Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Бонуе, ки рисолаташ созандагист

Бонуе, ки рисолаташ созандагист

13-02-2020, 12:04
Хабарро хонданд: 457 нафар
Назарҳо: 0
Бонуе, ки рисолаташ созандагист
Уроқова Сурайё Дӯстмуродовна, 27 марти соли 1973 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мебошад.
Дар оилаи олими маъруф, доктори илмҳои иқтисод, профессор, академики Академияи илмҳои иқтисодии Аврупо ва Осиё Дӯстмурод Уроқов тарбият ёфтаву ба камол расидааст.
Соли 1980 дар мактаби миёнаи №25-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба таҳсил фаро гирифта шуда, соли 1989 таҳсилро дар мактаби №3 Ҷамоати деҳоти Ҳисори деҳаи Ҳисор давом дода, соли 1990 онро бо медали нуқра хатм кардааст. Ҳамон сол ба факултаи ҳуқуқшиносии ДДМТ, ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1995 онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Баъд аз хатми донишгоҳ, аз соли 1995 то 1997 дар корпоратсияи “Хуросон”-и ноҳияи Ҳисор (ҳоло шаҳри Ҳисор) ҳамчун ҳуқуқшинос фаъолият карда, соли 1997 бо тариқи гузариш ба идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи нотариуси давлатӣ ба кор омада, то соли 2005 фаъолият кардааст.
Соли 2006 ширкати ҶДММ “Риэл-Д”-ро таъсис дода, ба фаъолияти соҳибкорӣ шурӯъ намуд. Соли 2015 номи ширкат ба ҶДММ “Гурӯҳи Самимӣ Констракшн” иваз карда шуд.
Аз соли 2006 инҷониб, дар вазифаи директори кулли “Гурӯҳи Самимӣ Констракшн” фаъолият дорад.
Оиладор, соҳиби се фарзанд аст.
Дар замони фаъолияти кории давлатӣ ва соҳибкорӣ ба ҷумҳуриҳои Қазоқистон, ӯзбекистон, Русия, давлатҳои Малайзия, Ҳиндустон сафарҳои корӣ дошт.
Солҳои 2010-2015 вакили маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз соли 2015 то ҳоло вакили маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе мебошад.
Аз соли 2006 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст.
Солҳои 2015-2020 бошад аъзои КИМ ҲХДТ мебошад.
Аз бонувони муваффақи кишвар буда, дар рушду тараққиёти кишвар саҳми назарраси худро гузоштааст. Ҳам ба ҳайси ҳуқуқшинос барои ҳалли мушкилоти ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар фаъолият намуда, баъдан, бо ивази фаъолияти кориаш дар ободу зебо гардонидани маҳалҳои гуногуни пойтахти кишвар ва берун аз он хидмат кардааст. Ширкати сохтмоние, ки роҳбариашро Сурайё Дӯстмуродовна ба зиммаи хеш дорад-“Гурӯҳи Самимӣ Констракшн” дар шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ биноҳои замонавии хуштарҳи таъйиноташон гуногунро сохта ба истифода дода, ҳамчунин, барои садҳо нафар сокинони кишвар ҷойи кор муҳайё кардааст:
-Агар мо қадамҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли сиёсӣ ва рӯйи кор омадани давлати миллиамонро ба ёд оварем, мебинем, ки он чи шебу фароз ва душвориҳоро аз сар гузаронида буд. Алалхусус, бо оѓоз шудани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки мутаассифона қурбониҳои зиёд ба бор дошт ва фоҷиаи миллии мо буд, тамоми соҳаҳои кишвар дар ҳолати фалаҷ будан қарор доштанд. Мардумро қариб боварӣ ба рӯзи фардо намонда буд, ҳар кас пайи ҷустуҷӯи ризқи имрӯзаи хеш ва пайвандонаш, зиёда аз ин, ҳифзи ҷонаш мубориза мебурд.
Тоҷикистони тозаистиқлол рӯ ба рӯи мушкилоти зиёд меистод. Аз як тараф, ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо ѓарази гурӯҳҳои муайяни иртиҷоӣ сар зада буд, аз дигар тараф эҳё ва бунёди тамоми риштаҳои давлатдорӣ пешорӯи роҳбарияти кишвар вазифаи сангинеро вогузошта буд. Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки таърихиву тақдирсоз буд, ба сарварии кишвари ҷафокашида мардеро овард, ки рисолаташ эҳёи давлати навини тоҷик ва пиёда сохтани орзуву омоли истиқлолхоҳии мардум буд. Ва ин абармарди сиёсат, Сарвари дурандешу хирадманд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ин хоставу омолҳоро амалӣ намуд. Ба мо аз кишварҳои пасошӯравӣ аз мероси давлати пурқудрат ҳангоми тақсимот артиш ҳам нарасид, ки баъдан онро мо ягона аз ин ҷумҳуриҳои собиқ аз сифр бунёд кардем. Қисми зиёди корхонаҳои истеҳсолӣ вайрону тороҷ шуда, бисёр таҷҳизоти нодир берун аз кишвар бурда шуданд.
Мо ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, бо вуҷуди идома доштани ҷанги таҳмилӣ, айни замон давлат месохтем, низоми ҳуқуқӣ-қонунгузории нав эҷод мекардем, хуллас, аз худ дарак медодем, то ҷаҳон моро шиносад.
Сурайё Уроқова мегӯяд, ин дастовардҳо, ҳамчунин, такя ба барномаву стратегияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба даст омадаанд ва ин ҳизби пурнуфузтарин ва дар ҳақиқат мардумӣ ҳамеша дар роҳандозӣ кардани сиёсати созанда даст ба дасти Ҳукумату давлати Тоҷикистон буд:
- Таҷрибаи Тоҷикистон, кишваре, ки ба тозагӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки зиёда аз 5 сол давом дошт, раҳо шуд, ки хисороти зиёди ҷониву молӣ аз худ мерос монда буд, дар сулҳофаринӣ, ваҳдат ва рушду тараққиёт дар арсаи ҷаҳонӣ нодир аст. Нест қариб кишваре дар дунё, ки тавонист дар муддати аз нигоҳи таърихӣ кӯтоҳ баъд аз фоҷиа ва мушкилоти бузург ба чунин комёбиҳо даст ёбад. Ваҳдати миллӣ ба ҷумҳурӣ сулҳу субот овард, барои рушди устувори кишвар заминаи қавӣ гузошт, ба тамоми соҳаҳо умри дубора бахшид, мардумро ба оянда некбин кард. Дар ин муддат, садҳо корхонаҳои бузургу миёна, мактабу табобатгоҳ ва осоишгоҳҳои замонавӣ, иншооти варзишӣ, биноҳои истиқоматӣ, нақбҳое, ки манотиқи кишварро бо таври пуррамавсимӣ ба ҳам пайвастанд, садҳо километр роҳ ва пулҳои ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ва дигар иншооти ҳаётан зарур сохта, ба истифода дода шуданд. Ин натиҷаи сиёсати дуруст ва хирадмандонаи раҳбарияти кишвар, алалхусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Албатта, дар ин росто саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо роҳбарии садри аъзами хеш, Сарвари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо таърихи чаҳорякасрааш низ хеле бузург аст. Дар амалӣ намудани ин корҳои бузург дар самти рушду тараққиёти кишвар стратегияву барномаҳои ҳизбӣ нақши муассир доранд. Ман ифтихорманд аз он ҳастам, ки аз ҷониби ин ҳизби дар ҳақиқат мардумӣ ва маҳбуби қисми ѓолиби сокинони кишвар номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам ва дар сурати ба сифати намояндаи мардумӣ шудан тамоми кӯшишу ѓайрат ва малакаамро барои пиёда сохтани ин барномаҳои созанда ва дастгирӣ намудани интихобкунандагон равона хоҳам сохт,-гуфт дар анҷоми суҳбат Сурайё Уроқова.
Азамат Дӯстов









Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: