Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » КОРОНАВИРУС: дар ҷаҳон ҳолати фавқулода эълон карда шуд

КОРОНАВИРУС: дар ҷаҳон ҳолати фавқулода эълон карда шуд

1-02-2020, 09:34
Хабарро хонданд: 446 нафар
Назарҳо: 0
КОРОНАВИРУС: дар ҷаҳон ҳолати фавқулода эълон карда шудСозмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) паҳншавии коронавируси навро дар соҳаи тандурустии ҷамъиятии дорои аҳамияти байналмилалӣ ҳолати фавқулода эътироф кард. Дар ин хусус дирӯз, 30 январ дар ҷаласаи кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ин созмон қарор қабул карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи СУТ.

«Ман бо сабаби авҷгирии глобалии коронавирус ҳолати фавқулодаи байналмилалӣ эълон мекунам», — изҳор доштааст директори генералии СУТ Тедрос Адханом Гебрейесус дар Twitter.

Вай шарҳ дод, ки сабаби асосии ин тасмим на танҳо паҳншавии вирус дар Чин, балки ба қайд гирифта шудани он дар дигар кишварҳо низ ҳаст. СУТ, пеш аз ҳама, аз эҳтимолияти паҳн шудани вирус дар кишварҳое, ки низоми тандурустиашон суст рушд мекунад, изҳори нигаронӣ мекунад.

Тибқи маълумоти директори генералии СУТ, 7834 ҳолати сирояти 2019-nCoV тасдиқ карда шудааст, ки 7736 нафари онҳо дар Чин мебошанд. Ин тақрибан 99%-и ҳамаи ҳолатҳои бақайдгирифташуда дар тамоми ҷаҳонро ташкил медиҳад, — илова намуд Гебрейесус. Зиёда аз 170 нафар қурбони вирус гаштаанд ва ҳамаи фавтидаҳо дар Чин ба қайд гирифта шудаанд.

Директори генералии СУТ кӯшишҳои Чинро дар самти пешгирии паҳншавии ин беморӣ назаррас арзёбӣ намуд. Ӯ зикр намуд, ки Пекин дар мубодилаи маълумот оид ба вирус бо СУТ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шаффофияти бештар нишон медиҳад. Ба назари ҷаноби Гебрейесус, «агар амалҳои саривақтии Чин намебуданд, дар ҷаҳон ҳодисаҳои беморӣ ва марг аз коронавирус бештар мегардиданд».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: