо омодаем, ки ҷиҳати бо иқдомҳои мушаххас ғанӣ гардондани мазмуну мундариҷаи ҳамкориҳои худ бо кишвари Шумо тамоми чораҳои заруриро андешем. Изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг, ва амнияту мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳои муосир дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариши пайгир хоҳанд ёфт.
Бо ибрози табрику таҳнияти муҷаддад ба ҷаноби Президент, сиҳатии комил ва комёбиву пирӯзиҳои нав ба нав орзумандам. Ба халқи дӯсти Германия сулҳу субот ва рушду пешрафт таманно дорам».
©prezident.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: