Бо мардум ва ҳамқадами замон23-01-2020, 11:30
Хабарро хонданд: 536 нафар
Назарҳо: 0
Дар Конференсияи 26-уми ҲХДТ дар ноҳияи Ашт зимни баррасии масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Ашт № 17 раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб Баҳриддин Зиёӣ ҳамчун номзад якдилона тарафдорӣ гардид.
Чанде аз иштирокчиёни конференсия вақти муаррифӣ дар тавсифи шахсияти Зиёӣ сухан карда, ӯро номзади арзанда донистанд. Номбурда пас аз эълони шумораи овозҳо баён дошт, ки дар сурати вакил интихоб шудан, бо истифода аз неруи зеҳнӣ ва таҷрибаи андӯхтааш ба халқу Ватан содиқонаву софдилона хизмат мекунад. Ашт аз ноҳияҳои вилояти Суғд буда, ҳамсарҳад бо вилоятҳои Тошканд, Намангон ва Фарғонаи ӯзбекистон аст, ки тақрибан160 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Ба он шаҳраки Шайдон (маркази ноҳия), ҷамоатҳои деҳоти Ашт, Ифтихор, Меҳробод, Ориён, Ошоб, Понғоз, Пунук ва Шодоба шомил мешаванд. Дар суҳбате, ки бо сарвари ҳизбиёни ноҳияи Ашт доштем, ибтидо аз эҳсосоташ дар бораи ин рӯйдоди муҳим пурсидам ва ӯ гуфт:- Ҳар интихобот, аз ҷумла интихоботи навбатӣ ба парламент ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, албатта, ба таҳкими давлатдории миллӣ ва аркони он, ноил гардидан ба пешрафтҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, тақвияти асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард мусоидат мекунад. Ман дарк мекунам, ки инмаъракаи муҳими сиёсӣ ҳамон вақт аз ҷониби мардум эътироф мегардад, ки агар он озод, демократӣ ва шаффоф гузарад. Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ кӯшиш хоҳанд кард, ки дар рафти тайёрӣ ва иҷрои корҳои таблиғотӣ меъёрҳои зикршуда риоя гарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки номзадҳои ҳизби мо ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон орзую ормони халқро асоси барномаи амали худ қарор дода, заминаи сулҳу суботро, ки омили пойдорӣ ва устувории давлат ба ҳисоб мераванд, таҳким мебахшанд. - Кумитаи иҷроия дар кадом самтҳо бештар фаъолият мекунад? Яке аз самтҳои кори ташкилотҳои ҳизбии ноҳияи Ашт тарғиби Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣбуда, дар ин замина, силсилавохӯриҳо доир шуданд. Дар давоми соли 2019 вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ Солеҳзода Ашурбой, кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва фаъолони ҳизб бо иштироки зиёда аз 15000 нафар сокинон доир шуд. - Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз омилҳои суботу тавсиа дониста мешавад. Дар ин замина, чӣ корҳое ба иҷро расидааст? - Кор бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ғайрисиёсию ғайридавлатӣ ва ҷамъиятҳои динию фарҳангӣ иборат мебошад, яке аз самтҳои фаъолияти ҳизбиён аст. ҲХДТ ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлат ҳамеша ҷиҳати боло бурдани сатҳи фарҳанги сиёсии онҳо мусоидат намуда, ҳамкориҳои доимиву густурдаро бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ мондааст, ҷиҳати тақвияти масъулияти онҳо дар ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарра ва ҳалталаби ҷомеа, ки иҷрои саривақтии худро тақозо доранд, талош менамояд. Дар ин робита, яке азбахшҳои фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ масъалаи ташкили интизоми дохилиҳизбӣ ва қабули босифати узвият ба сафи ҲХДТ дар ноҳия маҳсуб меёбад. Мо давоми сол ба қабули сифатноки аъзои нав диққати ҳамаҷониба дода, сафи ҳизбро аз ҳисоби кормандони ташкилоту муассисаҳо, махсусан кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, занону ҷавонони лаёқатманд ва дониши баланди мафкуравидошта зиёд кардем.Дар соли 2019 дар натиҷаи корбарӣ ба сафи ҳизб 913 нафар шахсони санҷидашуда қабул гардида, ҳоло дар қайди Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб беш аз 10550 нафар аъзои ҳизб меистад. ҲХДТ сиёсати ҳамкории васеъ бо ҷавононро, яке аз самтҳоиасосиимарҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ медонад. Дар ин замина, мақомоти иҷроияи ноҳия фаъолияти худро тавсеа бахшида, дар роҳирасиданбаинҳадаф барои ҳарчибеҳтаргардониданишароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсилвакоруфаъолиятиҷавонон тадбирҳо меандешад. То дар зеҳнушууринаслинаврасваҷавонон ҳиссибаландимиллӣ, эҳсоси гарми худшиносивуватандӯстӣ, ахлоқиҳамида, эҳтиромипадару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнат дӯстӣ ва риояи волоияти қонун тарбия ёбад. -Тавре ёдовар шудам, Ашт яке аз ноҳияҳои ҳаммарз бо ӯзбекистон аст. Дар бораи беҳбуд ёфтани робитаҳо дар минтақаҳои марзӣ ҳар гоҳ хабарҳои хубе мешунавем... - Тобистони соли 2018 дар арафаи сафари расмии Президенти ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҷумҳурии мо 16 гузаргоҳ кушода шуд, ки яке аз онҳо дар марзи Ашт бо Қӯқанди ӯзбекистон мебошад. Дар пайи боз шудани ин гузаргоҳ рафтуомади сокинони ду кишвар зиёд шуд. Аз 19 октябри соли гузашта хатсайри нави автобус аз шаҳри Қӯқанди ӯзбекистон ба шаҳрчаи Шайдон, маркази ноҳияи Ашт боз шуд, ки барои тавсиаи муносибатҳои ҳамсоядорӣ мусоидат мекунад. Лозим ба ёдоварист, ки масофаи роҳ байни ин ду шаҳр қариб 85 километр буда, барои ҳаракати ҳар навъи нақлиёт муносиб аст. Пас аз боз шудани сарҳад шумораи табобатгирандагони осоишгоҳи тобистонаи “Оксукон”- и Ашт ҳам аз ҳисоби сокинони ин кишвари ҳамсоя зиёд гардид. Рафтуомади сокинон дар маҳалҳои ҳаммарз ҳам афзуд. Бовар дорам, ин таҳаввулу тағйирот ба иҷрои барномаҳои мо дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021), ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон эълон шудааст, низ мусоидат хоҳад кард. Ҷиҳати самарабахш гузаронидани ин давра,мо иқдомоти дигареро низ ба иҷро мерасонем. Аз ҷумла,дар деҳаҳои дурдасти ноҳия деҳаҳои Мулломир ва Кулихоҷаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон, Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳробод, деҳаҳои Пискокат ва Оби Ашти Ҷамоати деҳоти Ашт, деҳаҳои Пунук ва Навбунёди ҷамоати деҳоти Пунук мулоқоти масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор ва дар мавриди ҳифзи урфу анъанаҳои мардумӣ ва ривоҷ додани ҳунарҳои халқӣ суҳбатҳо шуд. Ҳоло Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҷидду ҷаҳд ва кӯшиши худро баҳри он равона кардааст, ки барои дар сатҳи баланди сиёсӣ гузаштани интихобот ва иқдомоти дигари пешбинигардида аз тамоми воситаву имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад. Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.