Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Чин: Воҳима накунед!

Чин: Воҳима накунед!

13-02-2020, 12:17
Хабарро хонданд: 393 нафар
Назарҳо: 0
Чин: Воҳима накунед!
«Чин дар мавриди паҳншавии коронавирус муносибати кушода ва масъулонаро пеш гирифта, ҳамаи маълумотро зуд бо кишварҳо ва созмонҳо мубодила мекунад»,- гуфт сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии ҶХХ Хуа Чунюн.
Ин дипломатии чинӣ 6 феврал дар нишаст ба хабарнигорон афзуд:
«Баъзе расонаҳо шубҳа доранд, ки мақомоти Чин омори дақиқро дар бораи шумораи қурбониён ва сироятшудагон пешниҳод мекунад, ҳол он ки чунин нест».
Ин баёния пас аз он нашр шуд, ки як коршиноси ТУТ Ҷон Макензи Пекинро дар он айбдор кард, ки аз вазъияти Вуҳан ба дараҷаи лозим иттилоъ дода намешавад.
Дипломати чинӣ афзуд, ки «Мо диққати шуморо ба баъзе овозаву дурӯғҳо дар атрофи вазъ равона мекунем, ки ин аз худи вирус бадтар аст. Шумо эҳтимолан эътибор додаед, ки директори генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ чанде пеш хоҳиш кард, ки ҳамаи тарафҳо ба овозаҳо бовар накунанд ва худ аз паҳн шудани хабарҳои бардурӯғ худдорӣ намоянд».
ӯ таъкид кард: «Дар баъзе кишварҳо, мақомоти дахлдори давлатӣ ҳам, акнун кӯшиш мекунанд, то шахсонеро, ки овозаҳо мебофанд ва паҳн мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашанд».
Чунюн изҳор дошт, ки Кумитаи давлатии тандурустии ҶХХ ва кумитаи тандурустии шаҳри Вуҳан ҳамарӯза брифингҳо мегузаронанд ва ҳама маълумоти дахлдорро пешниҳод мекунанд.
«Муносибати масъулиятноки Чин дар мавриди ин масъала ошкор ва шаффоф буда, давлат чораҳои қатъӣ ва ҷиддӣ дар мубориза бар зидди паҳншавии ин беморӣ дида, тадбирҳои муассир ба иҷро мерасонад», - тавзеҳ дод ӯ.
Дар охирҳои декабри соли гузашта мақомоти Чин дар бораи хурӯҷи бемории коронавирус дар шаҳри Вуҳани музофоти Ҳубей хабар дода, онро зукоми пневмонии номаълум номиданд.
Омили ин беморӣ, як намуди нави коронавирус - 2019-nCoV дониста шуд.
Тибқи охирин маълумот, шумораи бемориҳо дар саросари ҷаҳон аз 28 ҳазор бемор зиёд буда, 563 нафар ҷон додаанд. Вазъи аз ҳама мушкил дар Чин пеш омада, аммо вирус ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия, ворид шудааст.
Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ин саратонро ҳамчун як ҳолати фавқулоддаи ташвишовари байналмилалӣ эътироф кардааст.
Мутахассисон мегӯянд, ин беморӣ тавассути заррачаҳои ҳаво, Чин: Воҳима накунед! инчунин, дар сурати ифлос будани дастҳо ба чашм мегузарад. Дар байни нишонаҳои асосӣ сулфаи хушк, дамкӯтаҳӣ, нафасгир шудан, табларз ва заъфи бадан аст. Дар баъзе ҳолатҳо, ин беморӣ бо сулфаи хушк ва ҳарорати паст ҳамроҳ буда, ҳатто бо нишонаҳои андак ҳам метавонад ба дигарон сироят кунад.
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз манбаъҳои хабарӣ навиштаанд, ки вируси дар ҳоли авҷ дар Вуҳан як бемории маъмулӣ буда, дар гузашта низ ҷаҳон ба эпидемияҳои мушобеҳи он рӯ ба рӯ омадааст. Онҳое, ки чунин мавзеъгирӣ доранд, аз пневмонияи соли 2015 ёдовар мешаванд, ки боиси марги садҳо ҳазор нафар дар ҷаҳон шуд.
Бино ба иттилооти нашргардида, он вақт дар Бразилия – 77311, Олмон – 20173, Япония - 120953, Россия- 34710, ИМА-51811 мубталоён бар асари ин беморӣ фавтида буданд. Таҳлилгарон мегӯянд, бо гузашти ҳамагӣ чанд сол касе дар бораи эпидемияи пневмония дар соли 2015 чизе намедонад.
Дар робита ба бемории нав, баъзеҳо онро як иқдоми аз пеш тарҳрезишуда барои расидан ба мақсадҳои иқтисодиву тиҷоратӣ медонанд.
Ба гуфтаи мақомоти Чин, то 10 феврал шумораи гирифторони вирус дар кишвар ба беш аз 39 ҳазор нафар расида, 904 нафар фавтида, 3281 нафар шифо ёфтаанд.
Ю.СОЛЕҲ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: