DataLife Engine > Точикистон, Сиёсати хоричи > Ҳамватанонро аз Ухани Чин ба ватан баргардонданд

Ҳамватанонро аз Ухани Чин ба ватан баргардонданд


11-02-2020, 16:52. Разместил: orifi  Ҳамватанонро аз Ухани Чин ба ватан баргардонданд
10 феврали 2020 дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба шаҳри Ухани Чин парвоз кард.
Кормандони соҳаи тиб ва мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон низ бо ҳавопаймои мазкур озими шаҳри Ухан шуданд-омадааст дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ.
Бино ба маълумоти Сафорати кишвари мо дар Пекин, то 9 феврали 2020 дар шаҳри Ухан, устони Хубэй 54 нафар шаҳрванди мо қарор дошта, ҳамаи онҳо ба Тоҷикистон баргардонида хоҳанд шуд.
Ҳавопайои мазкур инчунин ҳомили бори башардӯстона иборат аз лавозимоти тиббӣ аст, ки дар Ухан аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷониби чинӣ супорида хоҳад шуд.
Сафорат ҳолати паҳн шудани коронавирус дар Чинро пайваста пайгирӣ намуда, мусоидати заруриро ба шаҳрвандон мерасонад.
Вернуться назад