Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати ҷашни Сада

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати ҷашни Сада

26-01-2020, 10:00
Хабарро хонданд: 483 нафар
Назарҳо: 0
Паёми шодбошии  Пешвои миллат ба муносибати ҷашни Сада
Ҳамватанони азиз!

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми куҳанбунёди тоҷик имкони таърихие фароҳам овард, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро дар шаклу муҳтавои наву замонавӣ эҳё ва таҷлил намоянд.

Ҷашнҳои аҷдоди ориёии мо, ба монанди Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон бозтоби пайванди инсону табиат, ойинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ, инчунин, ҳунармандӣ буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ моҳият ва муҳтавои онҳо мебошанд.

Ин ҷашнҳои бостонӣ ба чаҳор фасли сол рост омада, гиромидошти унсурҳои муайянитабиат дар маркази ҳар яке аз онҳо қарор дорад.

Яъне мардуми мо аз замонҳои бисёр қадим дар ҳар фасли сол ҷашну ойинҳои хос доштаанд.

Гузаштагони мо барои талқини заҳматдӯстӣ, рушди кишоварзӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати одамон ин ойинҳоро таҷлил карда, умеду орзу ва нияту ҳадафҳои худро дар доираи онҳо ифода мекарданд.

Сада дар саргаҳи ин ҷашнҳои миллӣқарор дошта, он пеш аз ҳама, кишоварзонро аз оғози омодагӣ ба кишту кор, яъне тайёрӣ ба баҳор хабар медиҳад.

Ин ҷашни бостонӣ фардо фаро мерасад, ки ба ин муносибат, ҳамаи ҳамватанони азизро табрик гуфта, барояшон саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.

Ҷашни Сада ҳамчун рамзи хуррамиву ободӣ, тандурустивушодкомӣ ва дуркунандаи зиштиву нопокӣ аҳаммияти баланди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад.

Ба нақли ҳаким Фирдавсӣҷашни Садаро бори нахуст шоҳҲушанг ба муносибати кашф шудани оташ барпо кардааст.

Тибқи тақвимҳои халқии тоҷикӣҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон, ки авҷи сардии табиат аст, рост меояд.

Баробари ба поён расидани он аҷдоди мо шодиву хурсандӣ карда, ба истиқболи Наврӯз омодагӣ медиданд.

Онҳо якдигарро бо фарорасии ин ҷашн табрик гуфта, хони зебо меоростанд ва орзу мекарданд, ки аз баракати он ба диёрашон фасли бобарору фаровонӣқадам гузорад, сардӣ дур шуда, гармиву серобӣ фаро расад.

Ҷашни Сада дар тӯли таърих борҳо ба мухолифати мутаассибон дучор шуда, нисбат ба Наврӯзу Меҳргон як андоза камранг доир мегардид.

Танҳо ба шарофати озодиву истиқлоли давлатӣ мо онро эҳё кардем ва соли панҷум аст, ки дар кишвари мо ин ойини мардумӣҷашн гирифта мешавад ва дар рӯзҳои баргузории он намоиши ниҳолҳо, меваю сабзавот, навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ ва таҷҳизоту техникаи кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, маҳсули заҳмати деҳқонону ҳунармандон ба маърази диққати мардум гузошта мешавад.

Ҳамзамон бо ин, бозиҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ доир мегарданд.

Ин маъракаи воқеан халқӣ моро водор месозад, ки омодагиро ба фасли баҳор оғоз намоем, ҷӯю заҳбурҳоро тоза кунем, ниҳолҳои мевадору ороишӣ шинонем ва тухмии серҳосил интихоб кунем.

Дар баробари ин, аз корҳои кишоварзии соли гузашта натиҷагирӣ карда, аз ҳозир барои рӯёнидани ҳосили фаровон ва боз ҳам беҳтар гардонидани таъминоти сокинони кишвар бо маҳсулоти озуқа замина гузорем.

Бовар дорам, ки эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамиву хушбахтӣ хоҳад овард.

Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар кулли мардуми шарифи кишварро бо фарорасии ҷашни бостонии Сада самимона табрику муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар як фарди Ватани азизамон сулҳу сафо, файзу баракат ва бахту иқболи баланд орзу менамоям.

Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: